Дар ҳоле ки баъзе масъулини вазорату кумитаҳо бо «тавсия»-и ба ном котибони матбуотиашон нишастҳои хабариро ба ҷаласаҳои қолабӣ табдил дода, бо ҳар роҳу восита аз додани посухи қаноатбахш ба суолҳои журналистон дурӣ меҷӯянд, нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷанбаҳои мусбат ва қобили мулоҳиза дошт.
Аз сухани ифтитоҳии роҳбари он Раҷаббой Аҳмадзода маълум гардид, ки соли гузашта баҳисобгирии давлатии масоҳати заминҳо, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти хок, баҳодиҳии замин, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, бақайдгирӣ, барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ, таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои топографӣ- геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва деморкатсияи сарҳад аз самтҳои фаъолият буданд. Зикр шуд
, аз ҷониби кормандони Кумита ҳисобот оид ба масоҳати замин ва тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо, намудҳои замину заминистифодабарандагон дар ҳар як ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2017 ҷамъбаст ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шуд. Дар натиҷаи санҷишҳо соли 2016-ум 12830 га аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки аз он бо сабаби бад будани ҳолати мелиоративӣ 9181 га ва пешбурди ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 3649 гектарро ташкил медиҳад.
Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки соли 2016 аз ҳисоби заминҳои партов 844 га, чарогоҳ 595 га ва дигар заминҳо 99 га аз худ шуд. Ҳамрадиф бо ин, аз тарафи мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ, пахта, картошка ва кишти такрорӣ гузаронида шуд. Натиҷаи ченакҳои назоратӣ нишон дод, ки дар майдони 224618 га аз он 97347 га обӣ кишти зироатҳои тирамоҳӣ, 160596 га кишти пахта, 20699 га кишти картошка ва дар майдони 69852 га, аз он 69746 га обӣ кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Аз ҷониби кормандони ин ниҳод 13389 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, нисбат ба 12163 ҳолат дастур, 9235 ҳолат протокол тартиб дода, дар 9235 ҳолат гунаҳкорон ба маблағи 2 млн. 911 ҳазору 240 сомонӣ ҷарима шуданд.
Бо истифода аз фурсат аз Раҷаббой Аҳмадзода бобати номукаммалии қонунгузорӣ дар қисмати мубориза ба хариду фурӯши замин, ки дар матлабе чанде пеш дар рӯзнома баён шуд, пурсон шудем. Сухан сари он аст, ки барои муомилоти ғайриқонунии замин, аз ҷумла хариду фурӯш ва ғайра дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ бо моддаи алоҳида ва мушаххас пешбинӣ нашудааст. Аз ин лиҳоз, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба гунаҳгорони ин кирдор дар аксар маврид бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва судҳо бо ин меъёри қонуни ҷиноятӣ онҳоро гунаҳгор ва нисбаташон ҷазо таъин менамоянд. Дар посух зикр шуд, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб меҳвари фаъолият буда, илова намудани моддаи алоҳида, ки ба амалигардонии муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолати истифодаи самараноки замин мусоидат менамояд, муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»