Соли 2016 барои сокинони ноҳияи Қубодиён аз чанд ҷиҳат хотирмон хоҳад монд. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли равон таҳти №208 шаҳраки Қубодиён таъсис ёфт. Ҳамчунин, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён аз 29-уми марти соли ҷорӣ таҳти №42 шумораи вакилон, таъини интихобот ва таъсиси комиссияи интихоботии ҷамоати шаҳраки Қубодиён тасдиқ гардид.
Тибқи қарори мазкур 8-уми майи соли равон дар 20 ҳавзаи интихоботии ҷамоати мазкур интихоби вакилони Маҷлиси ҷамоати шаҳрак баргузор гардида, 20-уми май дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати шаҳраки Қубодиён раис, муовини раис ва котиби ҷамоати шаҳрак интихоб шуда, бо 10 воҳиди корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Вагарна, ноҳияи Қубодиён 7-уми апрели соли 1978 ташкил ёфта, то давраи зикршуда ҷамоати шаҳрак надошт.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» қабул шуд. Он 103 лоиҳаро ба маблағи 108 миллиону 655 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Зимни амалишавии барнома дар 5 сол сохтмони 30 иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла сохтмони бинои шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, шуъбаи амнияти давлатии ноҳия, прокуратураи ноҳия, муассисаҳои кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ, ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав ва дигар ташкилоту муассисаҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи татбиқи барнома сохтмони мактаб-парваришгоҳ дар деҳаи «Ҷангал»-и деҳоти 20-солагии Истиқлол оғоз гардида, сохтмони 12 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 20, №26 ва №33 соли 2017 ба истифода дода мешаванд. То ин дам бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар деҳаи «Ҷоназартеппа»-и деҳоти ба номи Носири Хусрав ба маблағи 1 миллиону 240 ҳазор сомонӣ барои 324 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Зиракӣ (деҳоти ба номи И. Ниёзов) ва Навбаҳор (деҳоти 20-солагии Истиқлол) ба маблағи 464757 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Сохтмони беморхонаи №4 дар деҳаи «Бошқалъа» (деҳоти ба номи У. Назаров) бо фарогирии 20 ҷойи хоб ва 3 шуъба давом дошта, соли 2017 ба истифода дода мешавад.
Тибқи барномаи зикршуда таҳияи нақшаи генералии ноҳия ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон маблағгузории таҳияи нақшаи генералии маркази ноҳияро дар нақшаи кори худ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ба инобат гирифта, ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавиро ба Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар» пешниҳод намуд. Корҳои лоиҳакашӣ ҳоло идома дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ таъмини аҳолӣ бо оби тоза мебошад. Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунии ноҳия то соли 2008 фаъолият намуда, 10500 нафар сокини маркази ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мекард. Баъди чанд соли танаффус моҳи марти соли 2015 корхонаи мазкур аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин муассиса 4 насоси обкашӣ корношоям гашта, қисми зиёди хатҳои обрасонӣ таъмирталаб мебошанд. Алҳол аз сабаби гарон будани қисмҳои эҳтиётӣ ва норасоии воситаҳои молиявӣ корхона имкони пурра таъмир кардани иншооти мавҷударо надорад.
Соли ҷорӣ бо дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ барои қисман таъмиру барқарор намудани истгоҳи обкашии деҳаи «Ахча»-и деҳоти ба номи Носири Хусрав ҷудо гардид. Бо мақсади пурра таъмиру барқарорсозии қитъаи обтаъминкунии деҳаи «Ахча»-и деҳоти ба номи Носири Хусрав ба Сафорати Ҷопон лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфт. Дар ин самт корҳо соли 2017 оғоз мегарданд.
Бинобар андешидани тадбирҳои зарурӣ масъалаи бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии маркази ноҳия аз дарёи Кофарниҳон дар давраи тирамоҳу зимистон ҳалли худро ёфт. Акнун дар ҳама фасли сол сокинони маркази ноҳия метавонанд аз оби худҷорӣ истифода баранд.
Маркази ноҳия сол то сол ободу зеботар мегарад. Бо супориш ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 роҳи автомобилгарди маркази ноҳия дар масофаи 27 километр ба маблағи 3 миллиону 950 ҳазор сомонӣ пурра мумфарш гардид.
Соли ҷорӣ бо мақсади равшан намудани кӯчаҳо маркази шаҳраки Қубодиён бо саҳмгузории фаъолон, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон дар масофаи 2700 метр 110 симчӯб ва 220 фурӯзонаки хиёбонӣ ба маблағи 89750 сомонӣ насб карда шуд. Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои роҳбарони ташкилоту муассиса, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар масофаи 1430 метри мураббаъ бо суфтасангҳои ороишӣ ба маблағи 71500 сомонӣ корҳои ободонии роҳрави пиёдагарди маркази ноҳия ба анҷом расид.
Кишоварзӣ соҳаи асосӣ ба шумор рафта, аксари заминҳои он обёришаванда мебошад. Имсол бо сармоягузории ширкати «Сит-Силу Ҷунтай-Хатлон»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба маблағи 6 миллион доллари амрикоӣ 11 насоси обкашии муқтадир бо муҳарриконашон васл карда шуданд, ки ин боиси обёришавии 4020 гектар замин гардид. Ба ин восита, ба 400 хоҷагии деҳқонӣ барои таъмини саривақтии киштзор бо оби полезӣ шароити мусоид фароҳам шуд.
Барои барқарорсозии заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар ноҳия ба ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» бо қарори раиси ноҳия аз 26 августи соли ҷорӣ ҳуқуқи истифодаи бемуҳлати қитъаи замин дар майдони 11857,3 гектар дода шудааст. Тибқи шартнома ширкати мазкур барои азхудкунии заминҳо насосҳои обкашии нав, хатҳои обгузар ва техникаи кишоварзӣ мехарад. Дар натиҷаи азхудкунии самараноки заминҳо зиёда аз 10 000 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Имсол дар ноҳия омодагӣ ба мавсими зимистон барвақт оғоз гардид. То соли 2015 тартиби маблағгузорӣ барои хариди ангиштсанг ва ҳезум барои ташкилотҳои буҷетӣ ба воситаи Иттифоқи матлуботи ноҳия ба роҳ монда мешуд. Ду сол боз маблағгузории ташкилотҳои буҷетӣ бе миёнарав, аз ҷониби Раёсати молия ба муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳанг ва дигарон ба роҳ монда шудааст, ки барои паст гардидани нархи харид ва зиёд гаштани миқдори ангиштсанг ва ҳезум шароит фароҳам овард.
Ҳама дастоварду ободии ноҳия аз баракати сулҳу субот ва ваҳдату якдилист. Ҳамин тариқ, меҳнаткашони ноҳия азми қавӣ доранд, ки соли 2016-ро бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, дар соли 2017 ба комёбиҳои аз ин ҳам бештар ноил гарданд.
Саидумрон АБДУРАҲМОНЗОДА, раиси ноҳияи Қубодиён, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон