Шаҳри зуҳури ваҳдат

№141-142 (3621-3622) 15.11.2016

30004246234_04db5b0bc5_oДар ҳошияи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Роғун

Имрӯзи мойӣ Роғун,

Фардойи мойӣ Роғун,

Рӯйи ҷаҳон надидам,

Ҳамто ба пойӣ Роғун.

 Эй шаҳри нури ваҳдат,

Шаҳри зуҳури ваҳдат,

Рӯзе навишта гардад,

Ин ҷо «Забур»-и ваҳдат.

 Қавмест қавӣ ирода,

 Дар ҷабҳаҳо ситода,

 Армони рафтагонро,

 Месозад ӯ пиёда.

 

Шаъни диёри Тоҷик,

Ҳам ифтихори Тоҷик,

Дар соли умри миллат,

Ҳастӣ баҳори Тоҷик.

Эй шаҳри нангу номус,

Эй шаҳри ваҳдатомӯз,

То ҷовидон бимонӣ,

Чун рамзҳои Наврӯз.

 Имрӯзи мойӣ Роғун,

Фардойи мойӣ Роғун,

Рӯйи ҷаҳон надидам,

Ҳамто ба пойӣ Роғун.

Диловари Мирзо, «Садои мардум»