Аз оғози ислоҳоти кишоварзӣ 15 сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз мушкилоти соҳа зиёд аст.
Имрӯз таъмини хоҷагиҳо бо об яке аз мушкилоти рӯз ба шумор рафта, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ бештари киштзори хоҷагиҳо бе об мемонанд, ки ин боиси камҳосилии замин гаштааст. Агар ҷорӣ кардани реҷаи интиқоли барқ сабаби бонизом фаъолият накардани иншооти обрасон дар баъзе навоҳӣ гашта бошад, омили дигар бе назорат мондани шабакаҳои обрасони дохилихоҷагист. Тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо ба ҳолати мелиоративии замин таъсири манфӣ мерасонад. Дар суҳбат сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб А. Маҳсуддинов қайд намуд, ки дар маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳа сухан аз боби сари вақт пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ низ рафт.
Тибқи шартнома бо Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ба зиёда аз 65000 гектар замин сари вақт об расонида истодаем.
Дар ин муҳлат идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб ба истифодабарандагони об, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ 8,8 миллион сомонӣ хизмат расониданд.
Мутаассифона, баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ, инфиродӣ ва ассосиатсияҳои истифодабарандагони оби шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нисбат ба пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ саҳлангорӣ зоҳир намуда, 5563985 сомонӣ қарздоранд.
Дар маҷлисҳои назоратии роҳбарияти вилояти Хатлон ба роҳбарони ташкилоту корхонаҳои мутасаддӣ оид ба пардохти ҳаққи об ҳушдор доданд, ки бе пардохти ҳаққи хизмат пеш бурдани кор бароямон мушкил мешавад. Дар акси ҳол, аз ҷониби мо низ пардохти 2986,6 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи қувваи барқу андоз ва дигар хизматрасониҳо ғайриимкон хоҳад шуд, — гуфт дар фарҷом номбурда.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор