Дар шаҳраки Гарлики Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се мулоқоти судманд анҷом дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҳар ду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки минбаъд низ ҳамгиройии судбахши худро ба нафъи мардумони ду кишвар ва кулли минтақа густариш мебахшанд.
Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯй сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, татбиқи дигар лоиҳаҳои минтақавӣ, аз қабили хати барқи CASA-1000 ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.
Табодули андеша, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамгиройии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади миёни ду кишвар ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру аслиҳаи оташфишон доир гардид.
Дар шаҳраки Гарлик ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории минтақавию ҷаҳонии се кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар ҷараёни сохтмон ва ба баҳрабардорӣ расондани роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, баррасӣ шуд.
www.prezident.tj