Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали таҳкими фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва асоси дилгармии шаҳрванди соҳибандеша бобати танзими зиндагӣ ва фаъолияти масъулиятноки ӯ дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Соҳаи энергетика низ дар давраи аз Паём то Паём як зинаи фаъолиятро сипарӣ намуда, ба марҳилаи нави татбиқи нақшаву лоиҳаҳо ворид мегардад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) таъкид шуда буд: «Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем…».
Ин нақша амалӣ гардид. 8 декабри соли 2016 бо иштироки Сарвари давлат навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ифтитоҳ шуд. Дар натиҷа, иқтидори энергетикии кишвар 300 мегаватт неруи барқ зиёд гардид ва ин имконият фароҳам овард, ки таъминоти барқ дар ҷумҳурӣ 5 соат зиёд карда шавад.
Дар давоми солҳое, ки дар кишвари мо фаслҳои тирамоҳу зимистон маҳдудияти барқ ҷорӣ мебошад, бори аввал аст, ки ба мардуми деҳот дар як шабонарӯз 18 соат барқ дода мешавад.
Акнун вақти он расидааст, ки дар пойтахт ба хотири сарфаи неруи барқ манзили зист ва корхонаву муассисаҳо ҳар чӣ тезтар ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда шаванд ва аз Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бештар баҳравар гарданд. Воқеан, истифода аз шабакаҳои гармидиҳӣ хароҷоти неруи барқро хеле кам менамояд, ки ин ба буҷети ҳар оила низ манфиатбахш аст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд шудааст: «Бо дарназардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем.».
Дар ин замина, воқеан ҳам, мо-энергетикҳои кишвар кумаку дастгирии ҳаррӯзаи шахсан Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос менамоем. Овардани ҳамин факт кофист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли соли 2016 шаш маротиба зимни мавриди истифода қарор додани лоиҳа ва иншооти муҳими энергетикии кишвар иштирок намуданд. Аз ҷумла, 27 апрел дар доираи сафари кориашон ба НБО-и «Норак» дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ-ро ба кор дароварданд; 12 май бо ширкати роҳбарияти сатҳи олии се давлати дигари минтақа — Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ — CASA-1000 асос гузоштанд; 4-5 август ба Роғун сафар намуда, аз рафти корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуда, бо бинокорон суҳбат намуданд; 29 октябр дар маросими оғози бунёди сарбанди НБО «Роғун» ширкат намуданд; 18 ноябр ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва ҷараёни татбиқи лоиҳаи барқарорсозии неругоҳ ошноӣ пайдо карданд; 8 декабр бо иштироки Сарвари давлат навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода супорида шуд.
Бале, дар кишвари мо соҳаи энергетика рушд меёбад, вале вобаста ба болоравии сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар талабот ба барқ низ меафзояд. Мутобиқи ҳисобҳои оморӣ, шумораи аҳолии кишвар беш аз 1,6 баробар афзоиш ёфта, 1 300 000 оила манзили нави зист бунёд намудаанд, миқдори корхонаҳои саноатӣ аз 358 адади соли 1991 ба 2100 адад, иқтидори коркарди нахи пахта аз 28 тоннаи соли 1991 ба беш аз 100 ҳазор тонна расидааст, ки ҳамаи онҳо неруи барқи иловагиро талаб менамоянд. Агар то соли 1990 аз тарафи аҳолии ҷумҳурӣ дар як сол 1,0-1,1 млрд. кВт. соат неруи барқ истифода мешуд, пас солҳои охир ин нишондиҳанда ба 3,8-4,0 млрд. кВт. соат баробар шудааст. Дар ин бора дар Паёми Сарвари давлат низ таъкид шудааст: «Дар ин раванд, фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба неруи барқ торафт меафзояд».
Кормандони соҳаи энергетика ҷаҳду талош доранд, ки мутобиқи ин талаботи афзоянда ба пешбурди соҳа ноил гарданд ва ба рушди Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Моро суханони рӯҳбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: — «Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем» дар ин ҷода дилгарм менамояд ва масъулиятамонро дучанд афзун мегардонад.
Мо — кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бовар дорем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун маҷмӯаи дастурҳои рӯҳбахш дар амал татбиқ мегардад ва дар баробари дигар дастовардҳо истиқлолияти энергетикиро воқеӣ мегардонад.
Сарвари давлат низ дар ин бора дар Паём қайд намудааанд: «Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем.».
Ман андешаҳои худро бо ин суханони рӯҳбахш хотима бахшида, ҳамватанонро даъват менамоям, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро пурра омӯзанд ва дар ҳаёт татбиқ намоянд. Ин Паём маҷмӯи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва амалӣ гаштани нақшаҳои дар он пешниҳодшуда боиси рушди кишвар, саодати ҳар сокини Ватани мо мегардад.
Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»