«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 ба тасвиб расидааст, самтҳои асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳияро муайян намуда, дар асоси он солҳои 2012-2016 ба истифода додани 73 иншоот ба маблағи 105 миллиону 265 ҳазору 800 сомонӣ ба назар гирифта шудааст.
То имрӯз аз 73 иншооти ба нақшагирифташуда 54 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 9 иншоот корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома дошта, дар 10 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ то ҳол оғоз нагардидааст.
Мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Ҷӯраҷон Зулфиқаҳҳоров иброз дошт, ки тибқи барномаи мазкур, соли 2015 аз худ намудани 17 млн. 597 ҳазор сомонӣ ва 10 млн. 435 ҳазор доллари ИМА (сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, мумфарш намудани қитъаи роҳи автомобилгарди Сари пул — Навобод ва роҳи канорагузари шаҳраки Ғарм) ба нақша гирифта, 11 млн. 502 ҳазор сомонӣ ё 65 фоизи нақшаи пешбинишуда ҷудо гардидааст. Маблағҳое, ки аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ барои сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва роҳи канорагузари шаҳраки Ғарм пешбинӣ шуда буданд, ҷудо нагардидаанд. Дар маҷмӯъ, азхудкунии маблағҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 8 млн. 450 ҳазор сомонӣ ё 67 фоизи нақша, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 710 ҳазор сомонӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 3 млн. 200 ҳазор доллари ИМА ё 86 фоизи нақша ва маблағҳои соҳибкорон 6 млн. 745 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.
Соли 2016 сохтмони як қатор иншоот, аз қабили бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳия, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҷалби сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ оғоз намудани сохтмони 3 неругоҳи барқи обии хурд, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои таълимии Литсейи касбии техникии № 61, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои таълимиву хобгоҳ барои Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт ва сохтмони бинои таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст, хобгоҳ барои 100 ҷойи хоб ва толори варзишии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар шаҳраки Навобод, ки дар барнома маблағгузориашон дар назар дошта шудааст, оғоз нагардидаанд.
Бояд гуфт, ки обёрӣ намудани 575 гектар замини кишоварзии мавзеъҳои гуногуни ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба уҳдаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, то имрӯз ҷиҳати иҷрои бандҳои мазкури барнома иқдоме нашудааст. Ҳамрадиф бо ин, ба истиснои НБО- и «Ҳиҷборак», барои сохтмони 9 неругоҳи дигар то имрӯз маблағ ҷудо нагардидааст. Ҳамчунин, барқарорсозии корхонаи истеҳсоли санги мармар аз тарафи соҳибкорон, сохтмони бинои осорхона дар шаҳраки Ғарм аз ҳисоби маблағҳои Вазорати фарҳанг, сохтмони маркази ҷавонон дар шаҳраки Fарм ва сохтмони толори маҷлисгоҳ дар шаҳраки Навобод, ки дар барнома пешбинӣ гардида буданд, то ҳол шурӯъ нашудааст.
Аз таҳлили иҷрои барнома бармеояд, ки ҳанӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур аст. Бинобар ин, зарурати таҳияи «Барномаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2017-2020» ба амал омадааст. Қарори раиси ноҳияи Рашт аз 25 марти соли 2016 «Дар бораи таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2017-2020» ба тасвиб расида, барномаи нав дар иҷлосияи 7-уми маҷлиси вакилони халқ якдилона қабул гардид. Бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанде пеш бо иштироки мудирони бахшҳои рушди иқтисод ва савдои шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт ҷаласа доир гардида, иҷрои барномаи қаблӣ дар маҷмӯъ 85 фоиз арзёбӣ шуд. Сарфи назар аз ин омил Ҷ. Зулфиқаҳҳоров муътақид аст, ки ин нишондод нисбат ба иҷрои дигар барномаҳои қабулгардидаи сатҳи ҷумҳурӣ баландтар аст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»