Карим Масимов дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

№133 (3613) 25.10.2016

30532569265_1742bbc87d_o24 октябри соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба иштироки муштарак дар таъмини амнияту субот дар Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақа, инчунин тақвияти иқтидору имкониятҳои неруҳои марзбонӣ табодули афкор намуданд.

Доир ба ҳамдастии муштарак дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимати густурда ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуда, зарурати таҳкими равобити дуҷониба барои таъмини амнияти миллӣ ва густариши ҳамкории байни хадамоти махсуси амниятии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид гардид.

www.president.tj