Тавре маълум аст, дар таркиби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо якчанд комиссияҳои доимӣ амал мекунанд, ки саҳми онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи маҳаллӣ ва дар маҷмуъ кишвар, назаррас аст. Дар суҳбате, ки хабарнигорамон бо раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ оид ба иқтисод ва буҷет, раиси Ҷамоати шаҳраки «Сомониён» Муродбек Бобиев анҷом дод, атрофи фаъолияти Комиссияи мазкур сухан меравад.
- Қабл аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 12 марти соли 2012 панҷ комиссияи доимӣ- оид ба иқтисод ва буҷет, оид ба қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, оид ба саноат, сохтмон, коммуникатсия, савдо ва хизматрасонӣ, оид ба тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш, кор бо занон ва ҷавонон таъсис шудааст, ки фарогири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд, — гуфт Муродбек Давлатбекович.
- Чун самти фаъолияти комиссияи мо (оид ба иқтисод ва буҷет) ба ташаккули дурусти кори андоз, пешрафти иқтисоду ғанигардонии буҷет равона гардидааст, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни соҳибкорон бештар ба роҳ мондаем. Мо бояд ҳама шаклҳои андозситониро дар корхонаҳои нави истеҳсолӣ, саноатӣ, соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монем. Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани дурнамои буҷети ноҳия ҳама воситаҳо, аз ҷумла ҳиссаи андозе, ки ба буҷети ноҳия дохил мешавад, бояд ба ҳисоб гирифта шаванд, то ки он дуруст, аниқ, шаффоф ва иҷрошаванда бошад. Аз ин рӯ, зимни таҳияи буҷети навбатӣ имконоти воқеӣ бояд ба асос гирифта шавад. Ба ҳамин хотир, мо дар комиссия на танҳо ин самтҳоро таҳлил мекунем, балки кори ташкилоту муассиса, корхонаҳои саноатии ҳудуди ноҳияро, ки дуруст ба роҳ мондаанд ва намунаи ибратанд, мавриди омӯзиш ва дастгирӣ қарор медиҳем, — идома медиҳад мавсуф.
Мусоҳиби мо рушди ҳаматарафаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро аз фаъолияти пурсамари вакилони халқ вобаста дониста, таъсири онро дар ободонии ноҳия муассир мешуморад.
-Мутаассифона, ҳастанд корхонаю ташкилотҳое, ки андозро дар вақташ намесупоранд ё аз супоридани андоз саркашӣ мекунанд. Мо нисбати онҳо корҳои санҷишӣ гузаронида, аз натиҷаҳои он ба роҳбарияти Маҷлиси вакилони халқ, раиси ноҳия ва дигар мақомоти ваколатдор ҳисобот медиҳем. Дар ин робита махсус китоби қайдҳои Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисод ва буҷет ташкил карда шудааст, — гуфт ӯ ва афзуд: - Мувофиқи нақшаи корӣ, аъзои комиссия вазъи молиявии идораи байторӣ, шуъбаи маориф, гимназия барои бачагони болаёқатро санҷиданд. Дар давраи гузаронидани санҷиш роҳбарони ташкилотҳои мазкур С.Давлатов, Ҷ. Назаров, М. Юсупов ва сармуҳосибони онҳо иштирок доштанд. Мақсади гузаронидани санҷиш назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои барои ин муассисаҳо ҷудошуда, дар муҳлатҳои муқарраргардида пардохт намудани музди маош, пардохти андозҳо ва ғайра мебошад. Ба роҳбарони муассисаҳои санҷидашуда оид ба иҷрои мақсадноки буҷет маслиҳатҳои муфид дода шуданд.
Тибқи маълумоти додаи Муродбек Давлатбекович, ҳафт нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аъзои комиссияи онҳо мебошанд. Аъзои комиссия таври якҷоя ҳамасола дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия нақшаву чорабиниҳоро барои соли оянда тартиб медиҳанд, ки он дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимӣ муҳокима ва тасдиқ мешаванд. Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳим, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ, тадбирҳо меандешанд. Таҳлилҳои иқтисодию иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки Барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2010-2012 асосан иҷро шудаанд ва воситаҳои молиявии мавҷуда мақсаднок истифода гардидаанд. Ин имкон додааст, ки танҳо дар соли гузашта аз ҳисоби манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ 13 бинои мактаб барои 2400 ҷойи нишаст, 14 синфхонаи иловагӣ барои 450 ҷойи нишаст ба истифода дода, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 7 бинои мактаб бунёд карда шавад. Сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ, варзишию фарҳангӣ, хизмати коммуналӣ гувоҳи онанд, ки иқтисодиёти ноҳия дар сатҳи зарурӣ тараққӣ ёфта истодааст. Ин тамоюл дар солҳои наздик боқӣ мемонад ва омилҳои ғанӣ гардонидани буҷети ноҳия на танҳо барои ҳалли масоили иҷтимоӣ, балки маблағгузорӣ намудани соҳаҳои истеҳсолӣ низ, имконият медиҳад.
- Чун Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, дар ноҳия низ ба рушди ин соҳа маблағҳои зарурӣ равона карда мешаванд.
Буҷети ноҳия барои соли 2013 пурра моҳияти иҷтимоӣ дорад ва 89 фоизи маблағгузориҳо ба ин соҳа равона мешаванд. Чунончӣ, ба соҳаи маориф 68,8 фоиз, тандурустӣ 17,6 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг 2,6 фоизи маблағи буҷет ҷудо гардидааст, — мегӯяд Муродбек Бобиев.
- Айни замон Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисод ва буҷет таркиби андозҳоро омӯхта, ба чунин хулоса омадааст, ки минбаъд, якҷоя бо кормандони Раёсати молия ва нозироти андози ноҳия, барои сифатнок иҷро шудани корҳо дар ин самт ва ғанӣ гардонидани буҷет махсусан ба иҷрои қисми даромади он диққати ҷиддӣ дода шавад. Қобили зикр аст, ки ҳиссаи асосиро андоз аз молу мулки ғайриманқул, истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, соҳибони воситаҳои нақлиёт, боҷи давлатӣ ташкил медиҳанд. Бо истифодаи ин манбаъҳои андоз бисёр масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ роҳи ҳалли худро меёбанд, — иброз намуд дар охир Муродбек Бобиев.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»