Шумо аз табори мо нестед

№68 (3053) 08.06.2013

Чанд рӯз аст, ки рӯзноманигори беватан Додоҷони Атовулло шабакаи телевизионии «К+»-ро ба иҷора гирифта, тавассути он ҳадафҳои ғаразнокашро бо алфози қабеҳ, ки аз одоби журналистӣ фарсахҳо дур аст, пахш мекунад. Ростӣ, аз суханҳои иғвобарангез, аз услуби баёни ӯ нафрати тамошобин меояд. Кас гумон  мекунад айнаки чашмони Д.Атовулло наздикбин не, балки монанд ба гаҳвораҷунбон аст, ки аз берун равшан асту аз дарун монанд ба хӯи бад ва ниятҳои нопоки соҳибаш сиёҳ. Ин айнак ҳама чизро пеши назари ӯ тира, ваҳмангез ва даҳшатбор мегардонад. Ӯ аз ҳамин дидгоҳ, бо ҳамин шеваи гуфтор ва амал дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсии мамлакат обруйи Сарвари давлати тоҷиконро пеши бегонагон резондан мехоҳад.

Аммо ман сахт итминон дорам, ки инсони солимфикр  ва бохирад ба ин дурӯғу туҳмат ва васваса бовар намекунад. Ман Додоҷони Атовуллоро хуб мешиносам, навиштаҳояшро зиёд мутолиа намудаам ва боре эҳсос накардаам, ки ӯ бо нияти хубу дили пок, беғаразона ва софдилона сухан гуфтаву эҷод карда бошад.

Бале, Президенти муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон бештар аз бист сол аст, ки давлати тоҷиконро сарварӣ карда, ба кишвар нусрату шуҳрат ва ба халқ саодату хушбахтӣ меоварад. Аммо шумо- рӯзноманигори ноком ва бадбахт Додоҷони Атовулло ин ҳамаро надидаед ва дида ҳам наметавонед, зеро ба бахту одату омоли бадатон аз як мамлакат ба мамлакати дигар овораед.

Мо-ватандӯстони асил, шаҳрвандони хушбахти Тоҷикистон медонем, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мардум чӣ хизматҳое кард, мамлакатро аз вартаи ҷангу нооромӣ чӣ гуна вораҳонид, оҳи ҳазорҳо гурезагонро бо ашки чашмон ва дили садпора чӣ гуна шунид ва онҳоро ба Ватан баргардонд, ин Ватанро чӣ гуна обод карду халқро сарфароз гардонид.

Шумою ҳаракати қалбакӣ ва ғайриқонунии «Ватандор»-атон ин ҳамаро аз куҷо  медонед?! Шумо ва монанди шумо дасисабозону иғвогарони дигар дар Ватани шеъру шоирӣ, дар Ватани меҳру одамгарӣ, дар Ватани ороми мо оташи  кинаю нафратро барангехтед, ки баъд он ба ҷанги фарзандони як Ватан табдил ёфт.  Тоҷикистон ҳанӯз аз шарбати истиқлол хумор нашикаста, ба гирдоби ҷанги ҳамватанӣ, ба даҳшати куштору ғорат, ҳамдигарбадбинию ҳамдигарсиёҳкунӣ, гуруснагию маҳрумият ва азиятҳои гарони инсонӣ мубтало гардид. Шумо намедонед ва донистан ҳам намехоҳед, ки аз ин вартаи пурхатар ва даҳшатбор раҳо шудани Тоҷикистон чӣ гуна душвор буд. Сиёсати дуруст, хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки он ҳама балоҳову даҳшатҳо паси сар шуданд. Бозсозии иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва кулли соҳоти дигари кишвар оғоз гардид. Шаҳру деҳоти харобу валангоргашта аз нав обод шуданд, корхонаҳои аз кор монда боз ба фаъолият шуруъ намуданд, коргоҳҳо, роҳҳо, мактабу муассисаҳои сершумори тиббию фарҳангӣ бунёд гардиданд, бенавойӣ, қашшоқӣ, бемориҳои гуногуни вогир, ки аз он ҷангу мухолифати сиёсӣ боқӣ монда буданд, аз байн рафтанд. Халқи номдори тоҷик бо Сарвари тавонояш  бо ҷаҳду талоши пайгирона, меҳнати босубот якдилу яктан шуда, ҳамаи он маҳрумият ва харобиҳоро паси сар карданд. Симои шаҳру деҳоти кишвар, аз ҷумла Панҷакенти бостонӣ, таври шинохтанашаванда дигаргун шуд. Шумо, Додоҷони Атовулло, ин ҳамаро дида наметавонед, зеро Худованд шуморо аз неъмати бузургтарини Ватандор будану аз Ватан ифтихор доштан бенасиб гардондааст. Шумо як бор аз модаратон, ки  ӯро ба ҳукми тақдир вогузошта, тарки Ватану модар кардаед, бипурсед, ки чӣ ҳол дорад?! Оё гуруснагӣ мекашад, оё хонаю дараш ноором аст, оё касе ба ҷони ӯ хатаре эҷод мекунад, оё ӯ шукри ин замину ин давлат намекунад?  Агар ӯ аз зиндагӣ розист, агар ӯ шукр мегӯяд, пас шумо бадбахт ҳастед, ки ризои модарро нодида мегиред.

Шумо ба обрую эътибори баланди Сарвари муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ҳасад мебаред. Бале, мардуми миннатдори кишвар Сарвари тавонои худро дӯст медоранд, эҳтиромаш мекунанд, дар сари роҳаш пойандоз меандозанд, гул мепошанд, дар васфаш шеър мехонанду сано мегӯянд, зеро ба қадри азобҳо, ҷонбозиҳо ва хидматҳояш мерасанд.

Аммо, худи шумо ба ҷуз дасиса, иғво, туҳмат, носипосӣ ба ин миллат ва ба ин Ватан чӣ хизмат кардед?  Шумо Ватани худро дар  чашми бегонагон сиёҳ кардед, ки далели бехирадӣ ва кӯрнамакист. Тоҷикистони азизи мо 21 сол  бе Додоҷони Атовулло рушду нумуъ кард, ҷойгоҳ ва обруйи худро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ  соҳиб шуд ва минбаъд низ дилпурона ба пеш қадам хоҳад зад. Ҷаҳониён бе гапи шумо худ Тоҷикистони имрӯз ва Сарвари онро хуб медонанд ва ба хизматҳояш арҷ мегузоранд. Оё ба  Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил шудани Тоҷикистон ифтихори кулли тоҷикистониён нест, оё ба шумори 500 мусулмони беҳтарини ҷаҳон дохил шудани Сарвари давлати Тоҷикистон далели эътирофи софию покии як мусулмони комил нест?

Бале, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳақ дорад чун як инсони хушбахти кишвар тӯй орояд, дар беҳтарин рӯзи шодии умраш бирақсад, суруд хонад, ифтихор дошта бошад, ин ҳаққи шаҳрвандии ӯст. Агар Худованд  шуморо аз ин рӯзҳои шодибахш бенасиб гардонда бошад, пас гуноҳи ин миллату ин давлат чист?

Шумо дар силсилағайбатҳоятон тавассути шабакаи телевизионии «К +» аз рӯзгори мардуми як қатор кишварҳо, аз ҷумла Либия ёдовар шудед. Хуб шуд, ки гуфтед, як кишвари мутараққии Либия бо пешвои муаззами худ аз бенизомию нотифоқию якдигарбадбинӣ ба чӣ ҳол гирифтор шуд? Ба Сурия, Ироқ, Афғонистон душманони дохилию беруниаш чӣ рӯзҳову даҳшатҳо оварданд?! Ҳар рӯз садҳо мардуми осоишта кушта мешаванд, мулкҳои обод валангор мегарданд, мардуми оғуштаи хун аз тақдири сангини худ ба ҷойи ашк хун мегирянд. Оё шумо орзуи дигарбора омадани чунин рӯзҳоро ба Тоҷикистон доред? Шумо мехоҳед боз кишвар ба доми бало печад, боз мардум аз Ватан, аз манзилҳои ободи худ бенасиб монанд?!

Дониста бошед, ки мардуми Тоҷикистон як бор пайомадҳои гарони иштибоҳи бузургро дар ҷисму ҷонашон эҳсос карданд ва ин сабақи азимест дар тамоми таърихи миллат. Шумо бо тафриқаандозӣ, бадхоҳӣ, иғвобарангезию дасисабозӣ миллатро аз роҳи сулҳ, Ваҳдат, дӯстию якдигарфаҳмӣ бозпас гардонда наметавонед. Шумо ба ниятҳои бади худ ҳаргиз намерасед.

Ман мисли силсиланамоишҳову силсиламақолаҳои  пур аз дасисаву туҳмати шумо гапро  ғоз надода, мехоҳам ба чанд саволам посух бигӯед.

1. Аз Умаралӣ Қувватов, монанди шумо як нафар дасисабоз ва қудратталаб муассисаи шабакаи телевизионии «К+» барои ду суханрониаш 1,2 миллион доллари амрикоӣ талаб кард. Ин миллионери навбаромад ин миқдор маблағро напардохта, мисли шумо думро хода карда, ба хориҷи кишвар фирор намуд. Аммо намоишҳои иғвобарангези шумо тавассути ин шабака ҳамарӯза чандин маротиба ба зеҳни  мардум заҳр мерезад. Агар ду суханронии чанд дақиқаи У.Қувватов 1,2 миллион доллар бошад, арзиши  силсиланамоишҳои шумо чанд аст? Шумо, ки чун кӯри худу бинои дигарон бонги бечоранолию дармондагӣ мезанеду дигаронро ба ришвагирию пулдорӣ муттаҳам мекунед, маблағи бузургро барои чунин намоишҳои иғвоангез аз куҷо мегиред? Хоҷагони шумо кистанд, кисаҳои холии як бекорхӯҷа ва фирориро дар мулкҳои ғарибӣ кӣ пур мекунад?

2. Шумо, ки Ватани худ, халқи худ, рӯзгори модари чашминтизори худро дар назди бегонагон сиёҳ мекунед, дар ҳаққи давлат ва Роҳбари он носазо мегӯеду туҳмат мезанед, оё ҳақ доред, ки Тоҷикистонро Ватан гӯед?!

Намедонам чӣ посух медиҳед. Аммо фикри шахсии ман ин аст, ки  шумо Ватан надоред, шумо аз табори мо нестед!

Дар фарҷоми сухан ин байти машҳурро ба шумо ёдовар мешавам:

Гар айби поки хоки Сиистон кунад касе,

Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

 

М.АНСОРОВ,

ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессори фахрии Донишгоҳи байналмилалии Вена