Баёнияи бардурӯғ, туҳматнок ва муғризонаи террористони наҳзатӣ

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

Ташкилоти террористии ҲНИТ пас аз мағлубият дар интихоботи парлумонии соли 2015 маротибаи дуюм ба барангехтани низоъ ва ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон даст зад. Аъзои ин созмони террористӣ диданд, ки ин навбат ҳам аз боварӣ ва эътиқод мардум берун рафтаанд, зуд ба асли худ — барангехтани кинаву адоват ва муқобили ҳам гузоштани одамон баргаштанд. Эшон бо амалӣ гардонидани корҳои ношоиста ва ғайриинсонӣ, ки таҷриба доранд, мехоҳанд мардумро ба гумроҳӣ бикашанд. Вале, мардуми шарифи Тоҷикистон дигарбора ба иштибоҳ роҳ нахоҳад дод.

 Халқи шуҷоъ ва зафарманди Тоҷикистон хуб медонад, ки саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар роҳбарони вақти ташкилоти террористии ҲНИТ буданд. Имрӯз низ Кабирию кабиримаобон ва пайравони онҳо, ки ҳамеша дар сар фикри ноором кардани фазои сулҳу суботи кишварро доранд, амалҳои ваҳшиёнаи гузаштагони худро идома медиҳанд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гузаштагони онҳо аз моделҳои исломии кишварҳои ҳамҷавор пайравӣ менамуданд, имрӯз низ мехоҳанд, модели исломи сиёсиро рӯи кор биоваранд. Агар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз кишварҳои исломӣ ба таври мустақим ёрмандӣ мегирифтанд, айни ҳол ин мададро тавассути баъзе кишварҳои дунявӣ ва демократӣ мегиранд. Бинобар ин, дар кишварҳои Аврупо паноҳгоҳ ҷустан ва зиндагӣ кардани эшон идомаи нақшаи фаъолияти сиёсии онҳост.

Ҳарчанд ин гумроҳону бегонапарастон ба кишварҳои дунявӣ ва демократӣ рафтаанд, вале ақлу заковат ва ҷаҳонбинии эшон ҳанӯз ҳам аз ҳолати асри VII ва сатҳи ҷангу ҷидолҳои байни қабилаҳои араб боло нарафтааст. Аз ин рӯ, намояндагони созмони террористии ҲНИТ, ки аксаран дар кишварҳои аврупоӣ умр ба сар мебаранд, ҳанӯз ҳам дар банди хурофоту таассуб қарор дошта, ҳамеша ҷонибдори ба минтақаҳо ҷудо намудан ва боз овардани ҷанги таҳмилии дигар дар кишвар мебошанд. Эшон ҳама вақт дар фикри амалӣ кардани ҳадафҳои хоҷагон ва фармондеҳони аҷнабиашон буда, ба хотири ҳадафҳои онҳо халқи тоҷикро ба ҳам муқобил мегузоранду душман мегардонанд.

Баёнияе, ки онҳо дар шаҳри Варшава (Лаҳистон) қабул кардаанд, комилан нодуруст, бардурӯғ, иғвоангез ва туҳматнок мебошад. Онҳо дар ибтидои ин баёния худро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, вале дар асл душманони ин миллат ва муқобили арзишҳои фарҳангию миллианд. Онҳо агар воқеан ҳам шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ мебуданд, он гоҳ дар фикри пешрафти ин кишвар, ободии ин сарзамин ва осудагии мардуми он мекӯшиданд. Аъзои созмони террористии ҲНИТ худбохта, аҷнабигаро ва мухолифи фарҳанги миллии тоҷикон мебошанд, аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ оромию осудагии ин халқи куҳанбунёдро намехоҳанд. Ҳамчунин, дар аввали ин баёния террористони наҳзатӣ худро дигарандеш муаррифӣ кардаанд, ки ин ҳам дурӯғе аз дурӯғҳои шохдор аст, зеро номи дурусти эшон ифротгароёни исломии сиёсӣ, дастнигарони баъзе кишварҳои исломӣ ва худбохтагони бемеҳану бемиллат аст. Ин худбохтагону бемеҳанону бемиллатон Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари худкома ва саркӯбгар унвон кардаанд, ки ин нишонаи бефаҳмӣ, нодонӣ ва надоштани ақли расои онҳо мебошад. Чунки Тоҷикистони имрӯз як кишвари дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, ҳамеша аз таърихи гузаштаи худ, арзишҳои волои фарҳангии хеш, ҳифзи ёдгориҳои ниёгон дифоъ менамояду дар ҳалли масъалаҳо роҳҳои мунсифона ва дӯстонаро ҷустуҷӯ ва истифода менамояд. Аз ин рӯ, ҳар касе сиёсати роҳбарият ва азму иродаи мардуми кишвари моро инкор мекунад, ин нишона аз бефарҳангӣ, бемаърифатӣ ва нотавонбинонаи худи ӯст, на чизи дигар.

Он баёнияе, ки аъзои ташкилоти террористии ҲНИТ таҳия кардаанду аз номи адвокатҳо — бародарон Ҷамшед ва Бузургмеҳр Ёровҳо ёдовар шудаанд, идомаи бадномкунӣ ва дурӯғбофии онҳо буда, ба таври муғризона навишта шудааст. Зеро ин бародарони адвокат барои манфиат аз ҳадафҳои нопоки террористони наҳзатӣ ҷонибдорӣ мекарданд. Аз ин рӯ, аъзои созмони террористии ҲНИТ уҳдадоранд, ки қарзи худ — натиҷаи пуштибонии онҳоро баргардонанд. Солҳои охир, ки дар маҷмӯъ 7 адвокат равонаи зиндон гардидааст, нишонаи ҷинояткорӣ ва эҳтирому риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки барои чунин адвокатҳо манфиати худӣ, маблағи ночиз ва супориши бегонагон аз арзишҳои давлатию миллӣ болотар будааст. Яъне, инҳо адвокат ва вакили мудофеи инсонҳо набудаанд, балки душманон, хоинон ва найрангбозони фурӯхташудаю дастнигари хориҷиён будаанд.

Террористони наҳзатӣ низ чун ин адвокатҳо хиёнаткорон, бадхоҳон ва нобудгарони ашаддии миллати тоҷик буда, корашон ба ҷуз ҷанг андохтан ва муқобил гузоштани мардум чизи дигаре нест. Дар ин баёния низ чунин амалҳои ғайриинсонии онҳо ба таври ошкоро аён гардидааст. Зеро онҳо амалҳои имрӯзаи Ҳукумати кишварро саркӯбӣ ва фишор унвон кардаанд. Дар асл Ҳукумати Тоҷикистон болои ҳеҷ ҳизб ё созмоне, ки дар ин сарзамин фаъолият мебарад, фишор наовардаасту онро саркӯб накардааст. Ташкилоти террористии ҲНИТ баъд аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ боз ба хиёнаткорӣ ва амалҳои нопок даст зад. Аз ин рӯ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояту амалҳои ғайриқонунии ин созмони террористиро баррасӣ карда, фаъолияти онро боздошт.

Вале наҳзатиҳо ба амалҳои террористонаю экстремистона иқрор нагардида, баръакс, фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистонро бо туҳмату буҳтон зери тозиёнаи танқид қарор медиҳанд. Дар асл онҳо солҳои навадуми садаи ХХ ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва ба хотири «дигарандешӣ» қисме аз онҳоро қатлу беватан карданд. Имрӯз бошад, ин амалҳои худ­ро бар дӯши дигарон бор карда, хешро бегуноҳ нишон додан мехоҳанд. Ин бадкорӣ, хиёнаткорӣ ва бадахлоқии онҳоро халқ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ҳазорон баёнияи дигари бардурӯғ, таассубнок ва муғризона ҳам чунин бадахлоқию бадкирдориҳояшонро пӯшонда наметавонад. Аммо идома ёфтани фаъолияти муғризонаи ҲНИТ танҳо бар зарари мардуми мост. Бинобар ин, ба хотири хотима бахшидан ба чунин бадкорию бадномкуниҳо мақомоти кишварҳои аврупоӣ ва Интерпол бояд роҳбари созмони террористии ҲНИТ — М. Кабирӣ ва ҳамроҳони ӯро дастгир намуда, ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор намоянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои дигар аз хиёнаткорӣ ва найрангбозиҳои наҳзатиҳои террорист набояд дастгирӣ кунанд. Зеро сокинони Тоҷикистон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонианд ва орому осуда зиндагӣ кардан мехоҳанд.

Зоиршо ВАЛИЕВ