Мавзӯи дӯстии байни миллатҳо дар адабиёти тоҷик нав нест. Он аз қаъри асрҳо, мағз андар мағзи осори бебаҳои саромадони адабиёти классикии тоҷик, бештар аз ҳама дар навиштаҳои ду шахсияти барҷастаи тоҷику ӯзбек — Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ таҷассуми олии худро пайдо намудааст. Муболиға намешавад, агар гӯем, ки инъикоси мавзӯи дӯстии халқҳо аз ҳама зиёд дар ҷаҳон дар адабиёти тоҷик ба мушоҳида мерасад. Тавре ки Ҳофизи бузургвор фармуда:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Дар ҷаҳон кам миллатҳое ёфт мегарданд, ки мисли тоҷику ӯзбек бо ҳам қаробату умумияти зиёд пайдо карда бошанд. Ин равобит ҳанӯз побарҷост ва дар таҳкими он саҳми шахсиятҳои адабии ҳар ду миллат хеле калон мебошад.
Шоир, рӯзноманигор ва рассоми хушсалиқаи ӯзбекзабони Тоҷикистон Сайфулло Қулаев аз ҷумлаи эҷодкороне мебошад, ки умри худро сарфи қоғазу қалам намуда, бо сухан ва мусаввараҳои хеш баҳри боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани дӯстӣ байни тоҷикону ӯзбекон корҳои зиёдро анҷом додааст.
Чанде пеш маҷмӯаи дастаҷамъии шеърҳои шоирони тоҷикро бо номи «Дилдан дилга» («Аз дил ба дил») аз тариқи нашриёти «Адиб» аз чоп баровард, ки 100 саҳифаро дар бар мегирад. Дар китоб тарҷумаи ашъори 25 шоири муосири тоҷик ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ пешкаши аҳли завқ шудааст. Хонандаи ӯзбек имкон пайдо менамояд, ки аз гулчини ашъори шоирони шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Камол Насрулло, Фарзона, Низом Қосим, Аскар Ҳаким, Раҳмат Назрӣ, ва дигарон баҳраманд гардад. Муқоваи китобро торнавишти «Адабий дӯстлик – абадий дӯстлик» («Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ») зеб додааст, ки ниҳоят бомавқеъ буда, боварии комил дорем, ки ин самари заҳмат ба хонандаи хушзавқ ва шеърдӯстдори ӯзбек писанд меояд.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»