Таърихшинос Л. Готфрид дар китобаш «Красный флаг на Крыше Мира» (Душанбе, «Таджикгосиздат», 1930) навиштааст: «Аз 13 май то 20 июли соли 1928 Комиссияи ҳукуматии Кумитаи Иҷроияи Марказии РАСС Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи Инқилобии РАСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ сафари корӣ намуд».
Комиссияи ҳукуматӣ, ки ба ҳайати он олимони соҳаи геология, географҳо, заминшиносҳо, харитасозҳо, духтурон, мутахассисони роҳсоз ва ғайра шомил буданд, бо аспу шутур роҳҳои вайрону борик ва хатарзоро паси сар карда, ба Хоруғ расид. Ҳайати комиссия мушкилоти ҳалталаби ин диёрро омӯхта, ба хулосае омад, ки барои ободонӣ ва рушди Помир, пеш аз ҳама, роҳҳои васеъ ва мошингард чун обу ҳаво зарур аст. Нусратулло Махсум баъди бозгашт (моҳи октябри соли 1928) дар Пленуми II Кумитаи вилоятии Тоҷикистонии ПК Ӯзбекистон дар мавзӯи «Тадқиқи ҳамаҷонибаи ВАБК» маърӯза кард. Дар пленум ба Бюрои Осиёи миёнагии КМ ВКП(б) пешниҳод намуданд, ки сохтмони роҳи ҳаётан муҳими Ӯш- Хоруғро ҳар чӣ зудтар оғоз намоянд.
Соли 1931 сохтмони роҳи мошингарди Ӯш- Хоруғ шурӯъ гардид ва дар се сол ба масофаи 740 километр ба истифода дода шуд.
Комиссияи ҳукуматӣ, инчунин ҷойи майдони ҳавоии Хоруғро муайян намуд ва соли 1929 аввалин аэроплан дар маркази вилоят фуруд омад. Ҳамчунин, ӯ барои бедории мардуми кӯҳистон ва инъикоси ҳаёти воқеии онҳо дар таъсиси рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Сурх» ҳисса гузошт. Нахустшумораи рӯзнома 2 сентябри соли 1931 бо номаи табрикии Нусратулло Махсум аз чоп баромад. Мутаассифона, ба ин марди фидокор ва ватандӯст умр имкон надод, ки нақшаҳои дарпешгузоштаашро дар назди мардуми Помир иҷро кунад.
Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум имрӯз ҳам эҳтирому арҷ мегузоранд ва номашро бо ҳурмат ба забон меоранд.
Албатта, он солҳо сафари таърихии Нусратулло Махсум бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии СССР ба вуқӯъ пайваста буд, зеро таваҷҷуҳи давлатҳои хориҷӣ ба Помир зиёд мушоҳида мешуд. Ҳар давлат мехост, ки мавқеашро дар он ҷо мустаҳкам кунад…
Агар Раиси КИМ РАСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо супориши марказ – шаҳри Москва дар ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ ба Помир сафар карда бошад, пас соли 1993, дар давраи пурхавфтарин, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон ҷавонмарди 40-сола буд, бо амри виҷдон ба ВМКБ сафари корӣ ва бо аҳли зиё, фаъолони вилоят мулоқот намуд. Аз ин ҷасорати Роҳбари ҷавони давлати тозаистиқлол шоир Муҳиддин Пайшанбезода илҳом гирифта, навишта буд:
Андар тани миллати кӯҳан ҷон омад,
Бо ҳукми қазову амри Яздон омад.
Аз пушти ҳазор соли навмедиҳо,
Сомонии нав ба тахти Сомон омад.
Роҳбари Тоҷикистон, ки аз масъалаҳои ҳалталаби ин диёри кӯҳистон ба хубӣ огаҳ буд, қабл аз ҳама, ба идомаи сохтмони НБО-и «Помир-1» камар баст. 18 марти соли 1994, дар арафаи иди Наврӯз, агрегати нахустини ин неругоҳ ба кор андохта шуд. Ба ин тариқ, бештари навоҳии вилоят аз норасоии барқ ҳанӯз соли 1994 раҳо ёфтанд.
Мақсади дигари Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон пахш намудани мавҷҳои барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар вилоят буд, ки дар арафаи Соли нав — 31 декабри соли 1996 ҷомаи амал пӯшид.
Сардори давлат, ҳамчунин аз бунбасти ҷуғрофӣ раҳо бахшидани вилоятро ҳадафи хеш қарор дода буд. Барои амалӣ намудани ин мақсад сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз – Бадахшон сохтмони муҳими аср эълон гардид. Ҷасорат, кордонӣ ва заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат буд, ки бо вуҷуди мушкилиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ роҳи Кӯлоб — Дарвоз — Бадахшон 30 январи соли 1999 кушода шуд ва минбаъд он ағбаи Кулмаро паси сар карда, то ба сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой пайваст. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ раҳо ёфтааст.
Шоири шинохта Ҷумъа Қувват дар ин маврид мефармояд:
Баъд аз он ки роҳи мушкилҳо кушод,
Роҳ дар дилҳову манзилҳо кушод…
Нақбҳо канданд бо оби ҷабин,
Роҳ бикшоданд дар қалби замин.
Чор сӯи Тоҷикистон тахт шуд,
Сахт буд гар, тахт роҳи бахт шуд.
Роҳи истиқболу оғӯшҳои боз,
Роҳи ҳамраъйии халқи сарфароз.
Инак, аз сафари нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то сафари 56 — уминаш (июни соли 2016), зиёда аз бист сол гузашт. Ҳар сафари Пешвои миллат ба навоҳии ВМКБ барои сокинонаш ид аст, зеро қадами мубораки Ҷаноби Олӣ ба ҳар минтақаи кишвар ободӣ меорад.
Имрӯз, агар ба ВМКБ сафар кунед, ободкориҳои ин диёри биҳиштосоро дида, дар ҳайрат мемонед: биноҳои зебову замонавӣ, роҳҳои обод, хонаҳои аз барқ чароғон, дастурхони фаровон…
Ин ободкориҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ мушоҳида мешаванд.
Дар як муддати кӯтоҳ бунёд гардидани маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур аз ғамхориҳои беандозаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Агар маркази вилоят – шаҳри Хоруғро бо солҳои пеш муқоиса намоем, тафовут аз замин то осмон аст. Биноҳои зебои Театри вилоятии ба номи М. Назаров, Маркази ҷавонон, чойхонаи зебои миллӣ, биноҳои филиалҳои бонкҳо, Раёсати телевизион ва радио, биноҳои истиқоматии нуҳошёна, мактаб — интернати президентӣ, хобгоҳи чаҳорошёнаи донишҷӯён ва дигар иншоот ба ҳусни шаҳр ҳусни дигаре зам кардаанд. Зимни сафари 56-уминашон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони биноҳои истиқоматии 12 — ошёна асос гузоштанд, ки шукӯҳу шаҳомати шаҳри Хоруғро боз ҳам афзун хоҳад кард.
Агар дар оғози соли 1928 Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум аз пайи обод кардани навоҳии ВМКБ камар баставу дар нимароҳ ормонӣ рафта бошад, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаву ниятҳои неки хешро дар муддати кӯтоҳ иҷро кард ва ба ин васила, рӯҳи Нусратулло Махсумро низ шод гардонд.
Мардуми ВМКБ ҳамеша шукргузор, ҷонибдори сиёсати бунёдкорӣ ва созандагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва хоҳанд монд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»