Маҷлиси болоии парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта Аҳдномаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистонро ба тасвиб расонд. Он 14 сентябри соли гузашта дар ҷараёни сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон имзо шудааст.
Бино ба иттилои расмии Дафтари матбуоти Сенати Қазоқистон, аҳднома ҳар ду тарафро уҳдадор мекунад, ки аз истифодаи таҳдиду зӯрӣ зидди якдигар худдорӣ карда, бо ҷониби сеюм, ки ба амнияту қаламрав ва истиқлолашон таҳдид дорад, шартномаи ҳамкорӣ имзо накунанд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ ҳангоми тавзеҳи лоиҳа гуфтааст, ки Аҳдномаи шарикии стратегӣ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
«Дар пасманзари ҳаводисе, ки дар Шарқи Наздик ҷараён дорад, инчунин вазъи Афғонистон, фаъолшавии созмонҳои террористӣ, Қазоқистон ҳар чӣ бештар манфиатдор аст, ки амният дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, устувор бошад», — афзудааст Мухтор Тлеубердӣ.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон декабри соли гузашта ин санадро ба тасвиб расонид, ки таъмину таҳкими амнияти миллӣ, сулҳу субот, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ, рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
Таҳияи А. САМАНДАР