Муҳокимаи парламентӣ

Занбӯриасалпарварӣ зиёд манфиат хоҳад овард,

№154 (3634) 20.12.2016

DSC_0448ба шарте ки монеаҳои мавҷуда сари вақт бартараф шаванд

16 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, таҳти № 418 тасдиқ гардидааст, муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

 

- Дар он муовинон ва масъулони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ­Бадриддин Садриддинов таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани як қатор барномаҳо барои рушди устувор шароити мусоид фароҳам оварданд. Яке аз онҳо занбӯриасалпарварӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2006-2010», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2005 №338 қабул гардид, барои эҳёи соҳа мусоидат намуд. «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016» барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли асал дар мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хусусан ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат имкониятҳои зиёдро ба миён овард.

Дар натиҷа, теъдоди оилаҳои занбӯри асал ба 179000 ва истеҳсоли асал ба 3000 тонна расид. Бо мақсади таъмини иҷрои барнома дар Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» сехҳои истеҳсоли муми варақин (вашина) ва қуттибарорӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур тайёр намудани мутахассисон бо ихтисоси занбӯрпарвар оғоз гардид.

Барои татбиқи барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 2 млн. 185 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ба ВМКБ — 215, вилояти Суғд – 447, вилояти Хатлон – 815, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 1088 ва ба дигар вазорату корхонаҳо 185 оилаи занбӯри асал дода шуд.

Дар робита ба ин, бо супориши роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин барои аз наздик шинос гаштан ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» ба минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ сафари корӣ доштанд.

Дар рафти сафар бо ­оилаҳое, ки дар доираи барнома фаъолият доранд, вохӯрӣ доир гардиданд. Маълум гардид, ки барномаи мазкур ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар минтақаҳои кӯҳистон мусоидат намуда истодааст. Дар ин минтақаҳо дар доираи барнома аксарияти оилаҳо аз 1 то 5 ва аз ин зиёд оилаҳои занбӯри асал дастрас намуда, ба шуғли доимӣ машғуланд ва даромади иловагӣ ба даст меоранд.

Дар қатори нуҳ барномае, ки дар бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ татбиқ мешавад «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2016» барои таъмини рушди соҳа имкониятҳои васеъро фароҳам овард. Ин нуктаро муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мӯсоев дар оғози суханронии хеш зикр кард.

Дар ҷумҳурӣ, ки растаниҳои гарддиҳанда ва шаҳдҷудокунандаи табиӣ 173 намуд ва масоҳати ҷангалзор, киштзору боғот, чарогоҳ 3,8 млн. гектарро ташкил медиҳанд, барои шумораи оилаҳои занбӯри асалро ба 600 ҳазор оила ва истеҳсоли асалро ба 12 – 14 ҳазор тонна расонидан имконият мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, бо истифода аз ин имкониятҳо миқдори зиёди маҳсулоти дигари занбӯри асал, аз қабили мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ширеш истеҳсол намудан мумкин аст.

Майлу рағбати мардум, ташкили ҷамъиятҳо ва ассотсиатсияҳои гуногун ва афзоиши миқдори оилаҳои занбӯри асал (махсусан дар хоҷагиҳои хусусӣ) нишон медиҳад, ки соҳа ояндаи хуб дорад.

Дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2016 мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 213,4 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 ҳазор оила зиёд мебошад. Дар ВМКБ — 6638, вилояти Суғд — 54661, вилояти Хатлон — 57994 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94208 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Афзоиши оилаҳои занбӯри асал асосан аз ҳисоби вилояти Хатлон 1995 оила ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2117 оила зиёд гардидааст. Истеҳсоли асал то 1 декабри соли 2016 мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 3852,8 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015 — ум 137,6 тонна ва дар муқоиса ба дурнамои барнома 928,8 тонна зиёд аст.

Ба қавли Нусратулло Мӯсоев, 18 килограммро ташкил додани ҳисоби миёнаи маҳсулнокии оилаҳои занбӯри асал қаноатбахш набуда, барои дар оянда ба 22 килограмм расонидани он аз тарафи олимону мутахассисони соҳа тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла истифодаи думодарӣ дар як оила ва ворид намудани модарзанбӯрони зотӣ аз хориҷи кишвар андешида мешавад.

Дар шаш соли татбиқи барнома (аз соли 2011 то соли 2016) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 2185 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҳисоби ин маблағҳо, аз ҷумла 2750 оилаи хурди занбӯри асал бо доруворӣ ва хӯрока харидорӣ шуд, ки аз нақшаи чорабиниҳои барномавӣ 250 оила зиёд мебошад. Оилаҳои харидоришуда тавассути КВД занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба 172 нафар занбӯриасалпарварон дастрас гардид.

Дар раванди татбиқи барнома ба ҷумҳурӣ соли 2013 — ум 150 ва соли 2014 — ум 350 модарзанбӯри зотӣ ворид карда шуд. Бо мақсади беҳтар намудани зоти занбӯри асали ҷумҳурӣ ва сермаҳсул гардонидани он аз ҷониби олимони Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мутахассисони КВД занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» дар пойгоҳҳои занбӯриасалпарварии корхона зоти занбӯри асали тоҷикии ба шароити иқлими гарму хушк мутобиқшуда ихтироъ шуд. Айни замон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба корхона аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ҷангал барои парвариши занбӯри зотӣ дар минтақаи Ромит замин ҷудо гардидааст. Дар ин қитъа аз ҳисоби модарзанбӯрони воридгардидаи зоти карпатӣ табиӣ ва сунъӣ баровардани модарзанбӯрони ҷавон ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, зикр шуд, ки дар давраи татбиқи барнома аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» таҳия ва қабул гардид, ки барои пешбурди соҳа заминаи хуби ҳуқуқиро ба миён овард. Ҳамчунин, қабули қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ» ва «Дар бораи тасдиқи тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии оилаҳои занбӯри асал» ба ҳалли саривақтии баъзе аз мушкилоти мавҷудаи соҳа мусоидат намуданд.

Эътироф бояд кард, ки дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ норасоиҳо дар самти харидории техникаҳои махсус, таҷҳизоти муосири озмоиши асал, гарди гул, ширеш, шири модарзанбӯр ва набудани ҷои қабули яклухти маҳсулоти занбӯри асал мавҷуд мебошад. Инчунин, лозим аст, ки озмоишгоҳ барои муайян намудани сифати асал бунёд шавад, то ки дар вақти содирот талаботи истеъмолкунандагони хориҷӣ пурра ба инобат гирифта шавад.

Дар ин робита, Нусратулло Мӯсоев аз вакилон дархост кард, ки ба ҷудо намудани субсидияи давлатӣ ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзноки бонкӣ, озод намудан аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда мусоидат намоянд.

Ин ва дигар масъалаҳоро директори КВД занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» Музаффархон Ҳалимов низ тавзеҳ дод.

Зимни баррасии масъала муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулру Ҷабборзода, сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқибек Шодиён, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода, Зайнуддин Сафаров, Абдуҳалим Ғаффоров, Толибек Бухориев фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти ҷолиб баён карданд.

Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода, Аҳматҷон Қобилов, Баҳром Абдуалимов ва Олимҷон Бобоев ба шахсони масъул савол дода, посух ­гирифтанд.

Дар хотима, бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодоти баёнгардида, қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

 Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ