Маҳмадсаид УБАЙДУЛЛОЕВ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе

Ваҳдат — раванди муттасил

№67 (3052) 06.06.2013

Убайдуллоев МахмадсаидТаърихи инсоният собит кардааст, ки рушди босуботу мунтазами ҷомеа ба оромию ҳамдигарфаҳмии аъзои он, қувваҳои сиёсию фарҳангӣ ва  қишрҳои иҷтимоӣ вобаста аст.

Мусаллам аст, ки дар асари ҳукмфармо будани носуботӣ идораи давлатҳо ба сакта дучор гашта, дар натиҷа бесарусомонии иҷтимоӣ фарогири ҷомеа мегардад. Тавре воқеияти объективӣ шаҳодат медиҳад, ҳаёт барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсию иқтисодӣ ҷомеаро водор менамояд, ки сулҳу суботро таъмин ва ба ин васила истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва рушди маънавиро ба роҳ монад.

Аз нигоҳи илми муосир   низ вазъи коинот ва низоми олам ба ваҳдат ва қонуни ҷозибаи сайёраҳо асос ёфтааст. Аз ин рӯ, ваҳдат на танҳо омили ҳастии ҷамъияту  одам, балки асли худи олам ҳам ҳаст ва  на фақат сайёраи мо, балки кайҳону коинот ҳам  қонунияту низоми муайян доранд, ки ягонагии онҳоро бар ҷо нигоҳ медорад ва боиси дар сайёраи Замин рушду нумуъ  кардани ҳаёт мегардад.

Бинобар он,  ваҳдат ҳамчун яке аз унсурҳои  ҳастии табиӣ ва иҷтимоии инсон аз  тарафи андешамандони башарӣ, аз ҷумла аҳли  эҷод, адибону шоирон аз замонҳои хеле қадим дарк шуда, мавриди таҳсину ситоиш қарор гирифтааст. Устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ асоси ваҳдатро дар некуию сулҳ ва сабаби ҷангу нифоқро дар нодонӣ донистааст:

Ҳама наюшаи хоҷа ба некуию ба сулҳ аст,

Ҳама наюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

Дар тӯли таърих ваҳдат ба маъниву мазмунҳои гуногун ва тобишҳои мухталиф  арзи зуҳур мекард, аммо ҳамеша як мазмуни аслии он побарҷо буд, ки асосу бунёди ҳастӣ ва саодати ҷомеаи башарӣ ва ҳар як инсон аст. Дар баробари ин, ваҳдат боз мафҳумҳоеро ифода намудааст, ки ба ягонагии сарзамини аҷдодӣ, муҳофизату таҳкими давлати миллӣ, озодию ободӣ ҳаммаъноянд, зеро бе ваҳдати миллӣ ба даст овардани ин арзишҳо ғайриимкон аст. Ҷамъияти инсонӣ дар дарозои таърихи худ исбот намудааст, ки осудагию оромии мардум танҳо ҳангоми  дар муҳити ваҳдат зистан воқеъ мегардад. Аз ин рӯ, ваҳдат на танҳо арзиши миллӣ, балки бештар ва болотар аз он арзиши умумиинсонӣ низ маҳсуб мешавад, ки барои ҳар макону ҳар замон дархӯр аст.  Чунонки муборизи роҳи сулҳи ҷаҳонӣ устод Мирзо Турсунзода ҳифзи ваҳдати умумиинсонӣ ва дӯстиро васф карда,  васият намуда буд:

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Бале, инсон дар муҳити ваҳдат ҳамчун моҳӣ дар дарё осудаву озод зиндагӣ ба сар мебарад. Дар муҳити ваҳдат ӯ худро  дар баробари ҷузъи башарият эҳсос карданаш, ҷузъи миллат ҳам мешиносад ва аз афкори маҳдуди қавму маҳалгаройӣ раҳойӣ ёфта, манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз манфиатҳои маҳаллию шахсӣ авло меҳисобад. Дар натиҷа шахс ба дарки он маънии бузург мерасад, ки ҳастии ӯ танҳо бо ҳастии тамоми мардуму миллат маънову қудрат пайдо менамояд ва ӯ ҷузъи иҷтимоъ мешавад, ки барои рафъ кардани тамоми монеаҳову душвориҳо қодир мебошад. Ваҳдат ба ӯ неруи худтатбиқнамоӣ дар роҳи  бунёду ободкорӣ мебахшад.

Ваҳдат аз ҷониби аҳли адаб ҳамчун падидаи худовандию  инсонӣ, иҷтимоию рӯҳонӣ, фардию умумибашарӣ дарк  ва ҳамчун василае, ки  барои расидан ба ҳадафҳои ормонии онҳо хидмат мекунад, ситоиш шудааст. Аз ҳам ҷудоӣ хулқу атвори инсон нест, чизе, ки инсонро инсон месозад, ваҳдати ӯ бо дигарон, муттаҳидии ӯ бо мардум аст. Шоири бедордили мо Лоиқ Шералӣ низ ваҳдатсаро буд ва даъват мекард:

Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,

Ҳама қатраҳоему дарё шавем.

Аз нигоҳи дини мубини ислом ваҳдат мафҳумест, ки аз исми сифоти Илоҳӣ дар маърифати инсоният ҷой гирифта, аз қадим дар як раванди муттасил бо тобиши эътиқодӣ мардумро ба ҳам муттаҳид намудааст. Китобҳои  осмонӣ ва Паёмбарон бо мурури замон ҷомеаи инсониро ба ягонагию ҳамкории  миллатҳо ташвиқ кардаанд. Ба ақидаи исломӣ, Офаридгор бо фиристодани Қуръони маҷид на танҳо дину миллату нажодҳоро ба ҳам овард, балки омилҳои тафриқаандозии байни косибону ҳунармандон, тоҷирону кишоварзон, ходимону хоҷагон ва ғайраро ноҷоиз шумурда, мардумони табақаҳои гуногуни ҷамъияту минтақаҳои гуногунро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ҳаёти осоиштаву мусолиматомез даъват намудааст. Дар Қуръони карим омадааст: «Якҷо ба дини Худо чанг бизанед ва ҷудоӣ накунед» (Сураи Оли Имрон, ояи 103). Дар сураи «Ҳуҷарот» ояи 10 омадааст: «Ҳамоно муъминон бародари ҳамдигаранд, пас дар байни бародаронатон  сулҳу созиш барқарор  кунед ва аз Худо битарсед, умед аст, ки мавриди раҳмати илоҳӣ қарор  гиред».

Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаҳои Офаридгорро ба тобеони худ низ ҳам дар пиндору  гуфтор ва ҳам дар рафтор интиқол дод ва ба мусалмонон муроҷиат карда гуфтааст: «Эй мардум! Ҳар оина Парвардигори Шумо ягона аст ва ҳар оина падари шумо як кас аст. Огоҳ бошед, ки арабиро бар аҷамӣ ва аҷамиро бар арабӣ, сурхпӯстро бар сиёҳпӯст ва сиёҳпӯстро бар сурхпӯст фазлу бартарӣ нест, магар ба тақво ва парҳезгорӣ, ҳар оина гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумо аст».

Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Иртиботи як мусулмон бо мусулмони дигар монанди бинои деворест, ки як қисмати он қисмати дигарро маҳкам месозад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Мутаассифона, бо мурури замон ин маърифати баланди ваҳдату якдилӣ дар натиҷаи ғаразҳои ноҷо  осеб дида, ба ҳусни ахлоқи ҳамидаи исломӣ костагӣ ворид намуд. Ҳанӯз аз замони хилофат  ихтилофҳо вусъат ёфта, як навъ теша задан ба решаи ваҳдату ягонагии  мардуми мусалмонро ба вуҷуд оварда, то ба имрӯз ин кашокашҳо идома ёфтааст.

Ҷомеаро инсонҳо ташкил медиҳанд ва бешубҳа,  ваҳдати миёни инсонҳо хост ва моли Худост, дар офариниш Худованд инсонро мартабаи олӣ додааст. Чунончӣ,  дар ояи 70-уми сураи «Исро»: «Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ  кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре  аз он чӣ офаридем, фазли бисёре додем.» таъкид ёфтааст.

Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки кишвари ҷавони мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд.  Боиси хурсандист, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бунёди давлатдории навини миллӣ гузошта шуда, аз он баъд, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои демократӣ, мавқеи дин, имон, озодии виҷдон, осори ниёгон, арзишҳои маънавию ахлоқӣ  дуруст муайян ва фаъолияти муассисаву иттиҳодияҳои динӣ ба маҷрои мувофиқ равона шуд.

Дар бораи мақоми арзишҳои динӣ дар  ҷомеаи мо ёдовар шудан аз суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид аст: «Барои он кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки арзишҳои башардӯстонаи дини мубини исломро биомӯзем ва биомӯзонем, зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти қадимӣ ва суннатҳои рӯзгори мо бо ислом банду пайванди мустаҳкам дорад». Дар ин робита давоми  чанд соли охир  бо дастгирии Сарвари давлат силсилаи муҳимтарин осори исломӣ «Эҳёу улум ад-дин» ва «Кимиёи саодат»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Эҳёи фикри динӣ дар ислом»-и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, «Мухтасарул-виқоя»-и Муҳаммадшарифи Бухорӣ, «Меъёрут-тадайюн»-и Аҳмади Дониш, «Шамоилу-н-Набӣ»-и Имом Тирмизӣ, «Туҳфату-л-амон фи сирати-н-Нӯъмон»-и Шиблии Нӯъмонӣ ба нашр расидааст, ки хидмати арзишманд мебошад.

Аз таърихи халқамон метавонем мисолҳое оварем, ки дар натиҷаи аҳамият надодан ба ваҳдат тезутунд шудани зиддиятҳои дохилӣ  ба вайрон шудани шаҳру деҳот, пароканда шудани ҳунармандону косибон, аз байн рафтани боғҳову киштзорҳо ва дар натиҷа боиси гуруснагию беморӣ, касодии маънавию ахлоқӣ гардида будааст.

Пешрафти саноат ва кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг маҳз дар солҳое муяссар мешуданд, ки оромию ваҳдати нисбӣ дар ҷомеа фароҳам меомад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдат хусусияти объективӣ дошта, дар ҳама ҷамъият аксари мардум, бахусус қишрҳои дорои неруи волои ақлонӣ, ба таъмини фазои муфиди ба раванди муттасилии ваҳдат мусоидаткунанда саъю талош мекарданд ва мекунанд.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз беадолатиҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра, дар самти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд омаданд. Зиёиёни соҳиби тафаккури нави дунявӣ ташаккул ёфтанд, ки барои ба вуҷуд омадани ваҳдати миллӣ заҳмати зиёд кашида буданд. Хидматҳои устод С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Ш.Шотемур, А.Ҳоҷибоев, А.Муҳиддинов, Ч.Имомов, Б.Ғафуров, М.Турсунзода ва дигаронро дар ин раванд бояд махсус зикр кард.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва воридшавии кишвар  ба марҳалаи нави тараққиёт ва худшиносии миллӣ ҷомеаи мо  аз низоъҳои фалокатбор ба шарофати ваҳдати миллӣ наҷот ёфт. Маҳз ваҳдати миллӣ барои пойдории истиқлолият ва рушди давлатдориамон заминаи муҳимтарин гардид, ки тавассути он бо ибтикороти дурандешонаи Сарвари давлат Ватани азизамон ба дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва  коммуникатсионӣ муваффақ ва ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд.

Тавре ҳамагон хуб дарк намудаанд, ваҳдати миллӣ ба худшиносии воқеӣ вобаста аст, зеро дарки ягонагии забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, иқтисодӣ ва ватандорӣ ба худшиносии устувори афроди кишвар замина мегардад.

Паҳлуи дигари ин масъала дарк намудани масъулияти фард дар назди ҷомеа ва давлат мебошад. Устувор шудани шуури худогоҳӣ ва эҳсоси ягона будани фард бо миллат ва масъулият дар назди давлат сабаби дарки моҳияти ваҳдати шахс ва ҷомеа мегардад. Ваҳдати афрод дар ҷомеа ҳамон вақт устувор ва побарҷо мемонад, ки мо, шаҳрвандони кишвар, манфиатҳои олии миллӣ ва давлатиро амиқан дарк намоем ва ба ин васила ваҳдатро ҳамеша чун падидаи умумимиллӣ ва умумидавлатӣ гиромӣ дорем.

Азбаски дар ҷомеа табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ мавҷуданд, ҳар яки онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ва ё гурӯҳӣ манфиатҳои худро доранд. Ин манфиатҳо бояд ба манфиатҳои умумимиллӣ созгор бошанд. Ҳангоми аз тарафи ин ё он қувваи сиёсӣ ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ ба таври мутлақ арзёбӣ шудани манфиатҳои сиёсӣ ё гурӯҳии хос манфиатҳои умумимиллӣ  зарар мебинанд.

Бинобар ин, дар ҳар марҳалаи таърихӣ ваҳдат муҳтавои нав ва раванди тоза пайдо мекунад. Чунончӣ, дар оғози давраи истиқлолияти давлатиамон бинобар бартариҷӯйии баъзе қувваҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар заминаи ақидаҳои ҳизбию гурӯҳӣ ва маҳаллӣ манфиатҳои умумимиллӣ дар назар гирифта нашуданд, дақиқтар гӯем, қувваҳои тундрави ҷомеа манфиатҳои маҳдуди худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ бартар дониста, боиси фалаҷ шудани низоми идораи давлат гардиданд. Вале дар ниҳояти амр қувваҳои солими ҷамъият хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллатро амиқан дарк карда, барои устувор кардани асосҳои низоми давлатдории навин мубориза бурданд. Неруи нави сиёсӣ бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ваҳдати умумимиллиро ба вуҷуд оварда, мардумро барои барқарор кардани институтҳои давлатдорӣ сафарбар намояд.

Ваҳдати миллӣ дар ин марҳала ба воситаи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба проблемаҳои давлати ҷавонамон, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва ташкили гуфтугӯ бо қувваҳои оппозитсионӣ ба вуқуъ пайваст. Ҳамзамон давлат барои ҳалли проблемаҳои низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақшаҳои муҳим тартиб дод, ки асоси онро қабули Конститутсияи нав ва ҷорӣ намудани низоми нави иқтисодӣ ташкил медод.

Ҳоло бошад, кишвари мо дар марҳалаи дигар қарор дорад. Низоми иқтисоди бозорӣ устувор шудааст. Дар ҷомеа фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба низоми муайян даромадааст. Воситаҳои ахбори озод ба вуҷуд омада, теъдоди рӯзномаву маҷалла, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотии хусусӣ нисбат ба шумораи умумии воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ бамаротиб зиёд шудаанд, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ шуда, кишварамон ба низоми демократӣ ворид гардид. Дар ин марҳалаи тараққиёти давлат таъмини ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мо — аъзои ҷомеа иштироки фаъолонаро дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои мушаххас, аз ҷумла баланд бурдани сатҳи донишу эҳсоси ватанпарастӣ дар худ, хусусан дар байни ҷавонон, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба воситаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, самарабахш ба роҳ мондани истифодаи замин ва корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, тараққӣ додани саноат бо дарназардошти коркарди пурраи молу маводи маҳаллӣ, вусъати тиҷорат ва соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва ғайраро тақозо менамояд.

Муқоисаи марҳалаҳои ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки ваҳдат зарурат ва раванди ҳаётӣ буда, он ба қонуниятҳои муайяни диалектика тобеъ мебошад ва раванди таҳким дар ҳар марҳалаи тараққиёти ҷомеа роҳу равиш ва усулҳои махсусро талаб менамояд, зеро раванди ваҳдатсозӣ муттасил ва пайваста мебошад.  Дар ин ҷода мо бояд тамоми аҳли ҷомеаамонро сафарбар намоем ва аз неруи қувваҳои солиму бунёдкор, ватандӯсту ваҳдатофарин ҷиҳати тавсеа ва тақвият бахшидан ба раванди бебозгашти ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба истифода намоем.

Боиси қаноатмандист, ки бо туфайли заҳматҳои Сарвари давлат ва шаҳрвандони кишварамон ваҳдати миллӣ имрӯз дар мамлакатамон хусусияти муттасили таҳкимёбандаи объективӣ гирифтааст ва дар натиҷаи он  дарки манфиатҳои умумимиллӣ ва бартар донистани  он  аз манфиатҳои ҳизбию маҳаллӣ фарогири ҷомеа шудааст.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006-ум ва интихоботи вакилон ба маҷлисҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои сипаришуда баргузор шуданд,  раванди устувор гаштани ваҳдати миллиро дар кишвари мо ба исбот расонид.

Айни замон бояд хотирнишон сохт, ки раванди ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобаста аст. Омилҳои берунӣ, аз ҷумла муносибатҳои байни давлатҳо, таҳдидҳои замони ҷаҳонишавӣ низ барои ҳалли масъалаи таҳкими ваҳдат ва субот дар минтақа ва ҷаҳон андешидани тадбирҳои якҷоя ва зарурро ба миён мегузоранд.

Имрӯз баъзе неруҳои ҷаҳонӣ барои ҷорӣ кардани низоми ба худашон маъқул аз зӯроварӣ ва қувваҳои низомӣ низ истифода мекунанд. Вале ҷомеаи хушбахтонаи инсониро, чунонки донишмандони бузурги Ғарбу Шарқ зикр карданд, на ба воситаи зӯроварӣ ва фишорҳо, балки аз роҳи дониш ва такя ба ақлу хирад ва эҳтироми ҳуқуқи табиии дигарон барпо кардан имконпазир аст.

Ба ин муносибат бо қаноатмандӣ метавонем зикр кунем, ки мо аз таҷрибаи мусбати давлатҳои Ғарбу Шарқ истифода карда, бо ҳифзи асолати фарҳанги сиёсии ҷомеаамон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро бунёд карда истодаем ва андешаи ваҳдати миллӣ дар маркази он қарор дошта, муттасил бо такя ба раванд ва муносибатҳои чаҳонӣ неру мегирад. Тавре дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли ҷорӣ зикр гаштааст: «Тамоюлҳо ва хусусиятҳои мушаххаси рушди ҷаҳони муосир аз ҳар кадоми мову шумо назари санҷидаву масъулона, баррасии амиқ ва муайян намудани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаётро  тақозо мекунанд.».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои глобалии ба давлат ва ваҳдати миллӣ хатаровар то ба имрӯз вуҷуд доранд. Ин, пеш аз ҳама, хатарҳои экологӣ, терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бештар шудани тамоили тундгароёнаи динӣ, афзудани бекорӣ ва ғайра, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, кишвари мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин хатарҳо ба пуррагӣ эмин намебошад. Месазад тазаккур диҳем, ки кӯшишҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои эҷоди фазои орому осуда дар ҷаҳон ва минтақа дар ин самт хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа, хусусан муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, чораҳои зарурӣ андешида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Ҷойи таъкид аст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ феълан тамоюли ҷаҳонишавиро касб кардааст ва он аз ҷанбаъҳои мусбӣ холӣ нест. Ба он маънӣ, ки дар татбиқи зарфиятҳои шаҳрвандон, худистифодадиҳии неруи инсонӣ шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, метавонад дар муттасилияти раванди ҳамгиройӣ ва ҷаҳоншиносии инсонҳо, ки дар интиҳо гуфтугӯву бардоштҳояшон ба нафъи ҷомеаву кишварҳои асли баромад хизмат намояд, мусоидат кунад. Моро зарур аст, ки дар шинохту нуфузёбии объективияти раванди муҳоҷирати меҳнатӣ на бо ҳарос ва назари манфӣ муносибат намоем, балки дар ин ҷода тафаккури созанда дошта бошем.

Бояд ёдовар шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз характери  глобалӣ дорад ва кишварҳои пешрафта низ аз ин раванд берун нестанд. Аз ин лиҳоз, масъалаи муҳоҷират фақат хоси як кишвари мо нест. Вале ин раванд мушкилиҳои муайян низ эҷод мекунад, ки барои бартараф кардани онҳо мо — ҳамагон бояд ба таври доимӣ чораҳои заруриро амалӣ намоем. Зимнан бояд хотирнишон кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз ноҳияҳои кишварамон дар давраҳои амирӣ ва дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба минтақаҳои гуногуни он низ вуҷуд дошт.

Зикр бояд кард, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари аҳамияти иқтисодӣ ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад, ки ба он мо бояд мутаваҷҷеҳ бошем. Барои кам кардани тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии муҳоҷирони меҳнатӣ мо бояд кори зиёд иҷро намоем. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ, алалхусус русию англисӣ, қонунҳо ва қоидаҳои кишвари қабулкунандаро қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба низоми муайян ба роҳ монем, гарчанде айни ҳол  корҳои мушаххас дар ин самт иҷро шудаанд, вале ҳанӯз ҳам  он талаботро ба пуррагӣ қонеъ намесозад.

Бо дарки мубрамияти масъала аз ҷониби Президенти мамлакат зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар 23 майи соли ҷорӣ зикр гашт, ки «…бори дигар ба ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъкид менамоям, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ доир ба ташкили шумораи ҳар чӣ бештари ҷойҳои кории доимӣ барои ҷавонон дар дохили кишвар, инчунин ҷойҳои кории мавсимӣ барои занону духтарони маҳаллӣ чораҳои мушаххас андешанд».

Яке аз омилҳои муҳим, ки бояд ба устуворию муттасилии ваҳдати умумимиллӣ мусоидат намояд, ин таҳкими фаъолияти дастаҷамъонаю созандаи ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.  Дар ин ҷода ҳам бояд барномаҳоеро пиёда кард, ки аз як сӯ ҳамгиройии худи ҳизбҳои сиёсӣ, аз сӯи дигар ҳамгироии давлат ва ҳизбҳои сиёсӣ, аз сӯи саввум ҳамгироии ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ҳаводорони онҳо, аз сӯи чаҳорум ҳамгироии ҳамаи ин сохторҳоро таъмин намоянд. Албатта,  ин кори саҳл нест, аммо манфиати  ҷомеа, шукуфоӣ ва таъмини амнияти он тақозо менамояд, ки дар ҳалли ин вазифаи муҳим ва тақдирсоз ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ бояд бо таҳаммулпазирӣ ва дарки масъулияти баланд дар назди халқу Ватан фаъолияти ҳамарӯзаи хешро ба роҳ монанд.

Ҳамзамон аз нигоҳи мо муайян кардани доираи хатарҳо ва нишон додани роҳҳои бартараф кардани омилҳое, ки ба таҳкими ваҳдати ҷомеаамон таҳдид мекунанд, яке аз вазифаҳои муҳими илмҳои ҷамъиятшиносӣ низ мебошад.

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки дар Паёми имсолаи худ таъкид кардааст: «Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манофеи давлат ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлат вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдониву имонии ҳар яки мову шумо — аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».

Дар шароити ҳозира ба ваҳдати миллии мо омилҳои идеологӣ-мафкуравӣ низ таҳдид мекунанд ва хатар эҷод менамоянд. Тавре дар Паёми хеш 26 апрели соли 2013 Президенти кишвар таъкид намудааст:  «Қатъиян таъкид месозам, ки роҳи пешгирифтаи мо бунёди давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст. Ин меъёр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст ва тағйирнопазир мебошад. Ба ибораи дигар, мо дар радифи арзишҳои милливу диниамон ба арзишҳои дунявии умумибашарӣ арҷ мегузорем ва равандҳои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирӣ менамоем. Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд».

Тазаккур бояд дод, ки дар давраи мураккаби ҷаҳонишавӣ баъзе қувваҳо ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеаамон манфиатдор нестанд. Қувваҳое, ки тундгаройии динӣ ва терроризмро паҳн карда, мақсадҳои сиёсии худро мехоҳанд амалӣ намоянд, аз ашхоси ноогоҳ ва худшиносии миллию ҳисси ватанпарастиашон заиф истифода намуда, ба ин васила ба вазъи муътадили ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо истифода аз потенсиали  ҳама рукнҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ баҳри таҳким ва муттасилии ваҳдати миллӣ якҷоя фаъолият намуда, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳар як шаҳрвандро вазифаи муҳимтарини худ шуморем.

Аз нигоҳи мо масъалаи дигаре, ки бояд ба он ҳамеша таваҷҷуҳ дошта бошем, эътимоди иҷтимоӣ ҳамчун омили умдаи ваҳдати миллӣ, бо назардошти таъмин ва риояи ҳуқуқҳои инсон аст, зеро таъкиди ин масъала метавонад диққати аҳли ҷомеаро ба арзишҳои мафкураи ваҳдати миллӣ бештар созад.

Мусаллам аст, ки риояи адолати иҷтимоӣ дар мавриди дастёбии аъзои ҷомеа ба захираҳои тараққӣ, аз ҷумла гирифтани маълумот, соҳиб шудан ба мақомҳои шоистаи иҷтимоӣ, бе мамониат пеш бурдани соҳибкории фардӣ ва ғайра омили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ пазируфта шудаанд. Вобаста ба ин,  масъалаи муҳиме, ки аз бисёр ҷиҳат хусусияти ин таҳаввулотро муайян месозад, таркиби сохтори иҷтимоии ҷомеа аст, ки бояд ба самтҳои таҳаммулгаройӣ ва худогоҳии миллӣ бештар равона карда шавад.

Дарки ин масъала дар кишварҳои ҷаҳон ва махсусан минтақа имрӯз ба вижа аҳамияти умда касб мекунад, зеро самаранокии эътимоди миллӣ на он қадар аз ҳаҷми захираи иқтисодии андӯхта, балки бештар ба он вобаста аст, ки якдилии иҷтимоӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа то чӣ андоза  ташаккул ёфтааст.

Тавре Сарвари давлат 23 майи соли ҷорӣ зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар таъкид менамояд: «…дар асри бисту як пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд.

Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти  ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад».

Аз таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ метавон ба хулоса омад, ки ташаккули ақидаи умумӣ оид ба ваҳдати миллӣ ба васеъ шудани доираи фаъолияти синфи миёна вобаста мебошад. Ҳоло дар кишвари мо, бинобар рушди соҳибкории хурду миёна, ин синф мавқеи бештар  пайдо карда истодааст. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки бо рушди табақаи миёна  раванди муттасили ваҳдати миллӣ баргаштнопазир мегардад, зеро асосҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ҳар чӣ бештар мустаҳкамтар хоҳад гашт.

Ваҳдати миллӣ дар давлатҳои муосири миллӣ дар заминаи таҳкими ҳувияти миллӣ ташаккул меёбад, зеро ошкор кардани шакли ҳувият имкон медиҳад, ки омилҳо, ваҳдати гурӯҳҳо, табақаҳо ва қишрҳои ҷамъият хуб дарк карда шавад. Бояд мутазаккир шуд, ки ин раванд хусусияти таърихӣ дорад ва бинобар ин шаклҳои ҳувият ва якдилии дар асоси онҳо шаклёбандаи аҳли ҷомеа низ ҳамеша тағйир мепазирад. Бинобар ин, таваҷҷуҳи бештар мо бояд ба зарурияти боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ ва эътимоди иҷтимоӣ диҳем, чунки маҳз дар ҳамин замина метавонем ваҳдати миллӣ ва иҷтимоиро барои имрӯзу ояндаи дури ҷомеаамон истиқрор бахшем.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки танҳо инсон қобилияти ваҳдатофарӣ дошта, ҳамзамон меҳвар, самар ва ниёзманди ваҳдат мебошад. Аз ин рӯ, ваҳдат мафҳуми иҷтимоист, зеро маҳз тафаккур ва неруи созандаи инсонҳо имкон медиҳад дар ҳамдастию ҳамёрӣ атрофи ғояи ваҳдат девори бегазанд бунёд намоем, ки мисоли равшанашро фаъолияти беназири Сарвари давлат оид ба ваҳдатофарӣ, ки онро ҷавҳари сиёсати хеш интихоб кардааст, собит менамояд.

Муқаррароти моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад», бешубҳа дар ҷомеаи мо идомаи мантиқии татбиқи сиришти инсон ва  фармудаи Илоҳист. Зарур аст, ки бо истифода аз хирад ва маърифати инсонӣ дар муттасилияти раванди ваҳдат дар ҷомеа ҳар фарди он чун дорандаи ин неру нақши созгор дошта бошад.

Мо метавонем бо қаноатмандӣ зикр намоем, ки маҳз бо шарофати соҳибихтиёрию истиқлолияти давлатӣ аз рӯзҳои аввал, бахусус баъди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар самти таъмини озодиҳои инсон дар доираи қонунҳои демократӣ ва ҳам дар ҷиҳати таъмини адолати иҷтимоӣ ба дастовардҳо комёб гардидем. Фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсии гуногун, воситаҳои ахбори озод, равнақи соҳибкории хурду миёна, дастгирии маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон) ва рафъи садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил ва имтиёзмандони ба онҳо баробар ва қишрҳои камбизоат аз тарафи давлат, мунтазам зиёд кардани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, вусъати қарзҳои имтиёзнок ба аҳолӣ ва ғайра собитгари равшани пешрафти мамлакатамон бобати эъмори давлати иҷтимоӣ мебошад.

Таҳлилҳо  шаҳодат медиҳанд, ки тавассути ваҳдати миллӣ ва амалисозии барномаҳои гуногунҷабҳаи давлатӣ кишвари мо дар марҳалаи кӯтоҳи рушди соҳибистиқлолии худ аз шумори давлатҳои иқтисодашон суструшдкунанда берун омада, дар қатори давлатҳои рӯ ба тараққӣ ҷойгузин гашт ва дар роҳи баровардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон баҳри дастрасӣ ва таъмини  шароити арзандаи зиндагӣ заминаҳои устувор гузошт ва дар ин замина сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид.

Бояд тазаккур дод, ки туфайли фаъолияти самараноку пайвастаи сокинони пойтахт дар самтҳои гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дастовардҳои аҳли ҷомеа сол ба сол назаррас мегарданд.

Қобили зикр мебошад, ки дар шаҳри Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ  дар соли сипаригардида беш аз 7 млрд. сомониро ташкил дод, ки  ба ҳар як нафар сокини он 9788,0 сомонӣ рост меояд, ки беҳтарин нишондиҳанда дар кишвар мебошад. Маоши миёнаи воқеии як корманд дар шаҳр моҳи апрели соли ҷорӣ 1229,6 сомониро ташкил дод, ки аз нишондиҳандаи соли 2006  панҷ баробар ё 982,5 сомонӣ зиёд аст.

Иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012 маблағи 886,8 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба иҷрои он дар соли 1997 беш аз 130,4 ва нисбати соли 2000-ум қариб 33 баробар зиёд мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки воридоти андозҳо ба буҷет дар соли 2012 дар шаҳри Душанбе нисбати ҳаҷми якҷояи воридоти  буҷетҳои қиёсшаванда дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 47 млн. сомониро  ташкил дод ва ин тамоюл дар соли равон низ идома хоҳад ёфт, яъне  дар маҷмуъ дар пойтахт соли ҷорӣ ҳаҷми ҷамъоварии андозҳо аз ҳаҷми андозҳои дар вилоятҳои зикргардида дар якҷоягӣ ҷамъоваришаванда бештар хоҳад буд.

Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 47,0 млн. сомониро ташкил карда бошад, ин рақам дар соли 2012-ум 210,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2006 -ум 4,5 баробар зиёд мебошад. Барои таъкид аз пояҳои иҷтимоӣ ба таҳкими раванди ваҳдат дар шаҳри Душанбе метавон  мисолҳои мушаххас овард, аз ҷумла:

Ба истифодадиҳии манзил дар шаҳри Душанбе

ба ҳолати 1 январи солҳои 1998, 2006 ва 2013

соли 1998

соли 2006

01.01.

2013

01.01. 2013 бо фоиз нисбат ба соли 1998

01.01.2013 бо фоиз нисбат ба соли 2006

Сохтмони манзил, ҳазор м 2

6,7

54,9

113,0

16,9 баробар

2,1 баробар

 

Иҷрои буҷети шаҳри Душанбе ба ҳолати 1 январи солҳои

1998, 2006 ва 2013

01.01. 1998

01.01. 2006

01.01. 2013

Даромади умумии буҷет

6,8

99,4

886,8

 

Шумораи соҳибкорон дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 1 январи солҳои 1998, 2006 ва 2013 ва саҳми онҳо дар фароҳамоварии буҷети шаҳр (нафар)

соли 1998

соли 1998

соли 2006

соли 2006

01.01. 2013

01.01. 2013

7458

30%

21768

51 %

27670

66,4%

 

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 1 январи солҳои  2006 ва 2013  (адад)

соли 2006

01.01.2013

16884

22104

Шумораи муассисаҳои олии касбӣ дар шаҳри Душанбе дар солҳои таҳсили 1997/1998, 2005/2006 ва 2012/2013

соли таҳсили 1997/1998

соли таҳсили 2005/2006

соли таҳсили 2012/2013

с/т 2012/2013 бо фоиз нисбат ба с/т 1997/1998

с/т 2012/2013 бо фоиз нисбат ба с/т 2005/2006

Муассисаҳои олии касбӣ, адад

15

20

20

133,3

100,0

Шумораи донишҷӯён, ҳазор нафар

49,6

86,3

91,8

185,1

106,4

 

Шумораи муассисаҳои рӯзонаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе дар солҳои таҳсили 1997/1998, 2005/2006 ва 2012/2013

соли таҳсили 1997/1998

соли таҳсили 2005/2006

соли таҳсили 2012/2013

с/т 2012/2013 бо фоиз нисбат ба соли таҳсили 1997/1998

с/т 2012/2013 бо фоиз нисбат ба соли таҳсили 2005/2006

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, адад

95

119

137

144,2

115,1

Шумораи хонандагон, ҳазор нафар

96,6

152,6

171,9

177,9

112,6

Шумораи ҷойҳои нишаст

57,4

88,7

108,2

188,5

121,9

Коэффисиенти ташкили ҷараёни таълим дар бастҳо

1,68

1,83

1,59

94,6

86,9

Тавре ҳамагон хуб огаҳӣ доранд, татбиқи муттасили Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар барои солҳои 2013 — 2015, ки маблағи 30 миллиард сомониро дар бар мегирад, нишондиҳандаҳои индекси рушди инсонро дар ҷомеаамон дар радифи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба маротиб боло хоҳад бурд.

Ин тадбирҳои муҳим аз тарафи давлат асосҳои иҷтимоии ваҳдати миллиро мустаҳкам карда, аз тарафи дигар устувории ваҳдати ҷомеа барои ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ имконият фароҳам меорад.

Шаҳри Душанбе чун  макони тавлиду меҳвар ва тавсеаву таҳкимбахши  Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҷорӣ кардани арзишҳои демократӣ, гуфтугӯи неруҳои сиёсӣ ва ҳамкории онҳо хидмати арзанда кардааст ва дар оянда низ барои амалӣ шудани ҳадафҳои олии зикршуда намунаи ибрат хоҳад буд.

Аз ин ҷост, ки шаҳри Душанбе — дорандаи Ҷоизаи Шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО дар соли 2012 аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботи амалкунандаи интихоби институтҳои Созмони Милали Муттаҳид (мавҷудияти уҳдадории баланд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, шаҳрдор ва институти намояндагии маҳаллӣ, ҷой доштани воқеияти зарфиятҳои ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи хоса дар шаффофияти фаъолият) дар радифи шаҳрҳои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филлипин), Марокаш (Марокко), Найроби (Кения),  Рио-де Жанейро (Бразилия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас) ба макони татбиқи Иқдомоти Глобалии волотарин созмони байналмилалии зикргардида дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон» оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳои сайёраамон интихоб гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ин пазириш ва арҷгузорӣ тавассути аз ҷониби сокинони шаҳр риоя намудани Маромномаи сокини пойтахт, Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе, гузашта аз ин пешбурди зиндагии қонунсолорӣ ва эҳтиром ба волоияти қонун, самар додааст.

Дар ин росто барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва болобарии сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии занон, таҳкими оиладорӣ, ки дар интиҳо тарбияи насли солимро баҳри устувории раванди ваҳдат дар ҷомеа самар хоҳад дод,  аввалин бор дар кишвар бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №460 аз 27 августи соли 2009 Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» таъсис шуд, ки имрӯзҳо дар иҷрои рисолати хеш муттасил комёб мегардад.

Воқеан, пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе дар  муттаҳидӣ ва  ташаккули неруҳои созандаи Ватан  нақши беназирро бозидаву иҷро менамояд. Таҳкими субот ва таъмини ҳамзистии осоиштаи аҳли ҷомеаи он худ кафили осудагии тамоми манотиқи кишвар мебошад.

Дар фазои соҳибистиқлолӣ баҳри таҳкими рукнҳои давлатдории навинамон  санаҳои нави воқеан ваҳдатофар, аз қабили Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи ваҳдат, Рӯзи Парчами давлатӣ  ва Рӯзи пойтахт таҷлил мегарданд ва ин арҷгузориҳо дар тақвияти ташаккули шинохти миллӣ, ҳифзи сарзамину садоқат ба он ва муқовимат ба таҳдиду тазодҳои ҷаҳони муосир нақши муассир мегузоранд.

Ҳамасола дар фазои тантанавию ташаббусҳои созанда ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар Рӯзи пойтахт ҷамъбаст ва қадргардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол», «Волидайни беҳтарини сол», «Беморхонаи сол», «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тиббии сол», «Муассисаи мусофиркашонии беҳтарини сол», «Ронандаи беҳтарини сол», «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт», «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил», «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт», «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт» ва «Соҳибкори беҳтарини  шаҳри Душанбе» аз рӯи 18 номинатсия ҳамоишу болидарӯҳӣ ва иштироки қишрҳои ҷомеаи шаҳрро дар раванди ободкориҳову фароҳамсозии хизматрасониҳо тавсеа мебахшад.

Фаъолияти ҳамарӯзаи шаҳрдорӣ сокинони пойтахтро ба бедорию огоҳии ватанхоҳона ба ҳам меоварад ва беш аз ҳарвақта водор менамояд, ки ҳар кадоме, сарфи назар аз мавқеи сиёсӣ, мансубияти иҷтимоӣ ва мансабу мақом дар ҷомеа, на бо ифтихори сохтаву забонӣ,  балки дар амал баҳри дурахши бегазанди он тавассути меҳнати аҳлонаи ҳамарӯза, ору номуси ватансозӣ, ки воқеан ҷавобгӯи ниёзҳои бунёди давлати соҳибистиқлоламон мебошанд, ҳиссагузор бошем.

То соли 2015 тамдиди фазои «Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ», ки бо  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  № 117-12 аз 27 декабри соли 2007 шуруъ аз соли 2008 баҳри баланд бардоштани масъулияти шаҳрнишинӣ ва ободкории сокинони пойтахти азизамон ҳукмфармоӣ дорад, чун идомаи иқдомҳои наҷиби ватандӯстона ин равандро такон ва таҳкими бемисл бахшидааст. Иштироки бевоситаи институтҳои шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи давлативу мустақил дар қабули қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва умуман идоракунию барномарезиҳои рушди шаҳр ба ин шаҳодат медиҳанд.

Таври мисол,  22 декабри соли 2011 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри ободонии шаҳр ва пурсамар гаштани татбиқи барномаҳои бунёдии инфрасохторӣ, ки аз ҳадафҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  бармеоянд, қарор қабул намуд, ки шуруъ аз соли 2012 то 2015 дар доираи эълон намудани «Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо» қисми иҷрои барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети шаҳрӣ ва буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ин мақсад сафарбар шаванд. Дар ин маъракаи муҳими эҳёи инфрасохтории ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз сокинон ва роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, Шӯрои хонаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию соҳибкорон ва роҳбарони субъекти хоҷагидории дар ин ҳудудҳо ҷойгирбуда даъват карда шуд, ки бо ҳисси баланди шаҳрдӯстиву масъулиятшиносӣ  ширкати  фаъолона варзанд. Дар ҳамовозӣ ба ин даъват бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №197 аз 18 апрели соли 2012 «Оид ба эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ дар таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» аз ҷониби 17 субъекти соҳибкории шаҳр  ба маблағи 15 млн. сомонӣ дар 92,7 км роҳҳо таъмири ҷорӣ ба сомон расонида шуд.

Дар ин зимн солҳои 2012 — 2014 баҳри коҳиш додани афзоиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз шаҳри Душанбе ва тавассути таъсиси ҷойҳои кории нав бо шуғл ва маоши сазовор таъмин намудани корҷӯён «Соли дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ» эълон гардида, барои татбиқи ин иқдом Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе азм намуд, ки дар асоси барномавӣ барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ ҷиҳати кӯмак ба соҳибкорон маблағҳои қарзиро дар тӯли соли молиявӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ихтисос диҳад. Дар ин ҷода инчунин потенсиали субъектҳои бонкӣ ва тиҷоратию соҳибкории ташаккулёфтаи шаҳр низ васеъ ҷалб хоҳад шуд.

Ё худ дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 280 аз 30 майи соли 2012 «Дар бораи дастгирии ташаббуси эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ ҷиҳати баргузории тӯйи домодию арӯсии ҷавонон аз оилаҳои камбизоат дар шаҳри Душанбе», ки мувофиқи он ба муносибати таҷлили 15 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  сабти асноди ҳолати шаҳрвандии 60 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои ниёзманди шаҳр дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо минбаъд ба ҳукми анъна ворид кардан доир карда шуд.

Мо бо дарки сабақҳои давлатдорӣ ва андешаҳои  ваҳдатдӯстонаи  ниёгонамон  дар шароити нави таърихӣ  асосҳои давлати соҳибистиқлоламонро қавӣ намуда, бо таҳкими муттасилияти раванди ваҳдат ба эъмори давлати  мутараққӣ, ки идоракунии он пайваста дар асоси ҳукумати электронӣ рушд карда бошад, устуворона қадам мегузорем.

Ба ин манзур Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз аввалинҳо шуда дар фаъолияти худ истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ҷорӣ намуд.

Бори нахуст дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар бобати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри таҳкимбахшии раванди ваҳдат, робитаи бевосита бо шаҳрвандон ва ташкили имкониятҳои иловагӣ дар ифодаи иродаву татбиқи ташаббусҳо, мавқею саҳмгузории онҳо дар фаъолияти шаҳрдорӣ ҳанӯз 19 ноябри соли 2004 Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj  ва 13 октябри соли 2005 почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com дар шабакаи  Интернет фаъол ва дар сомонаи шаҳрдорӣ Бахши иртибот бо Раиси шаҳри Душанбе (обратная связь) аз 13 октябри соли 2005 дар қисмати сомонагии «Раиси шаҳр» ҷой дода шуд.

Тавассути почтаи мазкур дар таносуби солҳо : 2005- 65, 2006- 477, 2007-155, 2008 -402, 2009- 499, 2010 — 1090, 2011 -975, 2012 — 849  ва ба ҳолати 1-уми июни соли 2013 — 804 муроҷиат ворид шуда, дар маҷмуъ 5316 ададро ташкил медиҳад ва ҳар кадоми онҳоро Раиси шаҳри Душанбе шахсан баррасӣ ва зери назорат қарор медиҳад. Ин тадбир раванди татбиқсозии эътимоди иҷтимоӣ ва имкониятҳои  сокинонро, ки кафили таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, боло бурда, ҳамзамон шаффофияти ҳамкориҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрро  пайваста тақвият мебахшад.

Илова бар он, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон, бақайдгирӣ, назорати электронию сари вақт бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ, ки яке аз омилҳои таҳкимбахши эътимоди иҷтимоӣ дар раванди ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад,  лоиҳаи инноватсионии «Мо метавонем!» — ро дар шабакаи Интернет аз 1 феврали соли 2012 дар реҷаи мустақим («On-Line»)  24 соат тавассути сомонаи www.mometavonem.tj ба истифода дод.

Агар дар гузашта барои ҳалли мушкилоташон оиди дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ тавассути телефонҳои боварии навбатдории шабонарӯзии доимоамалкунандаи шаҳрдорӣ ниёзи сокинони шаҳр  бароварда мешуд, феълан илова бар он тариқи сомонаи мазкур бо фиристодани паёмакҳо ба рақами телефонии 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj ё воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj  муроҷиатҳояшонро ирсол намуда, ҳолати иҷрои онҳоро аз ҷониби субъектҳои хизматрасон назорат ва  дар харитаи электронии шаҳр дар сомона аз вазъи ҷойдоштаи хизматрасониҳо нисбати рафъи садамаҳо  мустақиман мушоҳида баранд.

Аз 1 феврал то 1 июни соли 2013 тариқи сомонаи мазкур 2787 муроҷиати сокинони пойтахт дар соҳаҳои гуногун ворид гардид, ки ҳама муроҷиатҳои воридгардида ба пуррагӣ ҳалли худро ёфт.

Зикр бояд сохт, ки шаҳрдорӣ фаъолияти худро дар самти иттилоотонии сокинон аз ҳаёту масъалаҳои рӯзмарраи шаҳр тақвият бахшида, барои таъмини шаҳрвандон ба иттилоот дар ин хусус ва таҳлили афкори сокинон сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар сомонаҳои иҷтимоии Твиттер (@Dushanbe2012), Фейсбук (Dushanbe city) ва Мой мир (Шаҳрдории Душанбе) фаъол намуд.

Дар робита аз ин бардоштҳо, 23 августи соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Маркази равобити пойтахт» тибқи эълони қаблӣ суҳбати ошкорои «Бе миёнаравҳо»-и Раиси  шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 170 сокини шаҳри Душанбе — фаъолони шабакаи иҷтимоии www.facebook.com, ки намояндагони касбу кори гуногун мебошанд, ҳамчун усули нави коргирӣ аз қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Мулоқот 5 соату 30 дакиқа идома ёфта, пахши мустақими он бори нахуст тавассути сомонаи www.mometavonem.tj дар реҷаи мустақим («On-Line») барои онҳое, ки дар ин ҳамоиш иштирок карда натавонистанд, таъмин карда шуд.

Бо назардошти таҷрибаи муваффақонаи хизматрасонии сомонаи шаҳрии www.mometavonem.tj бо мақсади рушди унсурҳои «ҳукумати электронӣ», густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишиниву маърифати шаҳрдорӣ, сатҳи иттилоотонии сокинон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити иловагӣ дар татбиқи потенсиали созандаи онҳо бо роҳи қабули мустақими муроҷиату пешниҳод ва ташаббусҳои шаҳрвандон, ки ба амалисозии барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва инфрасохтории шаҳрдорӣ нигаронида шудаанд, лоиҳаи нави интерактивии «Бе миёнаравҳо»-ро бо фаъолсозии сомонаи www.bemiyonaravho.tj, ки фарогири бахшҳои зидди коррупсия, Нақшаи генералӣ, инноватсия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш, ҷавонон, оила ва кӯдак, шуғл ва савдову хизматрасонӣ мебошад, дар арафаи амалисозӣ қарор дорад.

Чунин таҷрибаи корбарӣ бо истифода аз потенсиали ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт ҳанӯз аз соли 2003 бо таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳр бо ибтикори бевоситаи шаҳрдорӣ амалӣ гардида, иқдомоти мазкур баҳри пешбурди ҳаёти хоҷагидорию ободонии шаҳр самараи нек медиҳад. Истифодаи ин усул имкон фароҳам овард, ки робитаи байни мақомоти иҷроия ва шаҳрвандон ҳамчун тақозои эътимоди иҷтимоӣ қавитар гардад ва раванди муҳайё сохтани имкониятҳо барои татбиқи потенсиали шаҳрвандон тавсеа ёфта, механизмҳои бюрократӣ дар гардиши муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ  бартараф карда шавад.

Имрӯз сокинони шаҳр ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ аз ин имкониятҳо бештар истифода менамоянд ва натиҷаи онро дар рушди меъморию инфрасохтории шаҳр, ҳалли саривақтии мушкилоту муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки дар доираи салоҳияти шаҳрдорӣ мебошанд, равшан метавон  мушоҳида кард.

Ин тадбирҳои шаҳрдорӣ низ ба таҳким ва  муттасил  шудани раванди ваҳдат мусоидат мекунад.

Албатта, ваҳдати ҷомеа  ба солимии ҳар як аъзои он ва муттасилии раванди ваҳдати неруҳои ояндасозу пешбарандаи он — ҷавонон сахт марбут аст. Барои тамрину солимгардонии ҷавонон  имрӯз дар шаҳри Душанбе 575 иншооти варзишии сатҳи гуногун хизмат мерасонад, ки сол то сол теъдоди чунин иншоот  зиёд мешавад. Танҳо дар арафаи Рӯзҳои пойтахт ва ҷавонон 8 адад майдончаи варзишӣ бо масоҳати 13300 м2 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Иловатан дар давоми соли 2013 бунёд ва ба истифода додани 13 майдончаи варзишии иловагӣ бо масоҳати умумии 16852 м2 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр ба нақша гирифта, сохтмони Қасри теннис барои 3000 ва Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст, бо назардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Карамов,  ба роҳ монда шудааст.

Дар иртибот ба идомаи тадбирҳо оид ба солимгардонии ҷомеа ва таблиғи оммавияти варзиш баҳри амалисозии ҳидоятҳои Роҳбари давлат зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар оид ба шанбеи ҳар ҳафта Рӯзи варзиш ва солимгардонии ҷомеа дар шаҳри Душанбе бо хизматрасонии ройгони майдончаҳо ва клубҳои варзишии аз буҷети шаҳр маблағгузоришаванда роҳандозӣ гардид.

Боварӣ ҳаст, ки ҷавонони шаҳр бо шуғл доштан ба варзиш, солимгардонии рӯҳу тан дар пешбурди тарзи ҳаёти солим ва бунёди оилаҳои намунавӣ, ки ахлоқи ҳамида ва тарбияи фарзандони ватандӯсту накуном ҷавҳари онро ташкил медиҳад, пешоҳангиро аз даст нахоҳанд дод.

Гузашта аз ин, дар толори интернетии КВД «Маркази равобити пойтахт» барои ҷавонони шаҳр бори нахуст дар таҷрибаи кишварҳои минтақа хизматрасонии креативии коворкинг — ба иҷорадиҳии мизҳои кории озод,  ки бо тамоми таҷҳизоти компютерӣ ва иртиботӣ муҷаҳҳаз мебошад, барои ташкили мулоқотҳои ҳамарӯзаи байниҳамдигарӣ ва интерактивии онҳо бо ҳамтоёни хориҷӣ кӯмак хоҳад намуд, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Роҳбарияти шаҳри Душанбе бо назардошти он ки сатҳи зиндагӣ ва маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ,  аз ҷумла бахши маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва оилаҳои ҷавон, ки  барои харидории манзили зист имконияташон маҳдуд аст, илова ба тадбирҳои мавҷуда, барномаи «Шароити арзанда»-ро  роҳандозӣ намуд.

Дар асоси он бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 38 аз 31 январи соли 2012 КВД «Сохтмони манзили дастрас»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз сохтмони 2 бинои 9-ошёнаи ҳар кадоме дорои 44 квартира дар кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев бо масоҳати 6010 м2, 2 бинои истиқоматии 12-ошёнаи 144 квартирадор дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, бо масоҳати умумии 10601,52 м2 ва 2 бинои истиқоматии 9-ошёнаи 90 квартирадорро дар маҳаллаи Муҳандиси ноҳияи Сино, бо масоҳати умумии 6028,74 м2  бо саҳмгузории шахсони воқеӣ оғоз намуда, дар маҷмуъ беш аз 22,5 ҳазор  м2  манзилро ба истифода медиҳад.

Илова бар он, дар кӯчаи Сино 42 лоиҳакашии Маҷмааи биноҳои бисёрошёнаи истиқоматиро, ки аз 10 бинои 14-16 ошёна ва 47175 м2 манзили дастрас иборат мебошанд, оғоз кардааст.

Ин амал  имкон хоҳад дод, ки  неруи илмию эҷодии аҳли зиё барои такмили донишу ихтироот ба нафъи кишвар бештар  сафарбар гашта, эҳсоси боварӣ дар худ ва бунёди давлати соҳибистиқлол  устувор гардида, тафаккур ва рӯҳияи солим  дар ҷомеа  бештар ҳукмфармо шавад. Дар ин самт ба вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявӣ баҳри дастгирии кормандонашон ҷиҳати сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрквартирадори хизматӣ қитъаҳои замин ҷудо гардидааст.

Аз ин ҷост, ки дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе феълан аз ҷониби вазоратҳои маориф, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ сохтмони биноҳои истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Зарафшон, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои 9-ошёна дар кӯчаи Мушфиқӣ,  инчунин ду бинои истиқоматии хизматии бисёрквартирадор дар шаҳраки 10 аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли бунёдшавӣ мебошанд.

Ин тадбирҳо яке аз воситаҳои устуворсозии асосҳои иҷтимоии ваҳдат буда, барои ҳампайвандӣ ва ҳамкориҳои табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар давраи комилан нави тараққӣ  ва пешрафти ҷомеаамон баҳри ваҳдати босубот хидмат хоҳад намуд.

Мо аминем, ки бо шарофати соҳибистиқлолиамон тамоми мушкилоти мавҷударо бартараф карда, бо сатҳи баланди худогоҳӣ ва ифтихор аз озодию соҳибдавлатӣ, ваҳдати худро таҳким бахшида, ҷомеаи саодатманд ва пешрафтаи демократиро эҷод ва дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносибро насиб мегардем. Баҳри ноил гардидан ба ин нияти олӣ ҳар яки мо — шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонони шаҳр, ки дорои хислатҳои наҷиби ватандӯстию созандагӣ ҳастанд, барои ғанӣ шудани олами маънавии худ ва дар бар гирифтани  арзишҳои беҳтарини иҷтимоӣ  кӯшиш намоем. Чунон ки Сарвари давлатамон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар 23 майи соли ҷорӣ  таъкид карданд: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву  ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи  соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо  дар ҳамин сурат  мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем». Оре,  ин суханон мароми ҳамаи  сокинони давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла сокинони шарифи пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе хоҳад гашт ва меъёри рафтору  зиндагии ҳар шахси бошараф ва бонангу номус қарор хоҳад гирифт.

Соли 2014  мо 90 — солагии мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро гардидани  шаҳри Душанберо  таҷлил менамоем, ки бешубҳа ин санаи фархунда ба раванди ваҳдати ҷомеаамон вусъату нусрати тоза хоҳад бахшид. Мутмаинем, ки  сокинони он чун ҳамеша намунаи равшани ваҳдатофаринӣ, маданияти  баланди шаҳрвандӣ, дӯстию рафоқат  гашта, обрӯю эътибори Ватани азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ  боз ҳам баланд хоҳанд бардошт. Дар ин ҷода ва амалисозии мароми ягонаамон — шукуфоию пешрафти бемайлони Ватани маҳбубамон дар доираи ваҳдати муттасили ҷомеаи азизамон  ба ҳамагон масъулияти баланди ватандӯстӣ ва ташаббусҳои беназири созанда хоҳонем.