12 январи соли 2017 дар толори қасри нави Хонаи фарҳанги деҳоти «Лангари Шоҳ»- и ноҳияи Тоҷикобод Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагон вохӯрӣ ва суҳбат намуд.
Шукурҷон Зуҳуров дар атрофи дастовардҳо, ҳифзи истиқлолияту рушди Тоҷикистон ва нақшаю барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2017, дурнамои рушди кишвар, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сухан ронд.
Сипас, собиқадори меҳнат, собиқ мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Назрӣ Худоидодов, омӯзгор ва шоир Баён Хоҷа, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Лангари Шоҳ Сироҷиддин Нуров ва хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Капалӣ Фотимаи Аҳтам ба сухан баромада, пеш аз ҳама, ба Сарвари давлат барои дастгириву ғамхориҳои ҳамешагиашон арзи сипос намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки мардуми ноҳияи Тоҷикобод аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ мекунанд ва Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз медонанду барои дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат софдилонаву фидокорона меҳнат хоҳанд кард.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир Неъматулло Алиев