Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода муҳокимаи парламентии сайёр «Оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода дар 9 моҳи соли 2016» таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иштирок намуданд.
Дар оғоз гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода шунида шуд.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар нуҳ моҳи соли 2016 фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Дар ин давра иҷрои қисми даромади буҷети шаҳр, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, ба андозаи 98,3 фоиз таъмин гардида, ба он 86,1 млн. сомонӣ ворид шудааст. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 98,2 фоиз иҷро ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 млн. сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.
Ҳамчунин, бо мақсади самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва ҷиҳати иҷрои супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра хароҷоти дуюмдараҷа 3,0 млн. сомонӣ кам шуд. Аз тарафи кормандони аудити дохилӣ ва назорати Раёсати молияи шаҳр 121,3 ҳазор сомонӣ камбудиҳои гуногуни молиявӣ ошкор гардид.
Инчунин, аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи корӣ ташаккули буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода дар давраи солҳои 2014 — 2015 мавриди санҷиш қарор гирифт ва 3,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд.
Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода доир ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода дар 9 моҳи соли 2016 суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пурра иҷро намудани нақшаи қисми даромади буҷет то охири сол чораҷӯйӣ намуда, дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ислоҳ намудани камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷиш муайян гардидаанд, чораҳои зарурӣ меандешад.
Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Шарипов, А. Қобилов, З. Исмоилзода, М. Давлатов, М. Қодирова, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ С. Шоназаров ва дигарон доир ба масъалаи баррасишаванда мубодилаи афкор намуданд. Миёни вакилон, раиси шаҳр ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳри Турсунзода музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. Ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва сохторҳои тобеи он ҷиҳати пурра барқарор намудани зарари молиявие, ки аз ҷониби мақомоти назоратӣ ошкор гардидаанд, супоришҳо дода шуда, баҳри беҳтар намудани низоми ҷамъоварӣ, кам кардани бақияпулиҳои андоз, таъсиси манбаъҳои нави андозбандӣ ва иҷрои сифатноки қисми даромади буҷет дастуру тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки дар шаҳри Турсунзода кадрҳои тахассуснок ва соҳибтаҷриба зиёданд. Бинобар ин, кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки иҷрои супоришу дастурҳои пешниҳодшуда дар муддати кӯтоҳ таъмин шавад.
«Садои мардум»