Аз фаъолияти иттифоқҳои касаба

Тоҷикистон дар мақоми аввал

№69 (3054) 08.06.2013

Чанде пеш дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сайёри Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ доир гардид. Дар қатори намояндагони бисёр кишварҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи Марказии Иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Қаҳоров низ дар ин ҳамоиши бонуфуз ширкат варзида, ҳамроҳи хеш мужда овард:

-Дар баробари таассуроти зиёд аз суҳбату мулоқотҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои мунтазам бароямон хеле хушоянд буд, ки кори назаррас оид ба ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолиятро ба назар гирифта, дар натиҷаи хулосаи комиссияи махсуси кории Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 беҳтарин ҳисобида шуда, бо «Диплом»-и Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ қадрдонӣ шуд. Соли дуюм аст, ки дар озмуни байналмилалии ташкилоти  беҳтарини иттифоқи касаба аз рӯйи теъдоди аъзо ҷойи аввалро ба Кумитаи Марказии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб медонанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки шумораи   аъзои   иттифоқи  касабаи соҳавии мо аз 48051 нафари  соли 2009  дар соли 2013 ба 53631 нафар ва миқдори кумитаҳои  ибтидоӣ дар ин давра аз 1679 ба 1797 расонида  шуд. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ба  воситаи созишнома ва шартномаҳои  коллективӣ ба амал  оварда  мешаванд. Айни  замон КМ Иттифоқи касабаи соҳа 26 созишномаи   амалкунандаи дутарафа ва  сетарафаро  бо вазорату  кумитаҳо ва  бонкҳои   ҷумҳурӣ  ба имзо расонидааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»