НОРАК. (Ҳусейн МИРЗОЕВ) Хонандаи синфи 11- уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 4-уми шаҳри Норак Гулхумор Юсупова дар даврҳои мактабӣ, шаҳрӣ ва вилоятии олимпиадаи мактабиён аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ғолиб баромада, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буд. Дар ин сабқати ниҳойӣ байни 12 нафар Г. Юсупова соҳиби ҷойи дуюм гардид.
-Ин ифтихори бузургест барои аҳли маорифчиёни шаҳр, ки хонандаи мактаби мо бо Ифтихорнома ва медали нуқраи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд, — гуфт директори мактаби мазкур Абдуғаффор Содиқов. Ҳамзамон Гулхумор Юсупова соҳиби тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст ва метавонад ба яке аз мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе имтиҳон дохил шавад.