Соле қабл дар толори «Кохи Ҷомӣ»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии «Соҳил» (режиссёр Раҷабалӣ Пиров, истеҳсоли «Тоҷикфилм») баргузор шуд. Пеш аз оғози филми нав бо офарандагони он вохӯрӣ доир гардид. Баъд аз вохӯрӣ намоиши филми нав оғоз ёфта, се соат давом кард. Тамошобинон филми навро бошавқ ва ҳаяҷон тамошо карданд. Филми ҳунарии «Соҳил» баъди филмҳои «Вақте ки болои шаҳр борон меборад», «Афсонаи зиндагӣ», «Нури яқин» ва «Падида» панҷумин филми ҳунарии режиссёр аст. Бояд зикр намуд, ки Раҷабалӣ Пиров дастпарвари Донишкадаи давлатии умумироссиягии шаҳри Москва –ВГИК ба номи С.А.Герасимов буда, дар муддати на чандон зиёд худро чун режиссёри бомаҳорат ва сермаҳсул муаррифӣ намуд. Худи гирд овардани киногурӯҳи «Соҳил» гувоҳи он аст, ки Раҷабалӣ Пиров шахсони тасодуфиро ба кори кино ҷалб накардааст. Баръакс, дар нахустнамоиши филми нав мо бо чеҳраҳо ва шахсиятҳои шинохта- муаллифи сенария Муҳибуллоҳи Қурбон, операторон Алишер Нигматов ва Рустам Ашӯров, рассом Шӯҳрат Камолов, оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов, муҳаррир Ҷамшеди Ромишгар ва дигарон шинос шудем, ки бештарашон таҷрибаи зиёди ҳунарӣ ва кор дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» доранд. Яқин, ки бо чунин эҷодкорон офаридани филми диданӣ осонтару хубтар аст. Ҳамчунин ҳайати актёрии касбӣ ва ғайрикасбӣ дар нақшҳои Ансориён- Маҳмадсаид Пиров, Марворид -Моҳпайкар Ёрова, Нафиса- Таҳмина Раҷабова, Диловар — Зоҳидҷон Ашӯров, Малоҳат- Замира Юлдошева, Ибодӣ -Обид Назаров, Сайрам Исоева, Савригул Қурбонова ва дигарон ҷалб шудаанд. Филми нави ҳунарии «Соҳил» дар мавзуи ниҳоят муҳим – оила, тарбияи насли наврас, бахусус навхонадорон ва мубориза бар зидди унсурҳои зараровари ҷомеа бахшида шуда, он аз ҷиҳати касбият, яъне режиссёрӣ, хеле баланд таҳия гардидааст.
Баъди тамошои филм фикру андешаҳои чанд танро нисбати филми нав пурсидем:
Атахон Сайфуллоев, доктори илмҳои филология, профессор:
-Филми ҳунарии «Соҳил» аз беҳтарин филмҳои даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Ҳамаи саргузаштҳое, ки дар ин филм тасвир ёфтаанд, аз воқеият гирифта шудаанд. Зиндагии ду оила- оилаи Асрориён ва прокурор Ибодӣ намунаи бештари оилаҳои тоҷиканд, ки аз бисёр ҷиҳат ба ҳам зид афтодаанд. Яъне, онҳо нобаробариҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии замони моро таҷассум менамоянд.
Яке аз қаҳрамонҳои ин филм олими шинохта Асрориён аз ҷабру зулми талаботи ҳамарӯзаи ҳамсараш маҷбур мешавад, ки зан ва се фарзандашро тарк гуфта, аз Хуҷанд ба шаҳри Душанбе кӯч бандад.
Дигар, оилаи Ибодӣ аз зану фарзанди меҳрубон иборат аст. Зиндагиаш хуш мегузарад, вале дар рӯзгори онҳо дар натиҷаи муошиқати духтари нозпарварашон –Нафиса (Т.Раҷабова) бо писари Асрориён –Диловар (З.Ашӯров) садамае рух дода, хушбахтона, ба хушӣ анҷом меёбад. Вале Нафиса баъд аз хонадоршавӣ бо Диловар дар рӯзгор талаби зиёд пеш мегузорад. Яъне, ишқу муҳаббат дигар асту ҳаёти мустақилона дар шароити номусоидии рӯзгор дигар.
Дар натиҷа Диловаре, ки нисбат ба падари худ нафрати беасос дошт, боз ба кӯмаки падар меравад. Падар ба писар ёрии моддию маънавӣ мерасонад. Дар натиҷа Диловар ба назди оилааш бармегардад ва марҳилаи нави зиндагии оилаи ҷавон оғоз меёбад.
Режиссёри филми ҳунарии «Соҳил» Раҷабалӣ Пиров дар асоси филмномаи нависанда Муҳибуллоҳи Қурбон асари олиҷаноби кинои тоҷикро офаридааст. Бозёфтҳои эҷодии ӯ дар нигориши муаммоҳои зиндагӣ ва ҳалли онҳо, инъикоси манзараҳои дилрабои Ватан, интихоби қаҳрамонони филм ва нишон додани бозиҳои моҳиронаи онҳо хеле калон аст. Актёрҳо нақшҳои худро бомуваффақият иҷро кардаанд.
Ман ба режиссёри боистеъдод Раҷабалӣ Пиров ва ҳамкорони эҷодии ӯ комёбиҳо таманно дорам.
Замира Юлдошева, ровӣ ва актрисаи Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ:
-Дар хотири тамошобинон- мухлисонам шояд нақшҳои иҷрокардаам -Аломатхон аз намоишномаи «Зани оҳанин»-и Ш.Бошбеков (таҳияи С.Ғуломова) ва Раъно аз филми ҳунарии «Воқеа дар фурудгоҳ» (режиссёр Ю.Юсуфов, «Тоҷикфилм») боқӣ монда бошад.
Интихоби ман барои иштирок дар филми ҳунарии «Соҳил» аз он оғоз ёфт, ки режиссёри филм Раҷабалӣ Пиров занг зада изҳор намуд:
-Замирабону, ҳайати киногурӯҳи «Соҳил» ба хулоса омаданд, ки яке аз нақшҳои модаронро бояд шумо бозӣ кунед. Сенарияи филмро бароятон мефиристем. Сенарияро хонда, ба нақшатон шинос шавед.
Ман сенарияи «Соҳил»-ро хондам ва барои иҷро намудани нақши Малоҳат розӣ шудам. Солҳои зиёд боз чунин нақшҳои ҷиддиро наофарида будам. Шаш сол аз кори эҷодӣ, аз театр дур будам. Вале режиссёри филм Раҷабалӣ Пиров таъкид ба таъкид мегуфт, ки ин нақш нақши туст ва бояд онро бозӣ кунӣ.
Зарурият ба миён омад, ки аввал ин нақшро бо режиссёр машқ кунем. Аз рӯзҳои аввал ҳис намудам, ки Раҷабалӣ Пиров касбашро хеле хуб медонад ва бо актёру актрисаҳо кор карда метавонад. Серталаб ва сахтгир аст. То даме ки лаҳзаҳои дилхоҳи филмро ба навор нагирад, осуда намешавад.
Маҳз серталабии режиссёр буд, ки аз уҳдаи нақши модар- Малоҳат ба хубӣ баромадам.
Ба фикри ман, яке аз комёбиҳои Раҷабалӣ Пиров дар он буд, ки дар интихоби актёрон ва актрисаҳо бамулоҳиза ва ҷиддиву серталаб буд. Аз ин рӯ, нақшҳо мувофиқи сенария ба актёрон тақсим шуд. Яъне, актёроне интихоб шуданд, ки ҳам истеъдоди хуб ва ҳам маданияти баланд доштанд.
Дар филми ҳунарии «Соҳил» тарбияи фарзанд, хонадорӣ, меҳмондорӣ, ҳаёти ҷавонон, заношӯйӣ ва одоби сухану суханварӣ хеле хуб инъикос ёфтааст. Забони филм хеле ширин ва режиссура ба дараҷаи баланд расидааст.
Нахустнамоиши филми ҳунарии «Соҳил» дар Кохи ҷавонони шаҳри Хуҷанд, деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, дар кинотеатри шаҳри Конибодом ба номи Артисти халқии СССР Комил Ёрматов ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон доир гардид. Филми мазкур се соат давом дошт, вале касе аз тамошобинон хаста нашуд ва толорро тарк накард. Баръакс, дугонаҳоям ва ҳамсояҳоям аз тамошои филм ба ҳаяҷон омада, табрикам карданд.
Умуман, филми таҳиякардаи киногурӯҳи мо дар сатҳи баланд таҳия ва ба навор гирифта шуд. Боқӣ тамошобинон хулоса мекунанд.
Таҳмина Раҷабова- иҷрокунандаи нақши Нафиса, наттоқи Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»:
-Барои интихоби актёрон дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» кастинг эълон шуд. Ман низ ба кастинг даъват шудам. Ҳангоми гузаронидани кастинг режиссёр, сенарист, оператор ва дигарон иштирок доштанд. Аз ман талаб шуд, ки як лаҳзаро бозӣ кунам. Бозӣ кардам. Як ҳафта пас занг зада гуфтанд, ки маро барои иҷрои нақши Нафиса интихоб карданд. Ман сенарияи филми ояндаро хонда, розӣ шудам, ки ин нақшро дар кино офарам.
Аз ин пеш ман бо бисёр режиссёрҳо ҳамкорӣ кардаам. Масалан, дар филми ҳунарии «Умеди охирин»-и режиссёр С. Қодирӣ (соли 2007 нақши асосӣ Роҳила), дар филми ҳунарии «Мадраса» (режиссёр Асад Сикандар, истеҳсоли Афғонистон, Ҳиндустон ва Булғория, соли 2008) ва нақши асосӣ дар филми ҳунарии «Чӯпон» (режиссёр Сиддиқ Обидӣ, истеҳсоли Афғонистон, Ҳиндустон ва Канада, соли 2011) ва дигар филмҳои ҳунарӣ низ нақшҳои асосии занонаро бозӣ кардаам.
Аз ин ҷиҳат нақш бозидан дар кино барои ман нав набуд. Ба ҳар ҳол ҳар режиссёр услуб ва тарзи кори худро дорад.
Режиссёри филми ҳунарии «Соҳил» Раҷабалӣ Пиров нисбати касби худ ва кор бо актёрон хеле серталаб аст. Касбашро хеле хуб медонад. Аз кор бо ин киногурӯҳ хеле хурсанд ҳастам ва оянда ҳам, агар аз ҷониби режиссёр пешниҳоде шавад, бо майли том бо ин эҷодкорон кор мекунам.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»