Дар арафаи иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ — Рузи милитсия Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 31 октябри соли 2016 ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо ҳайати шахсии Раёсат суҳбат намуд.
Зимни суханронии худ Раиси шаҳр доир ба фаъолияти анљомдодаи кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи љамъиятӣ дар шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки фаъолияти сохтори марбута бо инобати тағйирёбии муносибатҳои љамъиятӣ пайваста тавсеаву беҳбудиро тақозо менамояд.
Дар вохурӣ зикр гардид, ки имрӯз ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавӣ зери таваљљуҳи пайвастаи мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, як қатор имтиёзҳо низ барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст.
Аз љумла, ҳамасола дар баробари озмунҳои дигари касбии шаҳрдорӣ, дар арафаи Рӯзи пойтахт озмуни «Нозири минтақавии беҳтарин» бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе гузаронида мешавад ва ғолибони 3 љойи аввал бо мукофотҳои пулӣ сарфароз мешаванд. Инчунин дар арафаи иди касбии кормандони милитсия низ ҳамасола меҳнати кормандони Раёсат аз Мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардид.
Новобаста аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки то ҳол дар шаҳр тартиботи љамъиятӣ таври зарурӣ таъмин нест ва савдои кӯчагӣ дар гӯшаву канори пойтахт, бахусус дар истгоҳҳои нақлиётӣ ба мушоҳида мерасад, ки бартараф намудани он пеш аз ҳама вазифаи кормандони милитсия мебошад.
Дар идомаи вохурӣ зикр гардид, ки бояд кормандони Раёсат ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт бо масъулияти баланди хизматӣ ва ибрати шахсӣ фаъолият намоянд. Зеро сокинону меҳмонони пойтахт дар симои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳимоятгару муҳофизи худро мебинанд ва чунин арзёбӣ фаъолият ва масъулияти касбии бештарро аз онҳо тақозо менамояд.
Вобаста ба таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе даъват намуд, ки корро дар ин љода ва риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба танзими расму оин љоннок намоянд.
Дар фарљоми мулоқот ба муносибати Рӯзи милитсияи тољик дар доираи татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, — Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 15 адад автомашинаҳои тамғаи Шкода-Актавиаи барориши соли 2016 тақдим шуд.
Ш. Саидов