2 декабри соли 2016 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев намояндагони шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии Светлана Журкина – сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақаҳои Федератсияи Россияи Кумита оид ба робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург, ки ҳамзамон роҳбарии гурӯҳи кории ҷониби Санкт-Петербургро бобати тарҳрезии баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба зимма дорад, ба ҳузур пазируфт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз иқдоми губернатори шаҳри Санкт-Петербург ҷиҳати ташкили сафари гурӯҳи корӣ баҳри омодасозӣ ва баррасии масъалаҳое, ки моҳи марти соли 2017 зимни сафари пешбинигардидаи ҳайати бонуфузи доираҳои ҳукуматию бахши хусусӣ ба шаҳри Душанбе бо сарварии ҷаноби Георгий Полтавченко ба нақша гирифта шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр сохт, ки таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ тақозои замон мебошад. Зеро дар Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои марбут ба воридсозии инвеститсияҳои хориҷию технологияҳои ҷадид барои соҳаҳои мухталифи хоҷагидорӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити қонунии будубош ва табодули таҷрибаи табибони варзидаи санкт-петербургӣ, бахусус дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», тавсеаю тақвияти ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, таъсиси корхонаю коргоҳҳои муштарак, маорифу фарҳанг, такмили заминаҳои омӯзиши забони русӣ ва ғайра тарҳрезӣ карда мешаванд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев даъвати расмии ҷаноби Георгий Полтавченкоро бобати анҷоми сафар ба шаҳри Санкт-Петербург пазируфта, афзуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ду ҷониб баҳри таҳия намудани барномаи мукаммали Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе зери назорат қарор дода мешавад.
Ш. Саидов