Фароғат дар «Сангчашма»

№69 (3054) 08.06.2013

Шоҳамбарӣ аз ҷумлаи маконҳои нодири обҳои шифобахши Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Илова ба оби гуворою табобатии ин мавзеъ дар осоишгоҳи машҳури «Шоҳамбарӣ» ҳар сол садҳо сокинони мамлакат ва шаҳрвандони хориҷӣ истироҳат намуда, саломатии хешро барқарор мекунанд.

Дар қисмати ҷануби ин мавзеъ ҳамчунин ҶДММ Маркази курортию табобатии «Сангчашма» фаъолият мекунад, ки ин ҷо низ ҳаводорони зиёд дорад. Ин осоишгоҳ бо саъю кӯшиши бародарон Ҳикматовҳо таъсис ёфта, дар он шароитҳои қулай барои истироҳат ва табобат муҳайё гардидааст. Сарварии онро Асад Ҳикматов ба уҳда дорад.

Чанде пеш бо иқдоми роҳбарияти Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва  бонкии Ҷумҳурии  Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ як гурӯҳ кормандони соҳа дар ҶДММ Маркази курортию табобатии «Сангчашма»  фароғат карданд.

-Муддати ду рӯз ҳайати гурӯҳ аз оби шифобахш ва хизмати табибону кормандони осоишгоҳи мазкур баҳравар гаштанд. Барои онҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ва суҳбатҳо ташкил карда шуд. Дар мавсими тобистон барои кормандони соҳа чунин саёҳат ва фароғат дар дигар осоишгоҳҳо ва мавзеъҳои дилрабои кишвар низ ташкил карда мешавад,- гуфт ба хабарнигорамон муовини раиси  Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва  бонкии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Наргис Назарова.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»