Даҳуми майи соли равон таҳти раёсати Саймурод Тағоев ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод, коммуникатсия баргузор гардид.
Раиси кумита Саймурод Тағоев масъалаи рӯзномаи ҷаласа – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро мухтасар шарҳ дод. Аъзои кумита низ доир ба масъалаи мавриди баррасӣ андешаҳояшонро иброз доштанд. Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаи мавриди муҳокима хулосаи кумита қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Д. АБДУЛЛО, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ