23 ноябри соли 2016 ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар «Қасри Таврический» — и шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия дар ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Аз ҷумла, дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода муовини раиси он мебошад, зиёда аз даҳ масъалаи мубрами рӯз, аз қабили «Рафти иҷрои барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзои ин созмон барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрии батанзимдароварандаи фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА», «Тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2017» ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ин сафар намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Ибодулло Раҳимзода ҳамроҳӣ намуд.
23 ноябри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуд
Шукурҷон Зуҳуров Вячеслав Володинро ба муносибати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия интихоб шудан табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъул барору муваффақият орзу намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳамкориҳои Россия бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки имрӯз ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, ИДМ, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ғайра рушди бесобиқа дорад ва ин тамоюл рӯ ба инкишоф аст.
Шукурҷон Зуҳуров ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахл намуда, дар зимн аз ҳодисаи шаби 19 ноябри соли 2016 дар майдони сохтмонии вобаста ба ҶДММ «Абсолют Агро», наздикии деҳаи Юргинскои вилояти Тюмен рухдода ёдовар шуд, ки боиси андӯҳ ва нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бар асари алангаи оташ ҳафт нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шудаанд.
- Ин шаҳрвандон, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — ягона таъминкунандаи хонаводаҳояшон буда, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд.
Аз ин рӯ, аз Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин хоҳиш шуд, ки ҳодисаи мазкур ва сабабҳои онро воқеъбинона таҳқиқ карда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Дар робита ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки пас аз ҷорӣ намудани қоидаҳои нави қабули шаҳрвандон ба кор, аз моҳи январи соли ҷорӣ, як қатор мушкилоти марбут ба истиқомати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия ба вуҷуд омад ва изҳори умед кард, ки ҷониби Россия роҳи ҳалли онҳоро меёбад.
Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаи шаби 19 ноябр рухдода изҳори таассуф намуда, аз Шукурҷон Зуҳуров хоҳиш намуд, ки ҳамдардии ӯ ва намояндагони парлумони кишварашро ба хонаводаи онҳо расонад. Ҳамчунин, таъкид кард, ки қазияи мазкур ҳатман дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ҳаллу фасл шуда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои пасошӯравӣ кишварест, ки шумораи зиёди шаҳрвандонаш дар Федератсияи Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекунанд, — гуфт Вячеслав Володин ва илова намуд, ки кӯшиш мекунад ҳуқуқҳои ин муҳоҷирон ҳаматарафа ҳифз шаванд..
Дар бахшҳои дигар низ таъкид гардид, ки талошҳои муассир сурат хоҳанд гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, маориф ва ғайра табодули назар сурат гирифт.
24 ноябри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия бо муовини Раиси Парлумони Ҷумҳурии Молдова Владимир Витюк мулоқот намуд.
Шукурҷон Зуҳуров баргузории муваффақонаи интихоботи президентӣ дар Молдоваро ба ҷаноби Владимир Витюк табрик гуфта, изҳори умед намуд, ки равобити гуногунсамти ду кишвар, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ дар оянда ба марҳилаи сифатан нав ворид мегардад.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз сатҳи муносиботи дуҷониба дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ибрози ризоият карда, таъкид дошт, ки мавқеи кишварҳо дар ҳалли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ яксон аст ва мулоқотро такондиҳандаи густариши ҳамкориҳои оянда унвон кард.
Муовини Раиси Парлумони Ҷумҳурии Молдова Владимир Витюк изҳор дошт, ки мулоқот роҳро барои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамвор карда, барои боздиди ҳайатҳои парлумонӣ аз кишварҳои ҳамдигар имкон фароҳам меорад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ кардани ниятҳо дар ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ таъсис дода шаванд.
24 ноябри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Санкт-Петербург, ҳамчунин бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ вохӯрӣ намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, изҳор дошт, ки равобити ҳар ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият бахшид.
- Аз ин рӯ, — гуфт ӯ, — мо бояд бештар барои фароҳам овардани чунин шароит ба муносиботи дуҷонибаи байнипарлумонӣ такя кунем. Ҳоло байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъоланд ва онҳо метавонанд дар ин самт саҳми худро гузоранд.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар Афғонистон аст, зеро оромӣ ва суботи кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмӯъ минтақа хеле муҳим аст.
Раиси Парлумони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз дастгирии пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвараш дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бисёр розӣ ҳастанд. Чунки ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар Афғонистон ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.
Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар шуд.
25 ноябри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Сардор Аёз Содиқ густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика бо Покистон яке аз самтҳои авлавиятнок маънидод намуд.
- Мо алоқамандем, ки ҷалби сармояи покистонӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолтар сурат гирад. Дар оянда ният дорем, ки бо дӯстони покистонии худ лоиҳаҳои муштаракро низ, ки ба суди на танҳо ду кишвар, балки минтақа низ мебошанд, амалӣ намоем. Кушодани корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар Тоҷикистон, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли семент, маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, коркарди пӯст, бешубҳа, ба манфиати ҳар ду кишвар ва минтақа аст, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Ҷаноби Сардор Аёз Содиқ аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки ҳанӯз аз имконоти мавҷуда ба таври комил истифода нашудааст. Дар ин замина бояд рафтуомади ҳайати парлумонии кишварҳо вусъат дода шавад.
Дар охир, бори дигар ҷонибҳо омодагии хешро барои густариши ҳар чӣ бештари муносибатҳои байниҳамдигарӣ иброз доштанд.
25 ноябри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 45 — уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ суханронӣ намуд.
Шукурҷон Зуҳуров, аз ҷумла зикр кард, ки мавзӯи барои баррасӣ пешниҳодшуда: «Сифати таълим дар кишварҳои аъзои ИДМ: таъмини ҳуқуқӣ ва таҷрибаи самарабахш» масъалаи бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ташаккулёбии ҷомеа, некуаҳволии аҳолӣ, омӯзиши имконоти технологияҳои нав, ҳамчунин расидан ба сатҳи байналмилалии рушди иқтисодӣ аз ҳолат ва вазъияти илм ва маориф, ташкили раванди дурусти таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва дар маҷмӯъ, аз дараҷаи маълумотнокии миллат вобастагии амиқ дорад.
Аз ин ҷост, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар соҳаи маориф ва илм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ назаррас аст.
- Айни замон дар кишвари мо Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон ва намояндагии се муассисаи олии таълимии Федератсияи Россия фаъолият менамоянд. Дар Форуми панҷуми байнипарлумонии «Тоҷикистон – Россия: Неруи ҳамкории байниминтақавӣ» (13 октябри соли 2016) тавофуқи фиристодани 30 омӯзгори фанни забони русӣ аз минтақаҳои Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ба даст омада буд. Имрӯз ин масъала тақрибан роҳи ҳалли худро пайдо кардааст ва бо самимияти зиёд мехоҳам миннатдории худро ба Валентина Ивановна барои мусоидати фаврӣ дар иҷрои ин масъала иброз дорам.
Ҳоло дар муассисаҳои олии Федератсияи Россия беш аз 15 000, аз ҷумла 12 000-и онҳо дар асоси бурсияҳо, дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 800, Қирғизистон 327, Беларус 290 нафар, шаҳрвандони Тоҷикистон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 150 нафар аз Қазоқистон, 168 нафар аз Қирғизистон таҳсил намуда истодаанд.
Боварӣ дорам, ки ташаббусҳои муштарак амалан татбиқ мешаванд ва ба ҳамкориҳои зич дар соҳаи маориф мусоидат намуда, пояҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамҷавории некро байни кишварҳо ба вуҷуд меоранд, — гуфт дар хотима Шукурҷон Зуҳуров.
Дар ҷаласа, ҳамчунин раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Қонуни моделӣ оид ба иштироки ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар баҳсҳои наздисарҳадӣ», Эмомалӣ Насриддинзода дар мавзӯи «Оид ба судҳои ҳакамӣ», «Санҷиши парлумонӣ» ва Лутфия Раҷабзода роҷеъ ба мавзӯи «Таъмини ҳуқуқӣ ва амалияи самаранок» баромад намуданд.
М. СУЛТОНОВ