Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ, ки 12 январ баргузор гардид, гуфт, ки ният дорем то соли 2020 ташрифи сайёҳони хориҷиро ба 1 миллион нафар дар як сол расонем. Мувофиқи рақамҳои пешниҳодгардида дар 9 моҳи соли сипаришуда 312602 нафар сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 72036 нафар зиёд мебошад. Соли 2016 ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳон аз 59 ба 109 давлат афзоиш ёфт. Бо пешниҳоди Кумита ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ баъди ҳар 50 километр як нуқтаи ташноб ва 100 километр нуқтаи истироҳати сайёҳон бо тамоми шароит ташкил мешавад.
Дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018» баҳри бо шуғл фаро гирифтан, таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб, таъминоти иҷтимоӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиат, мустақилияти иқтисодӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон 367 лоиҳа бо фарогирии 257 ҳазор наврасу ҷавон амалӣ гардонида шуд.
Соли 2016-ум 129 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 197 341 211 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 171 230 345 сомониаш аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»