(Идома аз шумораи гузашта)
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа — «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дода мешавад.
Насим ОЛИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бемории сил ба гурӯҳи бемориҳои сироятӣ дохил гардида, сари вақт дарёфту ба табобат фаро нагирифтани беморон, на танҳо сабаби маъюбӣ ва дар ҳолатҳои алоҳида боиси фавт мегардад, балки ҳамчун мушкилоти тиббию иҷтимоӣ мавриди нигаронии ҷомеа қарор мегирад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат масъалаи мубориза бар зиддии бемории силро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор додаааст. Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Парлумони мамлакат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими бунёдӣ тасдиқ гардиданд, ки заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолиятро дар ин самт танзим менамоянд.
Ҳанӯз, соли 1996 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нахустини миллии мубориза бар зидди бемории силро барои панҷ сол қабул намуд. Бинобар зарурати пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт соли 2002 Барномаи дуюми панҷсола ва соли 2009 Барномаи навбатии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» тасдиқ шуд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро барои солҳои 2015-2020 таҳия намуда, бо қарори ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои сил, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва вараҷа аз 18 июли соли 2014 №27 тасдиқ кард ва амалинамоии он аз аввали соли 2016 оғоз гардид. Бо мақсади татбиқи босамари Нақшаи миллии стратегии мазкур, айни ҳол, дар самти ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон, лоиҳа бо механизми нави маблағгузорӣ мавриди амалисозӣ қарор дорад. Он 14 декабри соли 2015 дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи глобалӣ ба имзо расид.
Ҳадафи асосии лоиҳа ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва паст намудани паҳншавии он бо роҳи таъмин намудани дастрасии ҳамаҷонибаи аҳолӣ дар самти ташхису табобати саривақтӣ ва босифат аст, ки аз чорабиниҳои зерин иборат мебошад:
1. Таъмин намудани дастрасии ҳаматарафаи аҳолӣ барои бармаҳал ва босифат ташхис ва табобат намудани ҳама намуди бемории сил.
2. Таъмин намудани дастрасии табобати бевоситаи ба бемор нигаронидашуда аз ҳама намуди бемории сил.
3. Таъмин намудани табобати босифат ва саривақтӣ барои беморони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (беморони ҳамрадифи сил ва ВНМО, маҳбусон ва дигарон).
4. Пурзӯр намудани пешгирии паҳншавӣ (эпидемия)-и бемории сил бо роҳи ҷалби ҷомеа ҷиҳати гузаронидани корҳои маърифатӣ.
5. Беҳтар намудани идоракунии Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020 ва баланд бардоштани сифати системаи тандурустӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил.
Маблағи пешбинигардидаи лоиҳа 4 миллиону 666 ҳазору 695 доллари ИМА мебошад, аз ҷумла:
- барои харидории таҷҳизоти ташхисӣ ва дигар таҷҳизот – 1 592 525 доллари ИМА;
- барои харидории маводи ташхисӣ – 1 613 656 доллари ИМА;
- барои омӯзиши мутахассисон, аз ҷумла дар хориҷи кишвар – 863 338 доллари ИМА;
- дигар хароҷоти вобаста ба татбиқи лоиҳа – 597 196 доллари ИМА.
Бояд қайд кард, ки сармояҳои Хазинаи глобалӣ 13 сол аз ҷониби шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегардиданд.
Лоиҳаи мазкур аввалин таҷрибаи амалисозии маблағгузории Хазинаи глобалӣ аз ҷониби муассисаи давлатӣ мебошад. Бо назардошти ин, аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳишмандем барои тасдиқи Созишномаи мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Гулбаҳор Ашурова дода мешавад.
Гулбаҳор АШУРОВА: - Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Ба баррасии шумо Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», ки 14 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз пешниҳоди Созишномаи грантӣ ин пешгирии бемории сил, аз ҷумла мусоидат дар татбиқи идоракунӣ ва мониторинги хизматрасониҳо вобаста ба бемории сил мебошад, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар табобат ва таъмини доруворӣ мусоидат менамояд.
Қабулкунандаи асосӣ «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» мебошад.Татбиқи лоиҳаи мазкур аз 1 январи соли 2016 оғоз ёфта, то 31 марти соли 2018 идома меёбад.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №807 аз 16 августи соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда Созишномаи мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул 23 августи соли 2016 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ Созишномаи грантии мазкурро баррасӣ намуда, онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ ва барои қабули он овоз диҳед.
Дар муҳокимаи масъалаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагон Мусаллам Қодирова, Ҷаббор Ахмедов, Рустам Латифзода ва Ҷамшед Муртазоқулов иштирок намуда, роҷеъ ба мушкилоти мавҷуда вобаста ба табобати бемории сил, бо вуҷуди кафолати давлатии табобати беморони сил аз ин гуна шахсон рӯёнидани маблағ ва масъалаҳои дигар изҳори андеша намуда, хостори ҳалли онҳо шуданд.
РАИС: — Воқеан ҳам масъалаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва табобати беморони мубталои ин беморӣ дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст. Ҳолати имрӯза тақозо менамояд, ки бо ин беморӣ дар ҳама сатҳ – аз деҳа сар карда, то вилоят ва марказ мубориза бурда шавад ва бо назардошти кафолати давлатии табобати ройгони мубталоёни ин беморӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад. На ҳар бемори имрӯза имкони пардохти дорувориро дорад ва яке аз ҳадафҳои татбиқи Созишномаи грантии мазкур аз он иборат аст, ки аҳолӣ аз бемории сил ҳифз шавад. Харидории таҷҳизоти ташхисӣ, таҷҳизоти дигар ва маводи ташхисӣ дар доираи ин лоиҳа имкон хоҳад дод, ки аҳолӣ бармаҳал ва босифат аз ташхис гузаронида шуда, сари вақт ба табобат фаро гирифта шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоии ҷаласа – «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдумаҷид Мубин дода мешавад.
Абдумаҷид Муминзод: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, иҷозат фармоед миннатдории роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шумо – вакилони гиромӣ баҳри дастгирии ҳамешагӣ дар таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ, ки ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузоранд, баён намоям.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ» бо мақсади тақвият бахшидан ба пояи шартномавӣ ва ҳуқуқии робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир бо риояи талаботи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.
Созишномаи зикршуда зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир марти соли 2008 ба имзо расидааст. Он принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзими фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона шудааст.
Мувофиқи муқаррароти Созишномаи мазкур, ҳар яке аз тарафҳои аҳдкунанда бояд сармоягузорони тарафи дигари аҳдкунандаро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонад ва бояд сармоягузориҳоеро иҷозат диҳанд, ки ба қонуну қоидаҳои худ мувофиқ бошад. Бо дархости яке аз тарафҳои аҳдкунанда маълумот оид ба қонунҳо, қоидаҳо, қарорҳо, амалияи маъмурӣ, расмиёт ва ё сиёсатҳои пешгирифтаи тарафи дигари аҳдкунанда бояд таъмин карда шавад.
Тарафҳои аҳдкунанда уҳдадор мешаванд, ки чораҳои беасос ва тафовутнокро нисбати идоракунӣ, нигоҳдорӣ, истифода, соҳиб шудан ва тақсимоти сармоягузориҳои тарафи дигари аҳдкунанда қабул накунанд. Инчунин, муқаррароти Созишномаи мазкур интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони як тарафи аҳдкунандаро аз қаламрави тарафи дигари аҳдкунанда бояд кафолат ва муҳофизат намояд.
Тибқи Созишномаи мазкур ҳар як тарафи аҳдкунанда дар қаламрави тарафи дигари аҳдкунанда аз низоми миллӣ ва низоми бештар мусоид бояд истифода барад ва ин низомҳо имтиёзҳоеро, ки як тарафи аҳдкунанда ба сармоягузорони давлати сеюм дар асоси иштирок ё иттифоқ дар минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, бозори умумӣ ё дигар шакли ташкилоти иқтисодӣ — минтақавӣ пешниҳод менамояд, дар бар намегирад. Ҳамчунин, ин низомҳо ба масъалаҳои андозбандӣ татбиқ намегарданд.
Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, миллигардонии сармоягузориҳои сармоягузорони ҳеҷ яке аз тарафҳои аҳдкунанда ё мусодираи онҳо ё фаро гирифтани онҳо ба чорабиниҳое, ки баробари миллигардонӣ ё мусодира мебошанд, дар қаламрави тарафи аҳдкунандаи дигар, агар ба манфиати омма набошад, раво намебошад.
Муқаррароти Созишномаи мазкур бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, муҳлати амали он даҳ солро дар бар гирифта, пас аз он ба таври автоматӣ аз таърихе, ки яке аз тарафҳои аҳдкунанда тарафи аҳдкунандаи дигарро тариқи роҳҳои дипломатӣ оид ба лағви ин Созишнома огоҳ накунад, ба муддати 12 моҳ дароз мегардад.
Тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур заминаи мусоидро барои иштироки сармоягузорони Алҷазоир дар татбиқи босамари лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои обии барқӣ ва хатҳои минтақавию байниминтақавии интиқоли неруи барқ, истихроҷу истифодаи васеи захираҳои гуногуни зеризаминӣ, сохтмони роҳҳо, туннелҳо ва пулҳои бузурги мошингард ва бисёр корҳои дигари калонҳаҷм, ташкил ва ривоҷ додани ҳамкориҳои мутақобилан судбахш фароҳам хоҳад овард.
Бинобар ин, баҳри ба танзими давлатӣ даровардани муносибатҳои иқтисодию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Созишномаи мазкур аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, №16 Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.
Баҳодур АКРАМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзим намудани фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона шудааст.
24 августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибдорӣ ёфт.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ.