Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ 4231,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл ба буҷет 3824,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 407,1 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба соли 2015-ум 207,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон зимни нишасти матбуотӣ, ки 17 январ баргузор гардид. Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда ба сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ воридоти қатораҳо нисбат ба соли 2015-ум 5583 адад ва воридоти воситаҳои нақлиёти бордор 7281 адад коҳиш ёфтааст.
Номбурда, ҳамчунин изҳор дошт, ки аз ҳаҷми умумии моли дар соли 2016 кам воридгардида қисми зиёди онҳо молҳое мебошанд, ки махзани асосии бозори андозбандишавандаро ташкил менамоянд ва тағйирёбии нархи мол дар бозори ҷаҳонӣ, махсусан номуназзамии нархи маҳсулоти нафтӣ, ба иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ бетаъсир намонд. Дар давраи мавриди назар танҳо аз ҳисоби коҳишёбии ҳаҷм ва арзиши 20 номгӯйи молҳои воридотӣ ба ҳисоби миёна 791 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида нашудааст. Дар баробари ин, коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки истеҳсолашон дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст (семент, қолин, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ, тухм, гӯшти мурғ ва ғайра) низ ба иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ боис шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»