Алҳол дар сайёраи Замин ягон нуқтаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки ба он таъсири фаъолияти гуногунҷанбаи инсон нарасида бошад. Инсоният табиатро ба фоидаи худ тағйир дода, миллионҳо гектар заминҳои бекорхобидаи хушку каммаҳсулро ба заминҳои сермаҳсули кишоварзӣ табдил дода, биёбонҳои хушкида ба заминҳои кишоварзӣ ва боғот табдил ёфтанд.
Мутаассифона, дар ин раванд гоҳҳо одамон табиатро бар зарари худ низ тағйир медиҳанд. Бо зиёд шудани аҳолии сайёра истифодаи сарватҳои табиӣ низ мутаносибан меафзоянд. Аз ҷумла, ҳоло дар қитъаи Америка подаи бизонҳо, дар Осиё говмешу оҳуҳо ва дар минтақаҳои гуногуни сайёра шумораи даррандагон кам шудаанд. Дар уқёнусҳо бошад, шумораи наҳангҳо хеле кам ва парандаҳо қариб нест шудаанд.
Ҳамрадиф бо ин, ифлосшавии муҳити зист хосияти умумиҷаҳонӣ гирифта, боиси пайдоиши хавфу хатар ба зиндагии одамон гардидааст. Комплекси сӯзишворӣ — энергетикӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаи асосии заҳролудкунанда ва ифлоскунандаи муҳити зист буда, 48 фоиз партовҳои заҳролуди атмосфера, 36 фоиз ифлосшавии захираҳои обӣ ва 30 фоиз дигар партовҳои заҳролудкунандаро ташкил медиҳад.
Агар дар садсолаи охир сатҳи оби уқёнусҳо 10-12 см баланд шуда бошад, пас то соли 2050 баландшавии сатҳи оби онҳо то ба 150 см имкон дорад. Баландшавии сатҳи оби уқёнусҳо барои мамлакатҳои наздибаҳрӣ ва шаҳрҳои алоҳида, аз қабили Амстердам, Венетсия, Рио-де-Жанейро, Санкт-Петербург, Ҳамбург, Монтевидео ва ғайра проблемаи ҷиддиро ба амал меоварад. Ғайр аз ин, олимон ҳадс мезананд, ки то 15 фоиз масоҳати Миср, то 4 фоиз майдонҳои кишти Бангладеш аз истифода баромада, заминҳои зиёде ба шӯразор табдил меёбанд.
Масъалаи дигари экологӣ, ин хавфи хароб гардидани қабати озонии атмосфера — озоносфера мебошад. Исбот гардидааст, ки танҳо дар сурати як фоиз кам шудани қабати озонии таркиби атмосфера шумораи маризиҳои саратони пӯст то 5-7 фоиз меафзояд. Сабаби асосии хароб шудани қабати озонӣ афзудани ҳаҷми оксиди нитроген, атомҳои хлор ва буғи об дар таркиби атмосфера мебошад.
Дарёҳои Сена, Рейн, Нева, Волга, Дунай ва Днепр бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд, ба обҳои партови саноатӣ ва хоҷагии манзилию маишӣ олуда буда, оби дарёҳои Сир, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Вахш, Яхсӯ ва Обихингоб низ мунтазам аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои коммуналӣ ва маишӣ олуда мешаванд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои охир ифлосшавии ҳавзҳо, ҷӯю дарёҳо ва заҳбурҳо зиёд шуда истодааст. Яке аз сабабҳои он дар бисёр корхонаю муассисаҳо ва фермаҳои назди соҳили дарёҳо набудани иншооти обтозакунӣ ва ё ба талабот пурра ҷавобгӯй набудани иншооти мавҷуда мебошад.
Дар маҷмӯъ, инсон дар фаъолияти ҳаррӯза ба муҳити атроф ҳамоно таъсири зиёд мерасонад ва нисбат ба ин масъала бетафовут аст. Зарур аст, ки оид ба масъалаҳои бавуҷудомадаи экологӣ натиҷагирӣ карда, чораҳои фаврӣ андешанд, то вазъияти баамаломада пуршиддаттар нагардад.
Номвар ҚУРБОНОВ, номзади илмҳои физикаю математика, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон