Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш
29 октябри соли 2016, шаҳри Роғун
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд ва сохтмончиёни гиромӣ!
Ин лаҳзаҳо мо ба хотири оғози корҳои бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳалаҳои муҳими сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, ҷамъ омадаем.
Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад.
Бинобар ин, ман бо камоли ифтихор кулли мардуми шарифи кишвар, хусусан шумо, бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун», лоиҳакашону бинокорон, кормандони муҳандисиву техникии ин ҷабҳаи барои Ватани маҳбубамон тақдирсоз, инчунин роҳбарону мутахассисони ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва махсусан, пудратчии асосии бунёди сарбанд – ширкати «Салини Импреҷило» — ро ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ сидқан табрик мегӯям.
Ояндаи наздик ҳар як сокини мамлакат аз самараи заҳмати шумо баҳравар хоҳад гашт, зеро хонаҳои ҳамватанони мо бо нуре таъмин мегардад, ки бо заҳмати бунёдкоронаи шумо дар ҳамин неругоҳ истеҳсол хоҳад шуд.
Бинобар ин, итминони комил дорам, ки дар ин лаҳзаҳо ҳамаи сокинони мамлакатро рӯҳияи баланди миннатдорӣ ва ифтихор аз ғайрати созандаи шумо, сохтмончиёни баҳодур фаро гирифтааст.
Басо рамзист, ки ин рӯйдоди воқеан таърихӣ дар соли таҷлили ҷашни муқаддаси 25 — солагии истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон ба вуқӯъ мепайвандад ва дастоварди беҳтарини мардуми шарифи кишварамон дар ин сол мебошад.
Тавре ки медонед, таърихи биступанҷсолаи кишварамон пур аз тазоду мушкилот, бурду бохт ва пастиву баландиҳо буд.
Бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо, мо тавонистем, ки ба шарофати дастгирии самимона ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавииродаи кишварамон рушди бомарому устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамонро таъмин намоем.
Вале дар роҳи рушди иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи мо ҳанӯз як қатор мушкилоте боқӣ мондаанд, ки ҳаллу фасли онҳо барои рушди ояндаи кишвари азизамон ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум хеле муҳим мебошад ва мо вазифадорем, ки барои ин кор дастаҷамъона талош варзем.
Яке аз ин масъалаҳо нарасидани неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон мебошад.
Чунонки ба ҳама маълум аст, дар Тоҷикистон манбаъҳои нафту газ ва истихроҷу коркарди сӯзишворӣ ба қадри кофӣ нестанд, вале захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, ки онҳо боигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад.
Бо вуҷуди чунин иқтидори бузург дар давоми солҳои зиёд кишвари мо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба норасоии шадиди неруи барқ рӯ ба рӯ мешавад, ки ин боиси мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ мегардад.
Солҳое буданд, ки мардуми кишвар дар хунуктарин давраи сол ҳамагӣ як — ду соат барқ мегирифтанд ва баъзе рӯзҳо умуман бебарқ мемонданд.
Муассисаҳои барои мардум ҳаётан муҳим — мактабҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ кор намекарданд. Ҳамаи ин, албатта, ба шароит ва сифати зиндагии мардум, рушди иқтисод ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонид.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Ҷиҳати таъмини минбаъдаи кишвар бо қувваи барқу гармӣ тавассути барқарор намудани неругоҳҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, бунёди хатҳои интиқоли барқ, кам кардани талафоти техникии он, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва технологияи каммасраф ва аз ҷониби дигар, ба танзими оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақа диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Татбиқи чандин лоиҳаи муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика нишонаи заҳмату талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар мебошад, ки дар натиҷа имрӯз шиддати норасоии неруи барқ хеле коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид.
Умуман, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидорҳо ва инфрасохтори энергетикӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 26 миллиард сомонӣ (зиёда аз се миллиард доллари амрикоӣ) равона гардидааст.
Аз ҷумла, барои ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ 8,6 миллиард сомонӣ (баробар ба як миллиарду 225 миллион доллари амрикоӣ), бунёди инфрасохтори нави энергетикӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо сеюним миллиард сомонӣ (500 миллион доллари амрикоӣ) ва барои таҷдиду азнавсозии таҷҳизоту шабакаҳои мавҷуда, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва баҳисобгирии неруи барқ қариб якуним миллиард сомонӣ (беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ) сарф шудааст.
Айни замон, дар баробари корҳои аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ иҷрошудаистода, татбиқи 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 4,8 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ 2,7 миллиард сомонӣ, инфрасохтори нав як миллиард сомонӣ ва барои таҷдиду азнавсозии таҷҳизоту шабакаҳои мавҷуда 900 миллион сомонӣ идома дорад.
Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.
Ҷиҳати анҷом додани корҳои таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» (иваз кардани ду чархаи корӣ ва таъмиру таҷдиди инфрасохтори он) то имрӯз беш аз 650 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст.
Илова ба ин, ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ (беш аз чор миллиард доллари амрикоӣ) равона мешавад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз шуда, соли оянда марҳалаи дуюми барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи се миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мегардад.
Рӯзҳои наздик навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 300 мегаватт ба кор оғоз хоҳад кард, ки дар баробари истеҳсоли неруи барқ, инчунин, хонаҳои сокинони пойтахти кишварро бо гармӣ таъмин мекунад.
Албатта, ин боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикии кишвар хоҳад буд. Вале тавре ки борҳо гуфтаам, бе сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст.
Сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.
Сохтмони чунин як иншооти бузургу беназир, яъне Неругоҳи барқи обии «Роғун» ки барои Тоҷикистон тақдирсоз аст, аз лиҳози техникиву муҳандисӣ ва молиявӣ тартибу усули махсусро талаб менамояд. Бинобар ин, таъкид месозам, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» кори саҳлу осон ва яксолаву дусола нест.
Аз таҷрибаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Норак», ки 18 сол давом кард, мо медонем, ки бунёди чунин иншооти бузург муҳлати муайянро талаб мекунад, ки он ҳам аз талаботи технологияи сохтмони сарбанд ва ҳам аз муддати марҳала ба марҳала пур кардани обанбор бармеояд.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба «иқтисоди сабз», ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад.
Бо дарназардошти ин, мо тасмим гирифтаем, ки ин иншооти ҳаётан муҳимро бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарин ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ бунёд намоем.
Маҳз ба ин хотир, баъди анҷом ёфтани марҳалаи арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа, мо тавассути эълон намудани тендери байналмилалӣ ширкатҳои бонуфузи ҷаҳониро барои иштирок дар сохтмони неругоҳ даъват кардем ва ширкати пирӯз – «Салини Импреҷило»-и Италия, ки дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба ба шумор меравад, аллакай, фаъолиятро барои сохтмони сарбанди неругоҳ оғоз намудааст. Яъне, сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» — ро маҳз ҳамин ширкат месозад.
Иҷрои корҳо оид ба назорати раванди сохтмон ва намояндагии фармоишгар ба дӯши ширкати бонуфузи дигар – «Трактебел инҷиниринг»-и Франсия, ки дар самти корҳои машваратӣ ва муҳандисӣ таҷрибаи зиёд дорад, гузошта шудаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ман ба ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, ки дар бунёди неругоҳ заҳмат кашида истодаанд, барори кор орзу менамоям.
Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.
Чунонки зикр кардам, дар ҷараёни сохтмон ба сифати кор, масолеҳ ва таъмини стандартҳои байналмилалии бехатарӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Бинобар ин, ба иншоот беҳтарин ва навтарин таҷҳизоти санҷиши сифат ва назорати корҳои сохтмон ва фаъолияти минбаъдаи неругоҳ ворид карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.
Навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд. Яъне, моҳи декабри соли 2018 Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ оғоз мекунад ва нури «Роғун» дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.
Дӯстони азиз!
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи хосаро тақозо менамояд, аҳамияти минтақавӣ доштани лоиҳаи мазкур аст. Иншооти «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, дар ҳақиқат метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад.
Бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт.
Иншооти мазкур имкон медиҳанд, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад.
Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Зимнан, ҷиҳати ҳаматарафа ба инобат гирифтани манфиатҳои кишварҳои минтақа мо соли 2007 ба Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳа муроҷиат намудем ва аз он вақт ҳафт солро сарфи гуфтушунид ва омӯзишу таҳқиқоти ин лоиҳаи муҳим намудем.
Беҳтарин коршиносони ҷаҳонӣ тавассути ду ширкати мушовир ва ду гурӯҳи мутахассисони мустақил ба ин раванд ҷалб гардида буданд, ки тавассути машварату пажӯҳишҳо ва ташкили ҷаласаҳои махсус бо кишварҳои минтақа ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаро ҳамаҷониба баррасӣ карда, хулосаҳо пешниҳод намуданд.
Дар натиҷа, соли 2014 арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа имконпазирии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ро тасдиқ намуд.
Ҳоло, дар шароите ки ба минтақаи мо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он ба муҳити зист, инчунин, нарасидани об зарари торафт калон мерасонанд, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ иқдоми оқилонаву самаранок ва фоидаовару безарари истифодаи захираҳои обу энергетикӣ ба шумор меравад.
Дар хотир бояд дошт, ки маҳз сохтмони неругоҳҳои нави хурду бузурги барқи обӣ имкон фароҳам меорад, ки на танҳо норасоии неруи барқ бартараф карда шавад, балки дар давраҳои хушксолӣ ҳамаи кишварҳои поёноби минтақа бо об таъмин гарданд.
Аз ин лиҳоз, мо мехоҳем тавассути роҳандозии барномаҳо дар соҳаи энергетика захираву имкониятҳои худро ба хизмати тамоми сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ гузорем, зеро содироти неруи барқ тавассути шабакаҳои байнидавлатӣ ва таъминоти мунтазами об ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа мебошад.
Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус бо кишварҳои ҳамсояи худ, ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад.
Дар робита ба ин, мо борҳо иброз намудаем ва мехостам такроран таъкид намоям, ки мо тарафдори ҳамкориҳои самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем. Зеро чунин муносибат тақозои ҳаёт буда, ба зиммаи ҳамаи мо дар назди наслҳои ояндаамон масъулияти бузургро мегузорад.
Вобаста ба ин, ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст.
Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо ба идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем.
Илова бар ин, такроран иброз медорам, ки мо омодаем бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ лоиҳаи бо оби нӯшокии аълосифати кӯли Сарез таъмин намудани кулли мардуми кишварҳои Осиёи Марказиро амалӣ созем, ки барои мардуми минтақа абадан басанда аст.
Мо имрӯз бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистони дӯсту бародар дар самтҳои мутақобилан судманд, бахусус, обу энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои дигар ҳамкориҳои неки ҳамсоягиро ба роҳ мондаем ва эътимоди комил дорем, ки тамоми масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва ба манфиати халқҳоямон ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
Ҳамватанони азиз!
Тоҷикистон имрӯз дар марҳалаи татбиқи ҳадафҳои созандаву ободгарона, бахусус бунёди иншооти хурду бузурги гироэнергетикӣ қарор дорад.
Мақсади асосии мо аз татбиқи ин ҳадафи созанда, дар навбати аввал, таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишварамон буда, ҳамзамон бо ин, ният дорем, ки раванди саноатикунонии мамлакатро густариш бахшем ва бо ин роҳ ҳазорҳо ҷойҳои корӣ таъсис диҳем, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистонро афзун карда, масъалаҳои иҷтимоиро ҳаллу фасл намоем.
Ва ин амри табиист, зеро бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар олами тағйирёбандаи оғози ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хосаи худро соҳиб гардад ва мардуми Тоҷикистон масъулияти худро дар назди таърихи гузаштаву тақдири ояндаи миллат сарбаландона иҷро намоянд.
Дар хотима мехоҳам иброз намоям, ки ҳамаи дастовардҳои мо дар самти рушди соҳаи энергетика ва умуман, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт маҳз самараи истиқлолият мебошанд ва миллати тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Итминони комил дорам, ки халқи мо барои ноил гардидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар қодир аст ва ба хотири рушди давлат, ободии Ватан ва зиндагии орому осудаи ҳар як хонадони кишвар минбаъд низ содиқонаву аҳлона заҳмат хоҳад кашид.
Бо ибрози ҳамин ниятҳои нек бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо ҳозирини арҷманд, инчунин, ширкатҳои ҳамкор ва сохтмончиёнро ба муносибати рӯйдоди таърихии имрӯза самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан хушбахтӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизамон ободиву пешрафти боз ҳам бештарро орзу менамоям.
Ба шумо, бунёдкорони баҳодури Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки иншооти тақдирсоз ва рамзи нангу номуси миллии мо мебошад, саломатӣ, барору комёбиҳои тоза ва фатҳу кушоиши рӯзафзун орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!