Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал дар доираи нақша- чорабиниҳо оид ба қабули шаҳрвандон, якҷо бо ҳама масъулони соҳаҳои сатҳи вилоятиву минтақавӣ ва гурӯҳи калони хабарнигорон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омада, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шаҳрвандонро, ки аз рӯйи масъалаҳои гуногун арзу шикоят ва таклифу пешниҳод доштанд, ба ҳузур пазируфт.
Сокини деҳаи Гулободи деҳоти «Меҳнатобод» Гулшан Нуралиева ба раиси вилоят арз намуд, ки манзили зисташон аз истифодаи нодурусти оби заҳбури канори хона, ба ҳолати садамавӣ гирифтор шуда, эҳтиёҷ ба кӯмак ва барқароркунӣ дорад. Ғ. Авзал аз раиси деҳоти мазкур вазъи баамаломадаро пурсон шуда, ба масъулони соҳа дастуру супориш дод, ки дар ҳалли ин мушкилот ба таври таъҷилӣ ёрӣ расонанд.
Тоҷиддин Ҷумъаев аз деҳоти «Чубек» хоҳиш намуд, ки ба сокинони се деҳаи дар моҳи марти соли равон аз офати табиӣ зарардида, бахусус ба онҳое, ки хонаҳояшон корношоям шудааст, масолеҳи сохтмонӣ кӯмак намоянд. Раиси вилоят дар робита ба ин иброз намуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба 26 оилаи зарардида, ба миқдори 1000 сомонигӣ кӯмаки яквақта расонида шудааст ва барои барқарор намудани манзилу иншооти осебдида, кӯмаку дастгирии навбатӣ дар назар аст.
Муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28- и деҳоти «Меҳнатобод» Одина Тағоев аз раиси вилоят хоҳиш намуд, ки дар бунёди як иншооти варзишӣ барои сокинони деҳаи Обшорон дасти мадад дароз кунанд.
Сокини деҳаи Гулободи деҳоти «Меҳнатобод», муаллим Сайдалишоҳ Эмомалиев шикоят намуд, ки дар як ҳавлӣ бо чор нафар фарзандони оиладораш зиндагӣ мекунад ва барои бунёди манзили нав ба замини наздиҳавлигӣ сахт эҳтиёҷ дорад. Дар баробари ин, муаллим илова намуд, ки Комиссияи ҷамъиятӣ вазъи оилаи онҳоро ба назар гирифта, дар рӯйхати эҳтиёҷмандон дар навбати аввал ба қайд гирифт, мутаассифона, ҳангоми тақсимоти замин, онҳоро фаромӯш карданд. Раиси вилоят ба масъулони ташкилотҳои дахлдор супориш дод, ки дар ҳалли мушкилоти муаллим ҳар чӣ зудтар мусоидат намоянд.
Вобаста ба масъалаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчунин сокинони дигари ноҳия Абдураҳим Саидов, Гулшан Давлатова, Гулмурод Шаҳриёров, Ғозӣ Эмомов, Назрбӣ Ғоибова, Назаралӣ Хоҷаев ва Сайлӣ Каримова ба раиси вилоят муроҷиат карда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Пас аз анҷоми қабули шаҳрвандон, раиси вилояти Хатлон Ғ. Авзал оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба он оид ба вазъи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия суханронӣ намуда, аз масъулони соҳаҳои гуногун иҷрои софдилонаи вазифаҳояшонро талаб намуд. Ҳамзамон фаъолони ноҳияро даъват кард, ки дар амалӣ намудани нишондодҳои ин санади муҳим ҷаҳду талош намоянд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»