Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДЗТ ба омӯзгорони фанҳои дақиқ ниёз дорад

№№7(3644) 24.01.2017

Раҷабзода М. ректори ДДЗТРектори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода аз норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, дар нишасти матбуотӣ (18 январи соли 2017) ёдовар шуд.

Дар донишкада 4 факултет – забонҳои романию германӣ, забонҳои шарқ, филологияи тоҷик ва филологияи рус амал карда, фарогири 27 ихтисос мебошад.

Донишкада тӯли 37 сол тариқи тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар рушду нумӯи маориф саҳми арзанда гузошт. Ҳоло 181 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки 50 нафар соҳибунвон мебошанд. Шумораи донишҷӯён 3 ҳазору 43 нафарро ташкил дода, раванди таълим дар донишкада хуб ба роҳ монда шудааст. Таъсиси се кафедраи нав – адабиёти рус ва ҷаҳон, романӣ ва германӣ ва англисӣ ва муоширати касбӣ, синфхонаҳои лингофонӣ шаҳодати ин гуфта аст.

- 15 нафар омӯзгор аз хориҷи кишвар ба тадриси забонҳои алоҳида машғул буда, 64 нафар донишҷӯ дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ барои идомаи таҳсил сафарбар шудаанд. Тасмим гирифтем, ки аз соли нави хониш таълими забони ҳиндиро ба роҳ монем, — изҳор дошт Маҳмадулло Раҷабов.

А. Мирзозода, «Садои мардум»