Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 16 январ дар нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои солҳои 2017 қайд намуд, ки соли сипаришуда ба марҳилаи якуми Суди Олӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 17 763 ариза оид ба баҳсҳои гражданӣ ворид гардид, ки 16 071 адади онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин, ба судҳо 41 583 ариза вобаста ба баҳсҳои оилавӣ ворид ва дар асоси онҳо 37 167 парванда баррасӣ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ба судҳо 10 571 парвандаи ҷиноятӣ ворид шуда, 10 ҳазору 40 адади он баррасӣ гардид.
Соли 2016 судҳои ҷумҳурӣ 8255 дархости мақомоти тафтиши пешакиро оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ ва маҷбуркунии мурофиавӣ баррасӣ намуданд. Дар ин давра вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 784 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 784 нафар баррасӣ гардид. Дар ин робита, аз 767 нафар, дар маҷмӯъ, ба маблағи 2 миллиону 427 ҳазору 590 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» судҳо 13918 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ карданд.
Ҷамъ, дар соли 2016 аз тарафи мақомоти судии кишвар 149274 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни судҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки 10 ҳазору 988 адад нисбат ба соли 2015 зиёд мебошад.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»