Бо роҳи тақаллуб тартиб додани ҳуҷҷат аз нигоҳи қонун ҷавобгарӣ дорад, вале баъзе мақомот бо вуҷуди огоҳӣ ҳақиқатро сарфи назар мекунанд.
Соли 1985 ман бо Алимҷон Зоолшоев оила барпо намуда, соҳиби ду писар (Кишвар ва Фирдавс) шудем. Аз рӯзи оиладор шудан дар манзили истиқоматии мутааллиқ ба ӯ дар шаҳри Хоруғ зиндагӣ мекардем. Манзили мазкур аз аввал ба хушдоманам тааллуқ дошт ва мувофиқи шартномаи ҳадя ӯ манзилро ба шавҳарам вогузор намуд. Ману шавҳарам бо пешбурди хоҷагии умумӣ дар ин манзил зиндагӣ карда, дар таъмири он саҳм гузошта будем.
Мутаассифона, шавҳарам мубталои бемории нашъамандӣ буд ва ин бемории ӯ қариб 20 сол идома дошт. Дар ин давра мо ӯро нигоҳубин мекардем. Писаронам падарашонро ба шаҳри Душанбе оварда, табобат намуданд. Ҳар ду писарам бо хоҳишу иродаи падар дар хона ба қайд гузошта шуда буданд.
Шавҳарам соли 2014 вафот кард. Ман, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат доштам, писарамро барои ҳалли масъалаи мероси падараш ба шаҳри Хоруғ фиристодам. Ӯ маълум кард, ки падараш манзили истиқоматиро гӯё тибқи шартномаи ҳадя аз соли 2008 ба номи апааш Шозодахоним гузаронидааст. То он вақт на ман ва на писаронам дар бораи имзои шартномаи ҳадяи манзил байни шавҳарам ва апааш маълумот надоштем, зеро агар ин шартнома дарвоқеъ ҷой медошт, пас Шозодахоним онро ба таври воқеӣ омада қабул мекард. Аммо Шозодахоним манзилро ҳамчун предмети ҳадя ба таври воқеӣ қабул надоштааст ва ягон рӯз дар он истиқомат накардааст.
Ваҷҳи дигари қалбакӣ будани шартнома дар он аст, ки шавҳари ман соли 2008 дар ҳеҷ сурат ба Идораи нотариалии давлатӣ рафта, чунин шартномаро имзо карда наметавонист, зеро ӯ бемор буд. Тавре аз ҷавоби прокурори ВМКБ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Наботов М. Ғ. бармеояд, шавҳари ман Алимҷон Зоолшоев дар дафтари бақайдгирии маризони диспансери наркологии ВМКБ таҳти № 263 аз соли 2001 ба қайд гирифта шудааст. Нотариуси давлатие, ки ин шартномаро ба қайд гирифтааст, ғайриқонунӣ амал карда, қобилияти амали ҳадякунандаро насанҷидааст.
Ҳамчунин, зимни бегона кардани манзил бояд нотариуси давлатӣ розигии писаронамро, ки дар қайди расмӣ буданду ҳуқуқи истифодабарии ин манзилро доштанд, мегирифт. Писаронам баъди ба имзо расонидани шартномаи ҳадяи манзили истиқоматӣ чун пештара дар қайди расмии ин манзил боқӣ мондаанд.
Ҳамин тавр, бинобар пинҳонӣ баста шудани шартномаи ҳадя ҳуқуқҳои писарони ман моҳиятан халалдор гардидааст ва онҳо аз ҳуқуқи истифодаи манзили падарӣ маҳрум карда шудаанд.
Суди марҳилаи якум танҳо ба баёноти Ш.Зоолшоева такя намуда, хулоса қабул намудааст. Мутобиқи талаботи моддаи 200 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаи суд бояд асоснок ва қонунӣ бошад. Инчунин, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳалномаи судӣ» аз 24 апрели соли 1998 муқаррар менамояд, ки ҳалномаи суд ба он далелҳое бояд асоснок шавад, ки онҳо дар маҷлиси судӣ пурра санҷида шуда, ихтилофи онҳо бартараф гардидааст. Аммо суд ҳангоми хулосабарорӣ дар бораи вуҷуд доштани ҳуқуқу уҳдадории тарафҳо далелҳоеро ба асос гирифтааст, ки онҳо хулосабарориҳои судро аниқу дақиқ тасдиқ карда наметавонанд.
Дар шартномаи ҳадя имзои шавҳари ман нест. Суд бояд барои муайян кардани ин ҳолат экспертизаи хатшиносӣ мегузаронд. Аммо суди зинаи аввал ба ин ҳолат ягон баҳои ҳуқуқӣ надода, қарори ғайриқонунӣ қабул намудааст.
Зимни бақайдгирӣ дар МБТИ ба сохтакорӣ роҳ дода шудааст, вале суди марҳилаи якум ва баъдан марҳилаи кассатсионӣ ин ҳолатро сарфи назар кардаанд.
Шартномаи ҳадя байни шавҳарам ва хоҳараш Ш. Зоолшоева дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шуда, аммо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гузошта нашудааст. Танҳо қайди техникӣ дорад, ки он ҳам қалбакӣ буда, дар ҷойи насаби бақайдгиранда танҳо имзо гузошта шудааст. Ҳамчунин, дар шартномаи ҳадя дар қайди техникӣ штампи КФББТ гузошта шудааст. Номи МБТИ танҳо дар соли 2010 иваз шуда, ба КФББТ табдил дода шуд. Шартномаи ҳадя бошад, соли 2008 баста шудааст, ки он вақт штампи КФББТ вуҷуд надошт. Шояд бақайдгиранда оқибат фошшавии ин амалро дониста, ному насабашро нанавиштааст.
Мувофиқи талаботи моддаи 351 қисми 1 КМГ ҶТ асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳалнома бо тартиби кассатсионӣ инҳо мебошанд:
- нодуруст муайян кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта;
- исбот нагардидани ҳолатҳои муайяннамудаи суди марҳилаи якум, ки барои парванда дорои аҳамият мебошанд;
- номутобиқатии хулосаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои парванда, ки дар ҳалнома дарҷ гардидаанд.
Бо дарназардошти ин ҳолату асосҳо суди марҳилаи кассатсионӣ бояд чунин ҳалномаи суди марҳилаи якумро бекор мекард, аммо суди марҳилаи кассатсионӣ камбудиҳоро нодида гирифта, чунин ҳалномаи ғайриқонуниро бетағйир мононда, шикояти маро рад намудааст.
Шояд баъди нашри ин нома дар рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқат рӯи об барояд?!
Аспармоҳ Назаршоева, сокини шаҳри Душанбе