КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Кишоварзони навоҳии минтақаи Кӯлоб баҳри рушди соҳа ва расидан ба истиқлолияти озуқавории мамлакат пайваста ҷаҳду талош меварзанд. Шаҳодати ин амал иҷрои барзиёди нақшаи кишти зироат мебошад. Тибқи нақша, бояд дар маъракаи имсолаи кишти тирамоҳию баҳорӣ, дар майдони 134989 гектар зироати гуногун кишт мекарданд. Тавассути ба роҳ мондани ташкили хуби фаъолият, онҳо ин рақамро ба 136744 гектар расониданд, ки 1117 гектари он аз нақша зиёд аст. Дар иҷрои барзиёди нақша саҳми кишоварзони ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб арзанда мебошад.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон