Ёздаҳуми октябри соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат — Асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ» баргузор гардид. Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Ҳар сол бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони беш аз 100 кишвари дунё ҳамчун турист ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд. Аз моҳи июни соли 2016 тартиби электронии раводиди Тоҷикистон баҳри таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид. Айни замон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» таҳия шуда истодааст.
Аҳтам Абдуллозода, ҳамчунин зикр кард, ки хушбахтона, талошҳои Пешвои миллатро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба инобат гирифт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардид. Мувофиқи рейтинги мамлакатҳо дар сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар садри радабандиҳо қарор дорад. Масалан, борҳо Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди туристон, даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ эълон гардидааст. Шоҳроҳи Помир дар байни 10 роҳи зеботарини дунё ҷой гирифтааст. Ҳамчунин, аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии туристии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон (соли 2016) ҳамчун дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, эътироф гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ гуфт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ буда, барои муаррифии ин соҳаи даромаднок дар хориҷ аз кишвар саҳми бориз доранд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар мавзӯи «Пешвои миллат — наҷотбахши таъриху фарҳанги миллӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар ду даҳсола», директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар муаррифии Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ», вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён дар мавзӯи «Ташаккули заминаҳои қонунгузории соҳаи сайёҳӣ дар ҷараёни рушди муносибатҳои иқтисодӣ» ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи осорхонаҳои миллӣ ҳамчун мероси таърихиву фарҳангии соҳаи сайёҳӣ» маърӯза карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»