Аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2017 зимни муоинаи такрорӣ гурӯҳи маъюбии 17864 нафар тасдиқи худро наёфт. Муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аз теъдоди зикршуда, бинобар расидан ба синну соли нафақа, 5017 нафар ба нафақа аз рӯи синну сол гузаронида шуданд. Иддае бинобар гирифтани табобат солим гардиданд. Пардохти нафақаи 12 847 нафари боқимонда, ки гурӯҳи маъюбиашон тасдиқ нагардид, қатъ шуд.
- Соли 2016 андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ 274 сомонӣ, нафақаи суғуртавӣ 284 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ 144 сомониро ташкил дод, — гуфт Назокат Одиназода. Дар маҷмӯъ, андозаи миёнаи нафақа дар мамлакат 272 сомониро ташкил намуд, ки ин дар муқоиса бо соли 2015- ум 42 сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд аст.
Соли сипаришуда бо мақсади таъмини пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ, касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва татбиқи дигар чорабиниҳо ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13,5 миллион сомонӣ ва барои солимгардонии кормандон, аъзои оилаи онҳо ва татбиқи дигар чорабиниҳои иттифоқи касаба ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 5,9 миллион сомонӣ гузаронида шуд.
Ҳамарӯза аз ҷониби сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо қабули шаҳрвандон ба роҳ монда, муроҷиатҳои хаттию шифоҳии онон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бо мақсади воқиф гардонидани шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ аз навовариҳо ва тағйиру иловаҳо ба қонунгузории соҳа дар сомонаи Агентӣ www. nafaka. ti маълумоти муфассал ҷой дода шудааст.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»