26 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
26 декабри соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни мулоқот масоили мубрами марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз қабили афзоиши хатари терроризму экстремизм, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар давлатҳои аъзои созмонро баррасӣ карда, перомуни дурнамои ҳамкориҳои дастаҷамъона дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мубодилаи афкор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмонро ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии вазъи сиёсию низомӣ дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷалб сохта, таъкид доштанд, ки ҳолати мавҷуда аз давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъулияти бузурги таҳкими ҳамгироию муштаракот ва амалисозии тадбирҳои шадиди пешгирикунандаи ҳама гуна хатару чолишҳои минтақавӣ ва байналмилалиро беш аз пеш тақозо менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро даъват намуданд, ки ба масъалаи муҳимияти ҳифз ва таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун тадбири муҳим дар муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои аъзои ин созмон — Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев низ иштирок доштанд.
www.president.tj