Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон соли хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин сол мардуми шарафманди кишвари офтобрӯяи мо дар фазои сулҳу осоиштагии комил 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтанд.
Соли 2016-ро метавон бо боварӣ соли пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаҳои нави рушду тараққиёт ва қадамҳои устувору созанда ба сӯи ояндаи босаодат маънидод кард.
Дар ин соли таърихӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои пурарзиш ва саривақтӣ анҷом дода шуданд.
Фаъолияти кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои сол то ба имрӯз андешидани силсилаи тадбирҳои муҳим дар роҳи ободонию шукуфоии беш аз пеши кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро фаро мегирифт.
Дар раванди беҳбудбахшии сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ифтитоҳи як зумра иншооти наву замонавии таъиноти гуногун, дидору вохӯриҳои судманд бо аҳли заҳмату сокинони зафарманди шаҳру ноҳияҳо, таҳлилу вазифагузорӣ дар машваратҳои корӣ, суҳбату мулоқотҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни сохтори давлатӣ ва ба имзо расонидани амру фармонҳои гуногунтаъинот нақши мусоид гузоштаанд.
Дар моҳҳои аввали соли 2016 бо иқдомоти ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар асоси ин қарорҳо ва ҷонибдории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор, ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Ҷиликӯл ба ноҳияи Дӯстӣ, ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун, ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулистон, шаҳри Чкалов ба шаҳри Бӯстон, ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич ва Обанбори Қайроққум ба Обанбори «Баҳри Тоҷик» табдил дода шуд.
Ҳар сол фаъолияти серҷабҳаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад ва баргузории сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, иштирок дар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ифтитоҳи иншооти наву замонавии таъиноти гуногун, боздидҳои расмию давлатӣ ва корӣ ба давлатҳои дигар, машваратҳои корию суҳбатҳои самимӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли заҳмат ва сокинони шарафманди мамлакатро фаро мегирад.
Бо ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сатҳи кӯча то марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба таври назаррас ободу зебо гардида, теъдоди зиёди иншооти маъмурию истиқоматӣ, хизматрасонию истеҳсолӣ ва дорои таъиноти дигари иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ва рушди бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа роҳандозӣ мегарданд.
Ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва тадбирҳои дигари хуррамгардонии мамлакат бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2016 дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи Қасри миллат оғози расмӣ бахшида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал, ҳамчунин, бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Хуросон ташриф бурда, дар маъракаи оғози бунёди Боғи намунавии ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ширкат варзиданд.
Ибтидои соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар расми ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ барои афсарону кормандони сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар пойтахти мамлакат, ҳамчунин, бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», телевизиони «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма, ки маҳз бо иқдоми Сарвари давлат сохтмонашон оғоз гардида буд, Маҷмааи бузурги тиҷоратии «Душанбе мол», корхонаҳои гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншооти гуногуни маориф ва боғчаҳои бачагона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82 оғоз гардид.
Дар самти беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат дар соли 2016 низ тадбирҳои судманд андешида шуданд. Баҳори ҳамон сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир аст.
Лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар солҳои шӯравӣ тасдиқ шуда, сохтмони он ба таъхир афтода буд. Бо дастгирии Роҳбари давлат ва ба туфайли соҳибистиқлолии мамлакат баъди беш аз 30 сол имкон фароҳам омад, ки лоиҳаи сохтмони марказ тибқи меъёрҳои муосир таҳия гардида, дар асоси он маҷмааи тандурустӣ ба истифода дода шавад.
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як маркази саломатӣ ва бинои панҷошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба оғози сохтмони бинои муосири истиқоматии 9-ошёна асос гузошта шуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолият ва таҷрибаи ибратбахши кишоварзон шинос шуданд. Ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи калони таъмини сокинони пойтахт ва атрофи он бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли ҳар чӣ зиёди маҳсулоти барвақтии воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди байналмилалии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат дар тантанаҳои ҷашнӣ ва Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок карда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Корхонаи бузурги истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Зарзамин» шинос шуданд ва дар хоҷагии деҳқонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба киштукори баҳорӣ оғоз бахшиданд.
Дар ҳамин рӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таълимии нав дар деҳаи Андарвашт ва Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардида, барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошта шуд.
Дар шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи корхона ва муассисаҳои хизматрасонӣ, бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр мавриди истифода қарор гирифта, дар ноҳияи Конибодом як корхонаи азими саноатӣ-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон» ба кор оғоз намуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваи қанд» аз наздик шинос шуда, ба корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 ба номи Камоли Хуҷандӣ, Кохи фарҳанг, чойхона ва дар шаҳри Гулистон Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуданд.
Тантанаҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории чорабиниҳои «Сайри гули лола» ва «Корвони наврӯзӣ» анҷом ёфтанд.
Дар давоми сол, ҳамчунин, сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастанд.
Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Роҳбари давлат, моҳи апрел, чорабиниҳои ифтитоҳи муассисаи таълимии нав, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон ва боғчаи бачагона, дар моҳи август Корхонаи истеҳсолии «Моҳирсемент», оғози сохтмони муассисаи таълимии нав барои 680 хонанда ва моҳи сентябр ифтитоҳи Корхонаи азими истеҳсоли криоллит, кислотаи сулфат ва алюминийи фтордор баргузор шуданд. Моҳи апрел дар шаҳри Норак гимназияи давлатӣ, ду муассисаи таълимии нав, истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500 кВ — НБО-и «Норак» бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Моҳҳои май ва август Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ташриф бурда, дар расми ифтитоҳи бинои истиқоматии 5-ошёна, бинои Нозироти андози шаҳр, Корхонаи металлҳои рангаи «Покрӯд», фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ва қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Пешвои миллат дар намоишгоҳи деҳоти «Ромит» бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш шинос шуда, бо вазъи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал дар мавзеи Канаски деҳоти «Ромит» ошноӣ пайдо карданд.
Ҳамчунин, дар моҳи июн сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сурат гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Дарвоз Президенти мамлакат бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуда, як зумра иншооти марбут ба маориф ва фарҳанг, нозироти андоз, Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм, биноҳои маъмурии мақомоти иҷроия, маҷмааҳои варзишӣ ва хатҳои оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони биноҳои 12-ошёна дар маркази вилоят — шаҳри Хоруғ ва муассисаи таълимии нав дар ноҳияи Ишкошим оғоз бахшиданд.
Бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят тантанаҳои ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор шуд ва Президенти мамлакат дар расми гузашти низомӣ ба ифтихори ин санаи фархунда ширкат варзиданд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки Пешвои миллат дар ҷараёни ин сафар, бо шароити хизматии Отряди сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим шинос шуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо мардум суҳбату мулоқотҳои самимӣ анҷом доданд.
Моҳи сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз ташриф бурда, дар деҳоти «Сағирдашт», як варзишгоҳ барои 400 ҷойи нишастро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони муассисаи таълимии нав барои 450 ҷойи нишаст оғоз бахшиданд. Сипас, дар ҳамин ноҳия Роҳбари давлат дар расми аз нав ба фаъолият оғоз кардани Қисми низомии 02011 Б-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа иштирок намуда, намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвозро тамошо карданд.
Охирҳои моҳи июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом дода, як қатор иншооти муҳими таъиноти гуногунро ифтитоҳ намуданд.
Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ биноҳои муассисаи нави таълимӣ, шуъбаи маориф, нозироти андоз ва хатти оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт. Сарвари давлат, ҳамчунин Қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияро аз назар гузаронданд.
Ба ноҳияи Варзоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 се маротиба ташриф бурда, ду маротиба дар расми ифтитоҳи иншооти наву замонавии Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара» ва маротибаи дигар дар намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат иштирок карданд.
Дар ин ноҳия моҳи июл бори аввал намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат дар чунин сатҳи баланд ва бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои чорводорон ва занбӯриасалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба тамошо гузошта шуда буд. Зимни боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара» дар ноҳияи Варзоб (моҳи август) меҳмонхонаҳои барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ, роҳҳои танобӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона мавриди истифода қарор дода шуданд.
Охири моҳи декабр дар Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара» бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Умуман, дар соли 2016 бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара» пурра навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ, сайёҳӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфт.
Дар моҳи август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бобарору самарабахш бо фарогири ифтитоҳи иншооти нав, оғози сохтмони иншооти дигар ва чорабиниҳои фарҳангии ҷашнӣ анҷом ёфт.
Дар ин рӯзҳои хотирмон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз намоиши театришудаи аҳли фарҳанги вилоят иборат буд, иштирок карда, шодию нишоти сокинони шарафманди вилоятро бо ҳузури худ афзунтар намуданд. Бояд хотирнишон сохт, ки моҳи ноябри соли 2016 Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ташриф бурда, дар шаҳри Сарбанд ба корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии Корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» оғози расмӣ бахшиданд.
Охири моҳи август дар таърихи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва пешрафту тараққиёти соҳаи саноати нассоҷии мамлакат таҳаввулоти назаррас ба вуқӯъ пайваст. Дар остонаи таҷлил аз ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ- Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии «Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир мебошад.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия Донишгоҳи давлатии Данғара ва як Маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони Меҳмонхонаи муосири «Дарё-2015», бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Беморхонаи бисёрсоҳавӣ санги асос гузоштанд.
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъмири пурра ифтитоҳ ёфт. Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 20 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд. Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва соли 1977 сохта шудааст. Расадхона аз соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифтааст, зеро саҳми он ва олимони соҳа дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ дар ҷаҳон назаррас аст.
Тантанаҳои марказонидашудаи ҷумҳуриявӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд доир гардиданд.
Ба ифтихори ин санаи фархундаю таърихии давлату миллат дар шаҳри Душанбе ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ, гузашти низомӣ, роҳпаймоӣ ва барномаи фарҳангии театришуда баргузор шуд. Дар роҳпаймоӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ 52 ҳазор нафар донишҷӯйи макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандону хизматчиёни сохторҳои давлатии мамлакат ширкат намуданд.
Моҳи сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафари корӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят биною иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо мардум суҳбату мулоқоти судманд баргузор намуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бинои истиқоматӣ дар маркази маъмурии ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагиро аз назар гузаронда, бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳия ва дастовардҳои кишоварзон, хусусан, дар соҳаи картошкапарварӣ, шинос шуданд.
Дар ноҳияи Зафаробод Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи Парчами миллӣ, муассисаи таълимии замонавӣ ва як коргоҳи ҳунаромӯзӣ расман ифтитоҳ гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» ва Корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида буданд, расман мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамин ноҳия, як муассисаи таълимии нави инноватсионӣ ва бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро ифтитоҳ намуда, дар шаҳри Бӯстон бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, дар шаҳри Хуҷанд Кохи ақди никоҳ, Кохи фарҳанги «Суғдиён», бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-ум ва Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта, дар роҳпаймоии идонаи сокинони вилоят бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Даҳаи сеюми моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои водии Рашт бо сафари корӣ намуданд.
Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор дар чорабиниҳои ифтитоҳи бинои Суди ноҳия ва маркази савдою хизматрасонӣ иштирок намуда, бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.
Дар ноҳияи Нуробод барномаи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири чорабиниҳои ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, боғчаи бачагонаи «Зебунисо» барои 140 нафар тарбиятгиранда, корхонаи коркарди ширу бастабандии равған ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия буд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод як меҳмонхонаи замонавӣ ва дар ноҳияи Лахш роҳи марказии ноҳия ва як бинои истиқоматии дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшида, намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзонро аз назар гузарониданд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт омада, нахуст бо намунаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияро ифтитоҳ намуда, дар боғи интенсивии «Пайванд-Рашт» бо ҳолати кори боғдорон ва дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт бо намунаи анъаноти мардум ва маҳсули дастони ҳунармандон шинос шуданд.
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт дар барномаи рангину бошукӯҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскорон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронии пурмуҳтаво намуданд.
Дар соли ҷашнӣ силсилаи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеи вилояти Хатлон сурат гирифтанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасор, бинои маъмурии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия ва варзишгоҳи марказии навбунёдро ифтитоҳ намуда, бо боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ва намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия ошно шуданд.
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, варзишгоҳ, майдони корти теннис ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо намунаи дастовардҳои заҳматкашон ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳия, кори боғдорони хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид шинос шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Кӯлоб ду муассисаи таълимии замонавӣ, Маҷмааи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ, маркази хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро ифтитоҳ намуда, ба корҳои сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, бинои минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва меҳмонхонаи муосири баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ оғоз бахшиданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ва намунаи дастовардҳои ҳоҷагидорони шаҳри Кӯлоб шинос шуда, оромгоҳи алломаи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Тантанаҳои бузурги ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб хотирмону бошукӯҳ баргузор шуданд.
Ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооти тақдирсози давлату миллат — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳам дар соли 2016 таҳти назорати қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Моҳи августи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафари корӣ намуда, бо корҳои таъмиру навсозии иншооти НБО-и «Роғун» шинос гардида, дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.
29 октябри соли 2016 дар мавзеи бунёди ин неругоҳи азим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори техникаи вазнини корӣ зиёда аз якуним соат барои дигар намудани маҷрои дарёи Вахш сангу шағал пеш карда, ба оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» асос гузоштанд, ки ин барои мардуми Тоҷикистон масъалаи ҳаёту мамот мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид бар он доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат карда, барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумла, баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.
Моҳи ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф бурда, дар расми ифтитоҳи Корхонаи азими металлургии тоҷик, як меҳмонхонаи замонавӣ, маркази хизматрасонӣ ва як кӯдакистон иштирок намуданд.
Сарвари давлат бо фаъолияти кишоварзони Корпоратсияи «Баракат» ва чорводорони хоҷагии навтаъсиси ба номи Абдурауф Юсуфов шинос шуданд.
Умуман, дар ин соли пурфайзу бобарор дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат биною иншооти нави таъиноти гуногун, корхонаҳои азими истеҳсоли семент, оҳану металлургӣ, маҳсулоти кимиёвӣ ва корхонаҳои бузурги нассоҷии дар мамлакат ва минтақа беназир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инҳо тадбирҳои муҳим дар роҳи таъмини рушди иқтисодии мамлакат ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ мебошанд, ки дар соли 2016 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуданд.
Ҳамчунин, дар ин сол иншооти дигари азим — роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар таъмини пайванди пойтахти мамлакат бо вилояти Хатлон нақши арзанда мегузорад.
Дар охири сол, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор доданд, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, доктори илмҳои таърих, профессор, Самариддини Айниддин, муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА, Аълочии матбуоти Тоҷикистон. АМИТ «Ховар»
(Давом дорад)