Чанде пеш андешаронии роҳбари Консорсиуми юридикии Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров оид ба масъалаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи «Азия Плюс» аз 8 апрели соли 2013 нашр гардид, ки дар он муаллиф воқеиятро таҳриф намуда, мардумро то андозае ба каҷфаҳмӣ ҳидоят менамояд.
Мавзуе, ки Р.Зоиров матраҳ намудааст, нав набуда, беш аз даҳ сол аст, ки дар матбуот чун «ҳақиқати бебаҳс» аз ҷониби ӯ иброз мегардад, ҳол он ки ҳуқуқшиносон ба масъалаҳои гузошташудаи муаллиф аз тариқи матбуот қотеъона посух дода буданд. Р.Зоиров бояд эътироф намояд, ки ҷавоби пурраву мушаххас ба масоили бамиёнгузоштааш дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда дода шудааст. Мутаассифона, воқеияти чун Офтоб равшанро нодида мегирад ва ақидаи хешро «ҳақиқати кул» мешуморад, ки ин шеваи муҳокимаронии ӯ ҷуз аз ба иштибоҳ андохтани мардуми кишвар чизи дигар нест.
Ба ростӣ, моро, чун намояндагони илми ҳуқуқшиносии кишвар, чунин «суханпардозӣ»-и Р.Зоиров, ки асосҳои воқеӣ ва воқеияти таърихии кишварро ба инобат нагирифта, маълумотҳои сирф дурӯғро пешкаши мардуми кишвари азиз намудааст, дар шигифт гузошт. Чун ӯ дар бештари ҷамъомадҳо ба ҳайси олими ҳуқуқшинос муаррифӣ мешавад, аз дидгоҳи ҳампешагӣ мулоҳизаҳои бепояву бемояи эшон моро бетараф нагузошт.
Р.Зоиров дар гузориши худ перомуни тағйироту иловаҳое, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид намуданд, изҳори андеша мекунад. Ӯ, бавижа атрофи як модда – моддаи 65-уми он, ки муҳлати салоҳияти Президентро муқаррар менамояд, суханпардозӣ мекунад. Бале, маҳз суханпардозӣ, зеро андешаҳои Р.Зоировро аз ин беш «тавсиф» намудан имкон надорад. Дар он воқеияти таърихӣ чунон бомаҳорат таҳриф шудааст, ки касро ба гумроҳӣ мебарад. Р.Зоиров дидаву дониста (ё дар ҳақиқат намедонад) таъкид мекунад, ки гӯё тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шуд, на ин ки санаи 26 сентябр, балки 6 ноябри соли 1999, яъне дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида бошад. Нуктаи асосие, ки атрофи он Р.Зоиров суханпардозӣ мекунад, маҳз ҳамин иштибоҳ (ё гумроҳкунии бадқасдона) мебошад. Аз ин ҷост, ки изҳороти ӯ пур аз хулосабарориҳои ғайримантиқӣ ва таҳрифкунандаи воқеияти таърихӣ мебошад.
Р.Зоиров, «олим»-и ҳуқуқшинос! Имрӯз ҳар як хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ медонад, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, бо ҳамин роҳ ду маротиба ба он — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тағйироту иловаҳо ворид гардидааст. Аммо шумо дидаву дониста, такрор ба такрор мардуми шарифи Тоҷикистонро таъкид мекунед, ки тағйироту иловаҳо 6 ноябри соли 1999 ворид карда шудааст ва натиҷаи расмии раъйпурсӣ бошад, рӯзи 17 ноябри соли 1999 эълон гардидааст.
Раванди баргузор гардидани чорабиниҳо оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишварамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аён аст. Чунки мувофиқи моддаи 99- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид карда мешавад, се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.
Воқеият чунин аст, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 30 июни соли 1999 таҳти №816 пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Комиссияи оштии миллӣ таҳия намудааст, қабул намуда, ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта буд.
Бо қарори дигари Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 таҳти №817 раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе — 26 сентябри соли 1999 таъйин шуда буд.
Ҳамин тариқ, раъйпурсии умумихалқӣ маҳз рӯзи 26 сентябри соли 1999 (на 6 ноябри соли 1999) баргузор гардида, натиҷаҳои расмии он аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 октябри соли 1999 (на 17 ноябри соли 1999, тавре Р.Зоиров иддао намудааст), эълон шудааст. Яъне, тағйироту иловаҳо ба Конститутсия аз 2 октябри соли 1999 эътибори қонунӣ пайдо намуда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1999 маҳз дар асоси ҳамин тағйироту иловаҳои эътибори қонунӣ пайдокарда гузаронида шудааст.
Аз ин рӯ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1999 барои 7 сол пурра қонунӣ ва асоснок буда, дар доираи талаботи Конститутсия баргузор шудааст.
Бинобар ин, даъвои ӯ, оид ба он ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1999 дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 баргузор шудааст ва аз ноябри соли 2004 то ноябри соли 2006 ва аз соли 2006 то имрӯз Президент Эмомалӣ Раҳмон ғайриқонунӣ фаъолият намудааст, комилан ботил буда, беҳуда мардумро ба сӯйи гумроҳию парешонии хотир мекашад.
Доир ба он ки 3 сентябри соли 1999 дар вақти амали Конститутсияи соли 1994 интихоботи Президент ба рӯзи 6 ноябри соли 1999 таъин карда шудааст, мехоҳем баён намоем, ки ин танҳо кори ташкилӣ барои дар муҳлати дар қонун пешбинишуда таъин намудани интихобот буда, ба натиҷаҳои интихобот ягон пайвастагӣ надорад.
Тибқи моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳое, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул мегарданд, эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ба ҳеҷ гуна тасдиқшавӣ ниёз надорад ва иҷрои онҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҳатмист.
Тағйироту иловаҳое, ки маротибаи дуюм ба Конститутсия ворид карда шуданд, масъалаҳои пешниҳодгардидаро возеҳу равшан ифода менамоянд.
Раъйпурсӣ, дар ҳақиқат, рӯзи 22 июни соли 2003 баргузор гардид, ки он вақт муҳлати ваколати Президент ба анҷом нарасида буд ва идома меёфт. Аз ин рӯ, маҳз ба хотири аз байн бурдани шубҳаҳо ва дақиқу возеҳ муайян кардани роҳи ҳалли масъалаҳои минбаъда дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми махсус таҳти унвони «Муқаррароти интиқолӣ» ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардид ва халқи Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ кард.
Дар қисмати «Муқаррароти интиқолӣ» дар баробари дигар масъалаҳои хеле муҳим доир ба интихоботи Президенти ҷумҳурӣ низ меъёр муқаррар гардидааст.
Мувофиқи банди 3- юми «Муқаррароти интиқолӣ»: «Интихоби пай дар пайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад».
Ҳамин тариқ, даъвои Р.Зоиров оид ба масъалаҳои зикргардида беасос буда, мавқеи ӯро ба ҷуз аз гумроҳ кардани мардум дигар чизе шуморидан раво нест. Барои дарки ин масъала ҳамагӣ як назари солим ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда кифоя аст.
Дар поён, ба шумо Р.Зоиров гуфтанӣ ҳастем, ки ба унвони волои олими ҳуқуқшинос будан доғ наоред. Ҳуқуқшинос, пеш аз ҳама, бояд воқеъбин ва ҳақиқатҷӯ бошад, зеро мардум суханҳои ӯро бовар мекунад, ба ҳуқуқшиносон (махсусан олимони ҳуқуқшинос) халқ эътимод дорад. Аз мавқеи ҷамъиятии худ, аз боварии мардум, аз эътимоди хосаи омма сӯистифода карда, бо андешаҳои муғризонаи хеш вазъи босуботи ҷомеаро халалдор кардан ройи савоб нест.
Э.С. Насурдинов, Б.А.Сафаров, М.Н. Раҷабов, Д.Ш. Сангинов,
устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон