Сиюми ноябри соли равон бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид. Муовини якуми директори маркази мазкур Сайфулло Сафаров зимни ифтитоҳи чорабинӣ гуфт, ки фазои сармоягузории кишвар бад набуда, лекин бе мушкилот низ нест.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир доир ба дастовардҳои кишвар дар самти таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба хотири фароҳам овардани шароит барои сармоягузорон баромад намуд.
- Имсол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳадаф аз он беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, зиёд кардани ҳавасмандии сармоягузорон барои фаъолият дар кишвар мебошад, — зикр кард Гулбаҳор Назир.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод изҳор дошт, ки имрӯз новобаста аз мушкилот ва таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар санадҳои ҳуқуқии пешрафта дар самти сиёсати сармоягузорӣ таҳия ва қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.
Аммо баъзе мушкилот мавҷуд мебошад, ки бартараф кардани он ба ҷалби бештари сармоя мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, муовини якуми вазири нақлиёт Суҳроб Мирзоев, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Рӯзизода Акрам ва намояндагони дигар вазорату идораҳо баромад карда, дар доираи мавзӯи симпозиум изҳори назар намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»