Мулоҳиза

Дар кишвари мо халтаи хӯрданибоб истеҳсол мешавад?

№5 (3642) 18.01.2017

Солҳои охир партовҳои пластикӣ боиси ифлостар  гаштани муҳити зист шудаанд. Ин гуна партовҳо на мепӯсанду  на касе барои коркарди такрориашон иқдом мекунад. Баъзе ашхоси бефаросат бошанд, партовҳои  пластикиро ба ҷӯю дарёчаҳо партофта, манбаъҳои обро ифлос месозанд.

Дар як қатор шаҳрҳои Ҳиндустон бо мақсади пешгирии партови зиёд истифодаи халтаҳои пластикиро қонунан  манъ кардаанд. Қабули ин қонун ихтироъкори ҷавон Ашват Ҳаҷро водор намуд, ки халтаҳои аз лиҳози экологӣ тозаю хӯрданибоб ихтироъ кунад. Халтаҳои ихтироъкардаи ӯ аз халтаҳои муқаррарии пластикӣ  дар мустаҳкамӣ ҳеҷ камӣ надоранд. Илова бар ин, онҳоро баъди чанд маротиба истифода бурдан метавонед дар об ҳал кунед, дар замин  ҳамчун нурии органикӣ гӯронед ё бихӯред. Таркиби ин халтаҳо аз крахмал ва равғанҳои растанӣ иборат будааст. Ашват барои ихтирои халтаҳои хӯрданибоб 4 сол заҳмат кашид ва оқибат, баъди таҷрибаҳои сершумор, таркиби оптималии  халтаи аз лиҳози экологӣ тозаро ёфт. Ашёи хоми халтаи хӯрданибоб аз картошка, тапиока, ҷуворимакка, банан ва дигар маҳсулоти биологӣ иборат аст. Таркиби пурраи халтаи хӯрданибоб ва технологияи истеҳсоли он махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Арзиши халтаи хӯрданибоб нисбат ба халтаҳои пластикӣ 35 фоиз қиматтар аст, вале бинобар бисёркарата истифодабоб бурданаш ба харидор арзонтар меафтад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз теъдоди ками ихтироот изҳори нигаронӣ карда, гуфта буданд: «Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Дар замоне, ки илму технология  бо суръати кайҳонӣ пеш  меравад, дар илми тоҷик навгонӣ  ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд».

Умед мекунем, ки бо таъсисёбии Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди ихтирооту навовариҳо зиёд мегардад ва расонаҳои хабарии  дигар  кишварҳо  дар бораи ихтироъкорони тоҷик низ хабару мақолаҳо менависанд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»