«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон, ба ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст», — таъкид мешавад дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вобаста ба ин таъкиди Сарвари давлат Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар шаҳраку деҳот бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва фаъолон силсилаи вохӯриҳоро бо ҷавонон ба нақша гирифтааст. Чанде пеш ин гуна чорабинӣ дар деҳоти «Роҳатӣ» доир гардид, ки дар он баробари масъалаҳои мавриди назар, инчунин таъмини волоияти қонун, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мақсади асосӣ аз ин вохӯриҳо дар ниҳоди ҷавонон бедор кардани ҳисси худшиносӣ, даъвати онҳо ба бунёдкориву созандагӣ мебошад.
Ҷавонон гузаронидани ин гуна чорабиниҳоро дар маҳалҳо мувофиқи мақсад арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки донишу малака ва истеъдоди хешро баҳри таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ равона хоҳанд кард.
Муҳаммад Зокир, «Садои мардум»