16 ноябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Дар толор 63 нафар вакил ҳузур дорад.
Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз – 16-уми ноябр дар Тоҷикистони азизи мо бори нахуст ҷашни нави давлатӣ – «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо мешавад.
Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992 интихоби роҳбари нави давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон — Президенти кунунии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дурустии он борҳо итминон ҳосил кардем.
Маҳз дар ҳамон рӯз Сарвари муаззами давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқрори сулҳи сартосарӣ, эҷоди ваҳдати миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистон масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифт.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои мушобеҳи пешвоёни давлатҳо дар як қатор мамолики ҷаҳон, аз қабили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Канада, Ҳолланд, Қазоқистон низ таҷлил мешаванд, ки номҳои ба ҳам монанд доранд. Чунончӣ, дар Амрико ин ҷашн «Рӯзи президентҳо» ном гирифтааст ва аз соли 1855 мақоми ҷашни умумимиллиро доро мебошад.
Пайдо шудани «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тақвими мо тасодуфӣ нест. Ин ҷашн зодаи дигаргуниҳои мусбати давронсоз дар таърихи давлату миллати тоҷик мебошад, ки бидуни шакку шубҳа, он ҳама ба номи Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад.
Ин ҷашн таъкиди муҳиме ба саҳми бузурги Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони нав мебошад, ки дарҳояш барои ташаббусҳои осоиштаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша боз аст.
Ин ҷашн шаҳодати равшани сипоси мардум ба хидматҳои фидокоронаи Президент аст, ки мутмаинем ба ӯ дар талошҳои минбаъда барои хушбахтии миллат ва шукуфоии давлат неруи тоза мебахшад.
Мо барои рушди бештари Тоҷикистон ҳадафҳои мушаххас дорем, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ифода ёфтаанд ва бовар дорем, ки ба шарофати истеъдоди стратегӣ ва қобилияти воқеии ояндабинии Президенти мамлакат, ҳамчунин, ба шарофати институти президентӣ, ки кафолати эътидоли асосҳои сохти конститутсионӣ дар кишвар мебошад, ба он ҳадафҳо даст хоҳем ёфт.
Имрӯз дар Тоҷикистони азизамон ба шарофати сиёсати созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ба пирӯзии комил расидааст, дар самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ пешравиҳо ба назар мерасанд, иқтисод, илм ва фарҳанг пайваста рушд доранд. Ба ин далел «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо итминони комил метавон рамзи ягонагии Президент ва миллат дар роҳи шукуфоӣ ва пешрафти кишвар унвон намуд. Бошад, ки ин ҷашн бори эҳтироми бепоёни миллати тоҷикро ба Пешвои худ — Эмомалӣ Раҳмон кашида тавонад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ва бо камоли самимияту ифтихор «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, пеш аз ҳама, ба худи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъдан ба шумо – вакилони гиромӣ ва дар симои шумо ба ҳамватанонамон муборакбод мегӯям. Ба Пешвои миллат ва ба мардуми Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саломатӣ ва иқболу барор мехоҳам.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Машрабзода Ҳ. М.»
2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Машрабзода Ҳ. М» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода МАҲМАДАЛӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2016 таҳти № 774 Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст.
Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони мазкур ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Хоҳишмандам пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло дар толор ҳузур дорад. Ба ӯ савол доред? Марҳамат.
УСМОНЗОДА Саидҷаъфар: — Ҳоло вазъи низоми пардохти корти миллӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
Ҳамидулло МАШРАБЗОДА: — Низоми пардохти корти миллӣ ин таъмини амнияти молиявии кишвар аст. Ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ба ин кор машғуланд.
Шумораи кортҳои миллӣ зиёда аз як миллион ададро ташкил медиҳад.
Ҷамшед САИДОВ: — Чорабиниҳои Бонки миллӣ дар самти амалигардонии лоиҳаи ҳукумати электронӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва вазъи ҷории татбиқи технологияҳои иттилоотии муосир дар Бонки миллии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Ҳамидулло МАШРАБЗОДА: — Дар Бонки миллӣ ҷиҳати татбиқи барномаи ҳукумати электронӣ якчанд лоиҳа амалӣ шудааст. Ин имконият медиҳад, ки ташкилотҳои қарзӣ, муассисаву корхонаҳо тавассути равзанаи ягона ба Бонки миллӣ бо дарназардошти таъмини амнияти иттилоот маълумот пешниҳод намоянд. Сомонаи Бонки миллӣ бо се забон фаъол буда, мунтазам такмил дода мешавад. Ҳамчунин, лоиҳаи муштараки такмилдиҳии низоми пардохтии электронӣ бо Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Машрабзода Ҳ. М.» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.
Мансурҷон УМАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо ба эътибор гирифта шудани пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардидааст.
Бо дарназардошти таҳдид ва хатарҳои мунтазами созмонҳои террористии байналмилалӣ ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории мутақобила байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой» аз 24 октябри соли 2015, ҷониби Хитой ҳамчун ёрии беғаразона дар марҳилаи аввал (солҳои 2016-2017) сохтмони 12 иншооти сарҳадиро дар хатти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба уҳда гирифт. Қайд кардан зарур аст, ки 80 фоизи масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизот, молу воситаҳои муҳандисию техникӣ, нақлиёт ва мутахассисону сохтмончиён аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.
Дар асоси моддаи 3-юми созишнома ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати озод намудани ҷониби Хитой аз ҳама намуди андоз, боҷу хироҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо вобаста ба иҷрои корҳои дар боло зикршуда, инчунин барасмиятдарории раводид ва бақайдгирии ҳайати ҷониби Хитой ба тариқи ройгон уҳдадор шудааст.
«Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар робита бо иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 2016, № 386 аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон 1 октябри соли 2016 дар Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар шаҳри Душанбе, ба имзо расонида шудааст.
Тибқи Созишнома сохтмони се комендатура, чор дидбонгоҳи сарҳадӣ, чор пости сарҳадӣ ва як маркази таълимӣ, аз ҷумла сохтмони биноҳои маъмурии хизматӣ, хобгоҳҳо, майдончаҳои тамринӣ, анборҳо ва дигар иншооти истифодаи ёрирасон, инчунин таҳвилу муҷаҳҳазгардонӣ бо мебелу таҷҳизот, асбоб ва лавозимот пешбинӣ гардидааст.
Созишнома ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.
Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2016, № 939 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Созишномаи номбурда аз дебоча ва 5 модда иборат буда, бо мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона ва ҳамкориҳо дар соҳаи амният байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 4 ноябри соли 2016 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2019» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.
ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар интегратсияи иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дорад ва дар ин робита ислоҳоти молиявию иқтисодӣ татбиқ гардида истодааст.
Дар ин самт идоракунии самараноки қарзи давлатӣ муҳим аст, ки дар доираи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2017» амалӣ мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзи берунаи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Имрӯз қарзҳо, пеш аз ҳама, барои таъмини рушди афзалиятҳои муҳими иқтисодӣ, ки он дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷалб мегарданд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои андешида қарзи беруна нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шудааст.
«Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2019» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат дода мешавад» таҳия гардида, ба баррасии шумо, муҳтарам вакилон, пешниҳод шудааст. Мақсади асосии он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барномаи мазкур 58 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 98 созишномаи қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблағи умумии қарзҳои амалкунанда аз рӯи барномаи пешниҳодгардида то 1 январи соли 2016- ум 167,09 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Дар давраи миёнамуҳлат азхудкунии маблағҳои қарзӣ 916, 80 млн. доллари америкоӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла:
Азхудкунии маблағҳо:
- то охири соли 2016- ум 241, 21 млн. доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст;
- дар соли 2017- ум 206, 40 млн. доллари ИМА;
- дар соли 2018- ум 203, 48 млн. доллари ИМА;
- дар соли 2019- ум 265, 71 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст.
Ба барнома қарздиҳандаҳои зерин дохил шудаанд:
- Бонки ҷаҳонӣ – 24 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 14 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Бонки Осиёии Рушд – 23 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 20 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Бонки Исломии Рушд – 29 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 22 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 26,56 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Хазинаи Саудии Рушд – 9 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 7 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин хазина 14,31 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Хазинаи Кувайтии Рушд- 5 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 3 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин хазина 22,41 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Хазинаи Абудабӣ – 1 созишномаи қарзии амалкунанда, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин хазина 8, 51 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад;
- Хазинаи Созмони Давлатҳои Содиркунандаи Нефт (ОПЕК)- 2 созишномаи қарзии амалкунанда, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин ниҳод 18,78 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
- Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд — 41 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 21 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 22,23 млн. доллари ИМА-ро такшил медиҳад;
- Бонки содироту воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой — 7 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 2 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 53,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ – 3 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 1 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Фонди зиддибуҳронии ИИАО- 1 созишномаи қарзии амалкунанда;
- Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ- 1 созишномаи қарзии амалкунанда;
- Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохторӣ – 2 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 1 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Лоиҳаҳое, ки бояд ҳаммаблағгузорӣ шаванд, 8 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 7 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Барнома аз рӯи тақсимоти соҳаҳои иқтисодиёт ба тариқи зерин таҳия шудааст:
- бахши кишоварзӣ ва обёрӣ 20 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои барқарорсозӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди системаи ирригатсионӣ, обёрии заминҳо ва рушди соҳаи пахтакорӣ равона шудаанд.
Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 22,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 13,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши тандурустӣ 6 лоиҳаи қарзии банақшагирифташударо дар бар мегирад, ки асосан ба рушди ибтидоӣ ва қисми заминавии тандурустӣ равона шудааст;
- Бахши маориф 11 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои дастгирии рушди бахши маориф, сохтмон ва таҷдиди мактабҳо равона шудааст. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 8,4 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки ба 5,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши энергетика ва саноат аз бахшҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб рафта, 26 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои барқароркунии инфрасохтори дохилӣ ва дастгирии рушди тиҷорати байналмилалии захираҳои энергетикӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 40,6 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки ба 24,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши нақлиёт ва коммуникатсия 38 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои таҷдид ва рушди низоми нақлиёти кишвар равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 79,5 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки ба 47,6 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 31 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои барқарорсозии системаи обрасонӣ ва идораи партовҳои сахти маишӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 16,2 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки ба 9,7 фоизи ҳаҷми умумии ин маблағҳо баробар мебошад;
- Бахши ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 15 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои дастгирии хароҷоти иҷтимоии буҷетӣ ва мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ равона шудаанд;
- Бахше, ки ба дигар бахшҳои иқтисодиёти кишвар дохил намешавад, 9 лоиҳаи қарзӣ барои ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии он мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қарзҳои дар барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешавад. Меъёри фоизҳо аз 0,15 фоиз то 2,0 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнокӣ аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро дар бар гирифта, онҳо дорои зиёда аз 35 фоизи элементи грантӣ мебошанд.
Боварии комил дорем, ки татбиқи барномаи мазкур ба вусъат бахшидани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат хоҳад намуд.
Дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои дар барномаи мазкур пешниҳодгардида ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт мусоидат намуда, дар баробари ин имконияти ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷетиро фароҳам меорад.
Барои ҳамкорӣ ва дастгирии доимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2019»- ро ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.
Сафаралӣ РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Барнома ва нишондиҳандаҳои асосии он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2017» таҳия шудаанд.
Мақсади асосии барнома ин баланд бардоштани самаранокии назорат, ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзҳои беруна буда, он 58 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 98 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад.
Қарзҳои дар барнома зикршуда ба меъёрҳои имтиёзнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамоянд.
Қарзгиранда аз рӯи қарзҳои ҷалбшаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, хизматрасонӣ ва баргардонидани маблағҳои асосии қарзҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори кишвар амалӣ карда мешаванд.
Барномаро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, 52 таклифу дархост пешниҳод карданд, ки аз онҳо 40 — тояш қабул ва 12 — тояш рад карда шуд.
Ҳамчунин, пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон қобили қабул шуморида, ба лоиҳаи барнома ворид карда шуданд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи барномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2019» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018- 2019» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.
Қурбониён Абдусалом Карим: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои cоли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2016 таҳти рақами 143-ф таҳия гардидааст.
Дар он, пеш аз ҳама, афзалиятҳо ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин дархосту пешниҳодҳои шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба инобат гирифта шудаанд.
Дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалии бонуфуз — Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар сатҳи паст — мутаносибан 2,4 фоиз ва 3,1 фоиз баҳогузорӣ гардидааст.
Дар ин робита, Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ҳисоботи моҳи октябри соли ҷорӣ рушди иқтисодиёти давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Марказиро дар соли 2016 ба андозаи 1,3 фоиз пешгӯйӣ намудааст.
Дурнамои рушди иқтисодиёти давлатҳои воридкунандаи нефти ин минтақа (Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна 3,7 фоиз ва барои Тоҷикистон 6,0 фоизро ташкил медиҳад.
Новобаста аз таъсири омилҳои беруна, аз қабили пастравии рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ, ноустувории нархи ашёи хом дар бозори ҷаҳонӣ ва коҳиш ёфтани маблағҳои интиқолгардидаи муҳоҷирони меҳнатӣ, суръати рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 тамоюли болоравиро касб намуда, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 6,8 фоиз баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,8 банди фоиз зиёд мебошад.
Тайи солҳои 2014 — 2016 чорабиниҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии коҳишёбии иқтисодиёти миллӣ аз таъсири омилҳои беруна ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи дохилӣ, ки он амалӣ гардонидани чорабиниҳои мушаххас дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, муътадилии сиёсати фискалӣ ва монетарӣ, паст кардани сатҳи хавфҳои квазифискалӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъмини пурраи уҳдадориҳои иҷтимоии давлатро дар бар мегирад, шароит фароҳам оварданд, ки рушди иқтисодиёти кишвар дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад.
Дар соли 2017, новобаста аз вазъи душвори иқтисодӣ, сиёсати андозу буҷет, пеш аз ҳама, барои таъмини пурраи уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, стипендия, дигар кумакпуливу ҷубронпулиҳо, беҳтар гардонидани сифати таълим, саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ равона гардидааст.
Буҷети давлатӣ барои соли 2017 дар шакли қонун пешниҳод гардида, дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019 назоратӣ мебошанд ва вобаста ба тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, мутобиқи талаботи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» солҳои оянда бори дигар аниқ карда мешаванд.
Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши реалӣ ба андозаи 7,0 фоиз ба маблағи 58,9 млрд. сомонӣ, меъёри таваррум — 7,0 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 9,16 сомонӣ мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» ба инобат гирифта шудаанд ва ҳаҷми воридот ба буҷет аз ин нишондиҳандаҳо, бахусус қурби пули миллӣ нисбат ба 1 доллари ИМА, вобастагии ниҳоят калон дорад.
Дар ин робита, соли 2017 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ 19568,6 млн. сомонӣ муқаррар гардидааст, ки нисбати буҷети аниқшудаи соли 2016 1712,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бояд қайд кард, ки афзоиши даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2017 нисбати буҷети аниқшудаи соли ҷорӣ асосан аз ҳисоби:
- даромадҳои андозию ғайриандозӣ бо грантҳо барои дастгирии буҷет ба маблағи 1215,9 млн. сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба маблағи 433,9 млн. сомонӣ;
- маблағҳои грантӣ ва қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи 63,0 млн. сомонӣ зиёд карда шудааст.
Даромадҳои андозию ғайриандозӣ бо дарназардошти грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 14704,1 млн. сомонӣ ё 25,0 фоизи ММД, аз ҷумла аз ҳисоби даромадҳои андозию ғайриандозӣ 14337,7 млн. сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет (Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёгии Рушд) 366,4 млн. сомонӣ муқаррар гардидааст, ки нисбат ба соли 2016 ба андозаи 9,0 фоиз ё ба маблағи 1215,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Мувофиқи лоиҳаи таҳиягардида даромадҳои андозию ғайриандозии Буҷети давлатӣ дар соли 2017 аз ҳисоби :
- воридоти андозҳо ва пардохтҳои ғайриандозии дохилӣ (Кумитаи андоз, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ) — 9835,0 млн. сомонӣ бо афзоиши 924,2 млн. сомонӣ, ё ин ки 66,9 фоизи даромади ҷорӣ бо грантҳо;
-воридоти пардохтҳои гумрукӣ (Хадамоти гумрук) — 4502,7 млн. сомонӣ бо афзоиши 270,7 млн. сомонӣ, ё ин ки 30,6 фоизи даромади ҷорӣ бо грантҳо мебошанд.
Мавриди ташаккули қисми даромади буҷет тамоюли коҳишёбии гардиши савдои хориҷӣ дар робита ба таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ ба инобат гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, дар соли 2017 ҳиссаи даромади Кумитаи андоз дар ҳаҷми даромадҳои андозию ғайриандозӣ ба андозаи 0,4 банди фоиз зиёд ва ҳиссаи Хадамоти гумрук 0,8 банди фоиз кам гардидааст.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз ҳисоби қарз ва грантҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 3492,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла қарз — 1707,5 млн. сомонӣ ва грант 1785,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати буҷети соли ҷорӣ ба маблағи 63,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағҳои махсуси муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби ба низом даровардани меъёру баҳисобгирии манбаи даромадҳо дар соли 2017 ба маблағи 1372,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбати соли 2016 ба андозаи 46,2 фоиз ё 433,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши нишондиҳандаи мазкур аз устувор гардидани хизматрасонии пулакӣ ва базаи молиявии маблағҳои ғайрибуҷетии муассисаҳои буҷетӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2017 ба маблағи 19863,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷорӣ 15083,9 млн. сомонӣ, барномаи сармоягузориҳои давлатӣ 3492,5 млн. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 1286,7 млн. сомонӣ, ки он нисбат ба буҷети аниқшудаи соли 2016 ба андозаи 9,5 фоиз ё 1718,7 млн. сомонӣ зиёд буда, ба 33,7 фоизи ММД баробар мебошад.
Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар соли 2017 барои маблағгузорӣ намудани ин соҳаҳо аз ҳисоби хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ 8285,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он ба 54,9 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ баробар мебошад (дар якҷоягӣ бо хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ).
Барои соҳаи маориф маблағи 3581,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2016 – 459,9 млн.сомонӣ ё 14,7 фоиз афзоиш ёфта, 18,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 6,1 фоизи ММД- ро ташкил медиҳад ва дар доираи он 4596 муассисаи соҳаи маориф маблағгузорӣ карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои соҳаи маориф 2851,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи он додани қарзҳои имтиёзнок бо мақсади баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон – 2,0 млн. сомонӣ, чопи китобҳои дарсӣ – 33,1 млн. сомонӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар хориҷи кишвар аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 7,2 млн. сомонӣ амалӣ хоҳад гардид.
Барои истифодабарии самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, меъёрҳои минималии маблағгузорӣ ба сари ҳар як хонанда ва ҳар як мактабро бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми Буҷети давлатӣ зиёд намуда, аз рӯи он муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 68 шаҳру ноҳия ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) пурра таъмин карда мешаванд. Барои ин мақсад, дар Буҷети давлатӣ 1956,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 117,6 млн. сомонӣ ё 6,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари маблағҳои буҷетӣ дар соҳаи мазкур барномаҳои давлатии сармоягузорӣ 162,8 млн. сомонӣ, маблағҳои махсус 567,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳиссаи музди меҳнат дар соҳаи мазкур 66,8 фоизи хароҷоти ҷориро ташкил медиҳад.
Барои соҳаи тандурустӣ 1440,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2016 – 182,3 млн.сомонӣ ё 14,5 фоиз афзоиш ёфта 2,4 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад, ки дар доираи он 3302 муассисаи соҳаи тандурустӣ маблағгузорӣ хоҳанд гардид.
Дар соҳаи мазкур маблағҳои буҷетӣ 1203,0 млн.сомониро ташкил медиҳанд. Дар доираи он ба таъмини афзалиятҳои аввалиндараҷаи соҳаи тандурустӣ — пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии беморон диққати махсус дода шуда, ҷиҳати эмгузаронии аҳолӣ барои харидорӣ намудани ваксинаҳо – 9,0 млн. сомонӣ, барои харидории инсулин ҷиҳати таъмини беморони гирифтори касалии диабети қанд — 3,0 млн. сомонӣ, бо маводи иммуносупресантӣ таъмини беморони пайвандсозии гурда 2,5 млн.сомонӣ, харидории доруворӣ барои беморони сил — 1,5 млн. сомонӣ ва ҷиҳати пешгирӣ аз бемории ВИЧ/СПИД барои харидани маводҳои ташхисӣ (тестҳо) 700,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Инчунин, барои рушди соҳаи тандурустӣ 72,9 млн. сомонӣ маблағҳои грантию қарзӣ ва 165,0 млн.сомонӣ маблағҳои махсус пешбинӣ карда шудаанд. Ҳиссаи музди меҳнат дар соҳаи мазкур 74,2 фоизи хароҷоти ҷориро ташкил медиҳад.
Беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои он дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ дар баробари хизматрасонии муассисаҳои давлатии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин 96 муассисаи ғайридавлатии томактабӣ, 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 123 муассисаи бисёрсоҳавии тиббӣ бо статсионарҳо ва хизматрасонии дармонгоҳӣ, 491 муассисаи тиббӣ аз рӯи як соҳа ба аҳолӣ хизматрасонӣ менамоянд, ки ба паст гардидани шиддатнокии маблағгузории буҷетӣ мусоидат менамоянд.
Барои соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 3249,3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 302,2 млн. сомонӣ ё 10,3 фоиз афзоиш ёфта, 16,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 5,5 фоизи ММД–ро ташкил медиҳад.
Дар доираи хароҷоти соҳаи мазкур хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 2,6 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин барои пардохти нафақаҳо 2,4 млрд. сомонӣ, барои иҷрои барномаи сиёсати шуғл 16,3 млн. сомонӣ, чорабиниҳои солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо 8,4 млн. сомонӣ ва дигар намуди кумакпулиҳо ва нигоҳдории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 224,9 млн. сомонӣ равона мегардад.
Хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш ба маблағи 822,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2016 – 17,3 млн.сомонӣ ё 2,2 фоиз афзоиш ёфта, 1,4 фоизи ММД–ро ташкил медиҳад.
Дар соли 2017 барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 6186,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ — 2954,9 млн. сомонӣ, маблағҳои махсус — 92,1 млн. сомонӣ ва барномаҳои инвеститсионии давлатӣ–3139,1 млн. сомонӣ, ки он ба 10,4 фоизи ММД баробар мебошад. Аз ҷумла, барои соҳаи сӯзишворӣ ва энергетика 3323,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 5,6 фоизи ММД баробар мебошад.
Маблағҳои буҷетии соҳа 1775,0 млн. сомонӣ, барномаи давлатии сармоягузорӣ 1546,5 млн. сомонӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳо 2,0 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Маблағи барномаҳои инвеститсионии давлатии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба зиёда аз 50,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти ин соҳаҳо ё 89,9 фоизи ҳаҷми умумии барномаи инвеститсияҳои давлатӣ баробар мебошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки лоиҳаҳо аз рӯи афзалиятнокиашон ҷалб гардида, ба ҳадафҳои стратегии рушд, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат равона мегарданд.
Барои соҳаи кишоварзӣ 583,4 млн. сомонӣ бо афзоиши 160,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла маблағҳои буҷетӣ 197,0 млн. сомонӣ, барномаи сармоягузории давлатӣ — 367,6 млн. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 18,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида 7 барномаи соҳаи чорвопарварӣ ба маблағи 4,2 млн. сомонӣ ва 5 барномаи соҳаи растанипарварӣ бо дарназардошти маблағгузории «Агролизинг» ба маблағи 53,3 млн.сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 57,5 млн.сомонӣ амалӣ хоҳанд гардид.
Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ба маблағи 1399,6 млн. сомонӣ ё 2,3 фоизи ММД, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 473,4 млн. сомонӣ, барномаи сармоягузориҳои давлатӣ 907,3 млн. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 18,9 млн.сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2016 ба маблағи 540,0 млн.сомонӣ ё 62,8 фоиз зиёд мебошад.
Барои маблағгузории хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ободонии марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва рушди деҳот 702,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2016-ум 44,8 млн. сомонӣ ё 6,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар солҳои минбаъда низ дар буҷет сиёсати созандагӣ ва бунёдкорӣ идома ёфта, соли 2017 дар лоиҳаи буҷет маблағгузориҳои асосии мутамаркази давлатӣ ба маблағи 3174,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он ба 5,4 фоизи ММД баробар мебошад.
Агар маблағгузориҳои сармоягузории дохилиро дар якҷоягӣ бо маблағҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ба назар гирем, ҳаҷми онҳо дар Буҷети давлатӣ 6,7 млрд.сомониро ташкил дода, ба 33,5 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ баробар мебошад.
Дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 июни соли 2016, № 697 аз 1 июли соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда шуд.
Дар буҷети соли 2017 фонди музди меҳнат дар ҳаҷми 4116,2 млн. сомонӣ бо афзоиши номиналии 9,4 фоиз ё ба маблағи 355,0 млн.сомонӣ нисбат ба буҷети соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он ба 7,0 фоизи ММД баробар мебошад.
Дар соли 2017 барои хизматрасонии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1738,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла қарзи берунӣ 1517,4 млн. сомонӣ ва қарзи дохилӣ 221,3 млн. сомонӣ дар назар дошта шудаанд, ки пардохти 539,3 млн. сомонӣ қарзи асосии берунӣ аз ҳисоби даромадҳои ҷории буҷет амалӣ мегардад.
Дар баробари ин, аз ҳисоби хароҷоти ҷорӣ пардохти фоизи қарзҳои давлатӣ ба маблағи 494,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти фоизи қарзи берунӣ — 372,2 млн.сомонӣ ва фоизи қарзи дохилӣ 122,3 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2017 аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои маҳаллие, ки аз ҳисоби даромадҳои худ хароҷотро пӯшонида наметавонанд, 889,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла мусоидати молиявӣ (субвенсия) барои пардохти музди меҳнат 885,6 млн. сомонӣ ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) барои пӯшонидани хароҷоти ҷорӣ 3,9 млн. сомонӣ муайян карда шудааст, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети соли 2016 20,3 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Гарчанде ки маблағи мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) дар маҷмӯъ зиёд гардида бошад ҳам, вазни хоси он дар ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ 16,7 фоизро ташкил дода, нисбат ба буҷети соли 2016 ба андозаи 1,0 банди фоиз кам гардидааст (дар соли 2016 -17,7 фоиз буд).
Дар соли 2017 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 0,5 фоиз ё 294,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет дар соли 2017 хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ, даромад аз ҳисоби фурӯши векселҳои хазинадорӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ, фоизи депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, қарзҳо ва грантҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, маблағҳои баргардонидашуда аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ, Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт, бақияи маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ муайян карда шудааст.
Дар соли 2017 бо мақсади беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ, инчунин тақвият додан ба рушди иқтисодиёти кишвар, дар баробари имтиёзҳои андозии амалкунанда, хизматрасониии Консортсиуми байналмилалии «COYENE ET BELLIER» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида ва таҳвилгарону пудратчиёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар доираи шартномаи басташуда бо фармоишгар ё пудратчии генералии сохтмони мазкур оид ба таҳвили маъданҳои фоиданоки маъмулӣ аз пардохти роялтӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ озод карда мешаванд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» аз 4 июли соли 2016, №1322 то 30 июни соли 2017 воридоти маснуоти заргарӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод гардида, ба ивази он пардохти махсусӣ гумрукӣ, аз ҷумла барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 18,0 сомонӣ ва 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра 3,06 сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз моҳи июли соли 2016 мавриди амал қарор дорад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми пардохти гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маснуоти заргарии аз хориҷ воридшаванда 3,8 млн. сомониро ташкил дода, аз он 2,4 млн. сомонӣ баъд аз қабули қонуни мазкур ворид гардидааст, ки аз самаранокии ҷорӣ намудани иловаи мазкур шаҳодат медиҳад.
Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2017 буда, дар соли 2018 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 21174,9 млн. сомонӣ ва соли 2019 23676,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 32,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2018 21503,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2019 – ум 24044,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба 32,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2018-2019» дар ҳолати душвори иқтисодӣ бо дарназардошти таъмини пурраи афзалиятҳои аввалиндараҷа ва имкониятҳои воқеии молиявӣ баҳогузорӣ ва таҳия гардидааст.
Дархостҳои вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ба нишондиҳандаи воқеии буҷети пешниҳодшуда нисбатан зиёд буда, қонеъ гардонидани он дар як соли молиявӣ ғайриимкон мебошад. Албатта, онҳо марҳила ба марҳила аз рӯи афзалиятнокияшон дар солҳои минбаъда амалӣ карда мешаванд.
Вазорати молия оид ба самараноку мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ, ки он бевосита ба натиҷанокӣ равона гардидааст, аллакай замина гузоштааст ва ҷиҳати ҳар чӣ бештар алоқаманд сохтани ҷараёни буҷет ба банақшагирии стратегӣ чораандешӣ намуда истодааст.
Ҳамкории мо бо шумо, муҳтарам вакилон, дар раванди таҳия ва иҷрои Буҷети давлатӣ сол то сол устувору пурсамар гардида, таклифу дархостҳои шумо, пеш аз ҳама, ба мақсади рушди босуботи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки он ҳадафи олии сиёсати давлат маҳсуб меёбад, равона шудаанд.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2018-2019»-ро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар таҳияи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 бармеоянд, ба инобат гирифта шудааст.
Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2017 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст.
Нишондиҳандаҳои он бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани базаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои кории нав асоснок карда шудааст.
Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,0 фоиз ба маблағи 58,9 млрд. сомонӣ, индекси дефлятори ММД– 2,3 фоиз, меъёри таваррум – 7,0 фоиз муайян карда шудааст.
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 19568,6 млн.сомонӣ ё 33,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети аниқшудаи соли 2016 ба андозаи 9,6 фоиз ё 1712,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2017 аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ 19863,2 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 33,7 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷети аниқшудаи соли 2016 1718,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2017 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 0,5 фоиз ё 294,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷиҳати таҳлилу баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» гурӯҳи корӣ 4 ва 8 ноябри соли 2016 аз рӯи нақшаи тасдиқшуда лоиҳаи қонунро бо ҷалби васеи намояндагони вазорату идораҳои марбута дар алоҳидагӣ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода, дар рафти муҳокимаҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволу дархостҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, баҳри такмили он 90 таклифу дархост пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 9 ноябри соли 2016 таклифу дархостҳои воридшуда оид ба лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз таклифу дархостҳои пешниҳодшуда 18 — то қабул, 10 -то қисман қабул ва 62 — то қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Дар баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» вакилон вобаста ба маблағгузории соҳаҳои гуногун таклифу пешниҳодҳо намуда буданд, ки қисми зиёди он аз рӯи имкониятҳои мавҷуда дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ба инобат гирифта шудаанд, аз ҷумла:
- дар соли 2016 бо мақсади эмин доштани зироатҳои кишоварзӣ аз малах 1,0 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст ва дар Буҷети давлатӣ барои соли 2017 барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зиддӣ малах 4,0 млн. сомонӣ пешбинӣ мешавад;
- дар соли 2016 бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ тариқи пурра намудани фонди оинномавӣ ва инчунин, таъмини маблағҳои гардишии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» 15,0 млн. сомонӣ равона гардидааст ва дар Буҷети давлатӣ барои соли 2017, вобаста ба ин 50,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст;
- дар соли 2016 барои барқарорсозии зиёда аз 14 иншооти пойгоҳҳои обкашӣ дар ҷумҳурӣ 4,2 млн. сомонӣ равона гардида, дар Буҷети давлатӣ барои соли 2017 барои сохтмону азнавсозии иншооти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст;
- дар Буҷети давлатӣ барои соли 2017 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» 1,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст;
- дар соли 2016 ҷиҳати эмгузаронии аҳолӣ барои харидорӣ намудани ваксинаҳо – 7,0 млн. сомонӣ, барои харидорӣ намудани доруворӣ ба бемороне, ки дар онҳо пайванди гурда амалӣ шудааст – 2,0 млн. сомонӣ, барои беморони сил — 1,0 млн. сомонӣ, барои харидани маводи ташхисӣ — 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд;
- дар Буҷети давлатӣ барои соли 2017 барои эмгузаронии аҳолӣ ва харидорӣ намудани ваксинаҳо – 9,0 млн. сомонӣ, барои харидории инсулин ҷиҳати таъмини беморони гирифтори касалии диабети қанд — 3,0 млн. сомонӣ, бо маводи зарурӣ таъмин намудани беморони дар онҳо пайвандсозии гурда амалӣ шудааст — 2,5 млн. сомонӣ, харидории доруворӣ барои беморони сил — 1,5 млн. сомонӣ ва барои харидани маводи ташхисӣ 700,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Вобаста ба ин масъала кӣ савол дорад? Марҳамат.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар соли 2017 барои зиёд кардани маош, нафақа ва дигар намуди кумакпулӣ чӣ чораҳо андешида мешаванд. Баъдан, гардиши пули миллӣ чанд фоизро ташкил мекунад ва тафовути он аз доллар чӣ қадар аст?
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим: — Соли оянда барои зиёд шудани маош, нафақа ва стипендия бештар аз 300 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Мо кӯшиш дорем, ки маблағгузорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ дар мадди аввал гузошта шавад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода:
- Пули миллӣ – сомонӣ аз соли 2000-ум дар гардиш аст. Дар соҳаи бонкӣ якчанд ислоҳот гузаронда шуд, ки дар натиҷа, талабот нисбат ба сомонӣ зиёд гардид. Тағйироте, ки дар қонунгузорӣ ворид шуд, ба он мусоидат намуд, ки таносуби гардиши асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ маҳдуд карда шавад. Барои устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ чораҳо андешида мешаванд.
Хайрулло СӮФИЕВ: — Иншооти пойгоҳи обкашӣ ба талабот он қадар ҷавобгӯй нестанд. Аз ин рӯ, донистан мехоҳам, ки барои сохтмону азнавсозии ин иншоот аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ соли 2016 чӣ қадар маблағ сарф гардид ва ба ин мақсад соли 2017 истифодабарии чӣ қадар маблағ пешбинӣ шудааст?
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим: — Соли гузашта барои таъмиру азнавсозии 14 иншооти пойгоҳи обкашӣ 4,2 млн. сомонӣ равона шуд. Барои соли 2017 бо ин мақсад аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 14,4 млн. сомонӣ ҷудо шудааст. Инчунин, вобаста ба фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи инвеститсионӣ амалӣ мегардад, ки пойгоҳҳои обкашии қисмати ҷанубии ҷумҳуриро дар бар мегиранд.
Ҷамшед САИДОВ: - Сабаби камшавии пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ чист?
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода:
- Агар натиҷаи нуҳмоҳаи фаъолияти бонкиро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки додани қарзҳо қариб 33 фоиз кам шудааст: Яке аз сабабҳо паст шудани пардохтпазирии аҳолӣ ва бонкҳо мебошад.
Солҳои қаблӣ ташкилотҳои қарзӣ бахшҳои қарзии худро ривоҷ медоданд. Аммо солҳои охир додани қарзҳои хурд низ ба мушкилот рӯ ба рӯ шудааст. Мушкилии дигар барнагардонидани қарзҳо мебошад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ: - Вазъияти молиявии бонкҳоеро, ки ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, ки чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва барои ҳалли он чӣ тадбирҳо меандешед? Мутобиқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи ҳатмии тиббии пеш аз издивоҷ ройгон аст. Ҳар сол беш аз 200 ҳазор ҷавон издивоҷ мекунанд, ки муоинаи тиббии онҳо тахминан 16 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти ин маблағ чӣ тадбирҳоро амалӣ кардааст?
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода: - Барои ҳалли ин мушкилот бевосита аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ якчанд лоиҳаи инвеститсионӣ бо дастгирии Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки вазъи молиявии бонкҳо беҳтар гардад.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим: — Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маблағҳои махсус мебошад, ки 165 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ин ҳам маблағҳои буҷетӣ ба ҳисоб мераванд. Як қисми ин маблағҳои махсус барои ташхиси ройгони навхонадорон равона мешавад.
Мавзуна Шарофиддинова: — Мехостам фаҳмам, ки муқаррароти моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» соли оянда иҷро мешавад? Мувофиқи муқаррароти қонуни мазкур қабули буҷети ҷамоати шаҳрак аз соли 2011 ба нақша гирифта шуда буд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим:
- Мувофиқи нақша соли оянда дар чор шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ (пилотӣ) маблағгузории ҷамоатҳои шаҳрак ба роҳ монда мешавад.
Исмоилзода Зуфар: — Тибқи муқаррароти моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои хӯроки умумӣ, маҳсулоттайёркунӣ, фурӯши чакана, яклухт, ташкилотҳои сохтмонӣ ва муассисаҳои таълимӣ меъёри панҷфоизаи пасткардашудаи андоз аз арзиши илова муайян шудааст. Ин меъёр то 1 январи соли 2016 амал кард ва мувофиқи талаботи Кодекси андоз бекор гардидааст. Оё имкон дорад, ки минбаъд ба хотири дастгирӣ дар ин бахшҳо меъёри панҷфоизаи пасткардашудаи андоз истифода гардад?
Саволи дигар, омодагии Бонки миллии Тоҷикистон ба хавфҳои нави эҳтимолӣ чӣ гуна аст ва барои кам кардани таъсири омилҳои беруна чӣ чораҷӯйӣ карда мешавад?
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим: — Давоми соли 2016 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуд ва вобаста ба он дар бахшҳое, ки вакили муҳтарам номбар карданд, меъёри панҷфоиза ҷорӣ шудааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода: — Хавфҳои эҳтимолӣ зиёданд. Бо дарназардошти пешгирии таъсири омилҳои беруна дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти зарурӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла Кумитаи ҳисоботи молиявӣ, Раёсати пешгирии хавфҳо таъсис ёфтанд, ки дар доираи барномаи махсус фаъолият хоҳанд кард.
Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир: — Шахсоне, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ ба нафақа мебароянд, андозаи нафақаашон чӣ тавр муайян карда мешавад, зеро онҳо фонди нафақа насупурдаанд ва аз ин рӯ мушкилӣ пеш омадааст.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмудинов: - Дар асоси қонунгузорӣ нафақа ва меъёри он низ дар баробари дигар шаҳрвандон муайян карда мешавад. Ба хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи қонуни амалкунанда нафақаи иҷтимоӣ таъин карда мешавад, зеро онҳо сармояи нафақаро ташаккул надодаанд. Дар ин хусус сохторҳои марбута кор бурда истодаанд ва тадбирҳо андешида мешаванд, ки меъёри даромаднокии онҳо паст нагардад. Боварӣ ҳаст, ки ин масъала дар оянда ҳалли худро меёбад.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
АСОЗОДА Хайрулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлатӣ аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт равона гардидааст. Ҳамчунин, дар Буҷети давлатӣ таъмини рушди маҳалҳои ҷумҳурӣ ва соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар ба эътибор гирифта шудааст.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Усмонзода Саидҷаъфар:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» имкониятҳои иқтисодии кишварро бо дарназардошти таҷриба ва пешниҳодҳо дар бар мегирад.
Имрӯз буҳрони молиявӣ дунёро фаро гирифтааст ва чун Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳон аст, ба мо низ таъсири худро расонидааст.
Таҷриба нишон додааст, ки давлатҳо дар зинаҳои тараққии худ ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд.
Аз ин рӯ, сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ, алалхусус Вазорати молия, бояд манбаъҳои нави қисми даромади буҷетро пайдо кунад, ки ҳам ба фоидаи истеҳсолкунанда бошад ва ҳам ба нафъи давлат.
Лоиҳаи қонуни буҷет барои соли 2017 ва дурнамо барои солҳои 2018-2019 лоиқи дастгирист.
ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Баррасии масъалаи мазкур бори дигар собит намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шиддати буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳон, таъсири ин ва дигар омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, Буҷети давлатиро некбинона таҳия намудааст. Иҷрои буҷет на танҳо бо роҳи ҳаматарафа муайян кардани манбаъҳои даромад, балки оқилона ба роҳ мондани хароҷот пешбинӣ гардидааст.
Сол аз сол, дар баробари баинобатгирии таъмини сиёсати иҷтимоии Буҷети давлатӣ ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои давлат вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ба маблағгузории соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ диққати махсус зоҳир мешавад. Ин, албатта, дар навбати худ ба афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мусоидат мекунад.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои комплекси агросаноатӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 маблағгузорӣ дар сатҳи 138 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар як вақт новобаста аз анҷом расидани муҳлати татбиқи як қисм лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва лоиҳаҳои муштарак, дар дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии солҳои 2018-2019 маблағгузории бахш устувор пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар қисми хароҷоти буҷет аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ маблағгузории соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммалгардонии марказҳои хизматрасонӣ дар алоҳидагӣ пешниҳод шудаанд, ки барои рушди соҳаҳои мазкур имкониятҳои хуб фароҳам меорад.
Ин нишонаҳои таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат нисбат ба комплекси агросаноатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019»-ро пурра ҷонибдорӣ менамояд ва дар баробари ин чанд пешниҳод дорем:
Оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, ки сабаби асосии рух додани офатҳои табиӣ мебошанд, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро талаб менамояд. Ман, пеш аз ҳама, селро дар назар дорам. Мо хуб медонем, ки ин офати табиӣ боиси рахна шудани иншооти соҳилмустаҳкамкунанда, шуста шудани заминҳои кишоварзӣ, хароб гаштани роҳу пулҳо, хатҳои барқу оби нӯшокӣ ва садҳо миллион хисорот ба иқтисодиёти мамлакат мегардад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо талафоти ҷонӣ ҳам рух медиҳанд. Маблағҳои дар Буҷети давлатӣ пешбинишаванда имрӯз барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ кифоя нест. Дар баробари ин, баррасии масъалаи мазкурро дар раванди иҷрои Буҷети давлатӣ ва таҳияи лоиҳаи буҷет барои солҳои минбаъда мувофиқи мақсад мешуморам.
Солҳои охир афзоиши аҳолии мамлакат талаботро ба азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ бештар кардааст. Тоҷикистон ягона давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаст, ки дар он масоҳати заминҳои корам ба сари ҳар аҳолӣ аз ҳама кам мебошад. Мубрам будани масъалаи мазкурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти вазъи демографӣ ва ҳалкунанда будани он, дар таъмини амнияти озуқаворӣ борҳо таъкид намудаанд. Мо имконияти иловатан аз худ кардани зиёда аз 800 ҳазор гектар замини корамро дорем. Аз ин лиҳоз, дар оянда ҷиҳати аз худ кардани заминҳои нави корам дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ намудани маблағҳои дахлдор зарурати воқеии замон мебошад.
Бояд қайд намоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019» дар ҷаласаи Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон низ баррасӣ гардид ва қобили қабул дониста шуд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
МИРАЛИЁН Қиёмиддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ дар шароити таҳдидҳои буҳрони пай дар пайи иқтисодӣ ва тазодҳои ҷомеаи муосир ташкил ва нигоҳдории суръати муътадиди Буҷети давлатӣ заҳмати хеле зиёд талаб менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам иброз намоям, ки бо таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон ва варзиш хусусияти динамикӣ касб намудааст. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда маблағгузории ин соҳаҳо барои соли 2017 дар умум 4,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ба 23 фоизи Буҷети давлатӣ баробар мебошад. Нисбат ба соли 2016 ин таносуб 200 млн. сомонӣ зиёд пешбинӣ гардидааст, ки боиси қаноатмандист.
Мебояд иброз намуд, ки дар ҷараёни ташкил ва татбиқи Буҷети давлатӣ, бахусус ҷустуҷӯи манбаъҳо ва механизмҳои муносиб ва пурсамари таъсирбахш ба инобат гирифтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва таҳлилу тавсияҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва иқтисодӣ аз манфиат холӣ нест.
Яке аз чунин механизмҳои муосири ташкил ва амалисозии бомароми Буҷети давлатӣ, ки барои кишвари мо низ бегона нест, ин барномасозӣ ва ё лоиҳасозии буҷетӣ ба ҳисоб меравад. Дар таҷрибаи идоракунӣ низ ин механизм ба кор бурда мешавад ва он солҳои охир дар низоми идоракунии бисёр кишварҳо, ки ба сарфаи неруи инсонӣ ва захираи молиявӣ, таҳким ва муназзамгардонии муносибатҳо мусоидат менамояд, ба таври васеъ истифода шуда истодааст. Сохтори лоиҳавии идоракунӣ аз низоми идоракунии муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки дар он афзалият на ба нақша, балки ба ҳадаф ва вазифаҳои мушаххаси гузошташуда дода мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таҷриба, яъне барномасозӣ дар сатҳи соҳавӣ амал мекунад, новобаста аз он ки низоми ягона ва ё умумиқабулшудаи таҳиясозӣ, ҳадафгузорӣ ва маблағгузорӣ надорад. Бартарияти низоми барномасозии буҷетӣ аз низоми муқаррарии банақшагирӣ дар он аст, ки зимни барномасозӣ дар баробари банақшагирии маблағ, ҳамчунин мушкилот муайян гашта, ҳадаф, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои мушаххас гузошта мешаванд. Яъне, барномасозии буҷетӣ худ тартиби муназзамеро иборат аз таъминоти на танҳо иқтисодӣ, ҳамчунин сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо назардошти таҳқиқи вазъият, пайдо кардани мушкилоти мубрам, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, амалисозӣ, арзёбӣ, баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ ташкил медиҳад, ки дар шароити идоракунии иқтисодию иҷтимоии кишвар хеле муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, чӣ тавре натиҷаи муҳокимаҳои парламентӣ нишон медиҳад, на ҳамеша барномаҳои соҳавӣ ба ҳадаф ва нишондиҳандаҳои муайянкардаи худ мерасанд, инчунин ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки маблағи пешбинишуда барои татбиқи барномаҳо пурра ҷудо ё ин ки аз худ карда намешаванд. Зимнан дар баробари назорати иҷрои буҷет татбиқи бомароми он низ ҳамчун манбаи муътамади ташкил ва самаранокии буҷет ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки:
1.Раванди татбиқи барномаҳои соҳавӣ, азхудкунии маблағҳои буҷетӣ ва ҳадафрасии онҳо мунтазам мониторинг шавад;
2.Консепсияи тавъам намудани принсипҳои барномасозии соҳавӣ ё самтнок бо принсипҳои ташкили Буҷети давлатӣ, яъне ҷорӣ намудани барномасозии буҷетӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шавад.
Дар умум лоиҳаи қонун, бо дарназардошти талабот ва имкониятҳои мавҷуда, мукаммал баҳогузорӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҷонибдории онро аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям.
Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз рӯи манбаъҳои даромад, аз ҷумла даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, грантҳо барои дастгирии буҷет, грантҳо ва қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, қарзҳои дигари давлатӣ ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, ташаккул ёфтааст.
Дар таҳияи нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети соли 2017 таъсири эҳтимолии омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, аз қабили ноустувории вазъи иқтисодӣ дар кишварҳое, ки шарикони тиҷоратӣ маҳсуб мешаванд, номуътадилии нархи молу ашёи асосӣ (нефт, нахи пахта, тилло ва алюминийи аввалия) дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки боиси коҳишёбии як қатор нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварамон, аз ҷумла рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, гардиши савдои хориҷӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, беқурбшавии пули миллӣ нисбат ба асъорҳои дигар ва даромади Буҷети давлатӣ гардидаанд, низ ба инобат гирифта шудааст.
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёти кишвар равона мешавад.
Самтҳои асосии сиёсати андоз дар соли оянда, пеш аз ҳама, ба таъмин намудани рушди иқтисодиёт, самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, хизматрасонӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахши хусусӣ ва аз байн бурдани монеаҳо, инчунин васеъ намудани манбаъҳои андозбандӣ ва роҳ надодан ба пайдо гардидани бақияпулиҳои нави андоз ва пардохт намудани бақияпулиҳои мавҷудаи андоз ба буҷет равона карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор дода шуд ва якдилона ҷонибдорӣ ёфт.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Ҳокимҷон ХОЛИҚОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Буҷети давлатӣ дар соли 2017, пеш аз ҳама, ба мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардуми кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани таълим, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ, рушди иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо равона мешаванд.
Дар раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ диққати махсус дода шудааст.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018- 2019»- ро пурра ҷонибдорӣ намуда, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ кунед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018 — 2019» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, яклухт шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.
Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 938 аз 31 октябри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мувофиқи ин лоиҳа, рӯзи таъсис ёфтани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — 10 январ ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод мешавад.
Аз моддаи 3-юми қонун сархати чорум, ки мувофиқи он Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон — 1 май рӯзи ғайрикорӣ буд, хориҷ мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» — ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ