Пешниҳод

Гази синтетикӣ – омили пешрафти саноат

№150 (3630) 07.12.2016

sint-gazИқдоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ ба мамлакати саноатию аграрӣ ибтикори муҳиму саривақтист.

Мардуми сарбаланди тоҷик 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовезҳои беҳтарини саноатӣ, амсоли ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсоли криолит, кислотаи сулфур, кислотаи фтордор, алюминийи фтордор дар ноҳияи Ёвон, Заводи истеҳсоли флюориди ноҳияи Варзоб, Комбинати металлургии тоҷик ва дигар корхонаҳои хурду калон пешвоз гирифт. Ин гувоҳи он аст, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, нақшаҳои Пешвои миллат амалӣ мегарданд.

Дар солҳои 30-40 асри гузашта дар Аврупо, ки чун мамлакати мо аз захираҳои нафту газ бой нест, истеҳсоли сӯзишвории алтернативӣ — гази синтетикӣ аз ангиштсангро ба роҳ монда буданд. Давлатҳое, ки ин усулро дар истеҳсолот ҷорӣ карданд, дар муддати кӯтоҳ ба давлатҳои мутараққии ҷаҳон табдил ёфтанд.

Чуноне ки маълум аст, таркиби кимиёвии маҳсулоти нафтӣ бо гази синтетикӣ қариб якхела буда, он аз карбон, гидроген ва оксиген иборат мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ истеҳсоли сӯзишвории био-этанолро ҳанӯз солҳои 2000-ум ба роҳ монда буданд. Ҳоло дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶСШК «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 1» ва дигар корхонаҳо истеҳсол ва истифодаи гази синтетикиро ба роҳ мондаанд, ки ин лоиқи дастгирӣ мебошад.

Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Тоҷикистон – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тараққиёти саноати кишвар хизмати шоиста карда, вобаста  ба саноати кӯҳкорӣ, кимиё, бехатарӣ дар саноат ва ба ин монанд қонунҳои навро таҳияву қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Аз ин лиҳоз, бисёр хуб мешуд, ки дар оянда канданиҳои фоиданокро ба сӯзишвории газӣ ва ё моеъ табдил дода, дар хоҷагии халқ истифода барем. Ба ин васила, метавон ҷойҳои нави кориро муҳайё созему ҳам муҳити зисти кишварро  аз ифлосшавӣ  нигоҳ дорем.

 Ҳ. ТИЛЛОЕВ, сардори Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон