Мулоқот бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии Шри-Ланка

№153 (3633) 17.12.2016

31539350771_d47e4c4f5b_o15 декабри соли 2016 дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Баъди садо додани сурудҳои миллии ­Тоҷикистону Шри-Ланка иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Шри — Ланка Ҳарша Де Силва чорабиниро ифтитоҳ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорон бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Сарвари давлат ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Шри — Ланка имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузориро дар Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолат ва имтиёзи зиёдеро муқаррар намудааст, аз ҷумла дар доираи Кодекси андоз барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар Тоҷикистон шароити озоди рақобат, ки ба тиҷорат ва воридоту содироти озоди сармоя, мубодилаи пурраи дохилии асъор мусоидат менамояд, фароҳам аст.

Узвияти мамлакат дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз мутобиқ будани қонунгузориҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи Стратегияи дарозмуҳлати рушди миллӣ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, иртибототу нақлиёт, содироти оби нӯшокӣ барои кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардуми ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд ва соҳибкорону сармоягузорони Шри-Ланкаро даъват намуданд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаҳои асалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва алюминийи аввалия, ҳамчунин рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии кӯҳӣ, ки ба шарикони байналмилалӣ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоварад, иштирок намоянд.

Дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва тоҷирону сармоягузорони Шри-Ланка мубоҳисаи судманд баргузор шуд.

Сипас, ба хотири рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри – Ланка, Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи тиҷорати Коломбо оид ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории соҳибкорони ду кишвар ба имзо расид.

www.president.tj