Хоҳишмандам дар бораи асосҳои конститутсионии таъминоти нафақаи шаҳрвандон, мавқеи он дар сиёсати иҷтимоии давлат ва зарурати гузариш ба низоми суғуртавии таъминоти нафақа маълумот диҳед.
- Таъминоти нафақа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, аз муқаррароти моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва мақсади асосии он таъмини кафолати иҷтимоии шаҳрвандон дар пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳимияти низоми таъминоти нафақа дар он арзёбӣ мегардад, ки ба ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла ба шаҳрвандоне, ки нафақагир мебошанд ва инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта, кору фаъолият доранд ва барои пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа бояд меҳнат намоянд, дахл дорад.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани таъминоти нафақаи шаҳрвандон то 1 январи соли 1994 дар асоси қонунгузории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ идома ёфт. Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсии мамлакат ва таъсис ёфтани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро ба инобат гирифта, барои ташаккули низоми таъминоти нафақа ва фароҳам овардани заминаҳои қонунгузории соҳа тадбирҳои зарурӣ андешид ва 25 июни соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки аз 1 январи соли 1994 мавриди амал қарор гирифт. Тибқи талаботи қонуни мазкур, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд, ки дар маҷмӯъ низоми таъминоти нафақаро фароҳам оварданд. Марҳила ба марҳила барои мукаммалсозии низоми қонунгузории соҳа ва мутобиқ намудани он ба талаботи замон ва имкониятҳои иқтисодии мамлакат чанд маротиба ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид шуд. Аммо ҷараёни гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ ва тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷомеа, аз ҷумла рушд ёфтани бахши хусусӣ, нишон дод, ки низоми таъминоти нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо принсипи ҳамраъйӣ асос ёфтааст, аз талаботи замони муосир қафо монда истодааст ва ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад. Яъне, аз рӯи музди миёнаи меҳнати ду соли охир ё панҷсолаи интихобӣ таъин намудани нафақа ба саҳми гузоштаи шаҳрванд ба низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мувофиқ набуда, сарбории буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро марҳила ба марҳила зиёд намуд. Барои мутобиқ намудани андозаи нафақа ба саҳми суғуртавии гузоштаи шаҳрвандон чанд маротиба тавассути такмили қонунгузории соҳа меъёрҳои маҳдудкунанда дар андозаи нафақаҳо ворид карда шуданд, вале ин ҳам роҳи ҳалли масъала набуд. Дар баробари ин, дигар давлатҳои аъзои ИДМ, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа ҳамкории зич доранд, бо дарназардошти таҳаввулот дар муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, ба ислоҳоти соҳаи нафақа шурӯъ намуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мақомоти ваколатдори давлатиро вазифадор намуд, ки дар заминаи омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ба ислоҳоти соҳа шурӯъ намояд ва дастур дода шуд, ки низоми таъминоти нафақа тавре ташаккул дода шавад, ки бо принсипҳои суғуртавӣ асос ёфта, андозаи нафақаи шаҳрванд ба андозаи саҳми суғуртавии барои ӯ пардохтшуда (ё худи ӯ пардохтнамуда) мувофиқ бошад ва дар баробари ин, ба ҳавасмандии шаҳрвандон барои иштироки фаъол дар ин низоми суғуртавӣ ҷиҳати дар оянда ҳуқуқ пайдо намудан ба нафақа дар сатҳи арзанда, мусоидат намояд. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул шуд, ки 12 январи соли 2010 таҳти №595 ба имзо расид.
Татбиқи қонун, дар баробари ислоҳоти низоми таъминоти нафақа, инчунин, таҷдиди низоми идоракунии соҳаро тақозо менамуд. Мебоист то мавриди амал қарор гирифтани он масъалаҳои вобаста ба татбиқи он, аз ҷумла, муайян намудани салоҳият, вазифа ва сохтори мақомоти давлатӣ, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, таъин, индексатсия ва пардохти нафақаҳоро амалӣ менамояд, таҷдиди назар шуда, таъин, маблағгузорӣ ва пардохти нафақа ба салоҳияти як сохтор вогузор мешуд ва заминаҳои моддӣ, техникӣ ва кадрии он мустаҳкам мегардид. Бо ин мақсад, соли 2012 сохтори собиқ Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷдид ёфта, масъалаҳои таъини нафақа аз зиммаи раёсатҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ба зиммаи раёсату шуъбаҳои Агентии мазкур вогузор гардид ва чанд санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуд.
Ҷиҳати марҳила ба марҳила татбиқ намудани ислоҳоти низоми таъминоти нафақа аз 1 январи соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дода шуд. Яъне, дар низоми таъминоти нафақаи шаҳрвандӣ дар як вақт ду қонун — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амал намуд.
- Ба гирифтани нафақаҳои суғуртавӣ кадом категорияҳои шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ?
- Шаҳрвандоне, ки на камтар аз 60 моҳ (ба истиснои нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо) собиқаи суғуртавӣ дошта бошанд. Собиқаи суғуртавӣ даврае ба ҳисоб меравад, ки аз музди меҳнат ва даромади дар ин давра бадастовардаи шаҳрванд саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (яъне, андозҳои иҷтимоӣ) ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пардохт шуда бошад.
Нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо дар сурати доштани собиқаи суғуртавии зарурии барои ҳамон категория пешбинишуда ва расидан ба синни нафақавии муқарраршуда таъин карда мешаванд.
- Нафақаҳои суғуртавӣ аз чанд қисм иборатанд? Он қисмҳо бо кадом тартиб ҳисоб карда мешаванд ва аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мегарданд ?
- Таркиби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ аз қисмҳои зерин иборат мебошад:
- қисми суғуртавӣ;
- қисми захиравӣ.
Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон танҳо аз қисми суғуртавӣ иборат мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ки 90 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағи андози иҷтимоии 25-фоиза муқаррар шудааст, маблағгузорӣ мешавад. Яъне, ҳангоми ҳисоб намудани андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ 90 фоизи тамоми саҳмҳои суғуртавии аз соли 1999 инҷониб барои корманд ё бевосита аз ҷониби худи корманд пардохтшуда, ки дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии ҳар як шаҳрванд ташаккул ёфтааст, муайян карда мешавад.
Зимни ҳисоби қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ маълумоти моҳ ба моҳи музди меҳнат ё даромади шаҳрванд ба асос гирифта мешавад. Тавре шаҳрвандон иттилоъ доранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 низоми баҳисобгирии инфиродӣ ҷорӣ шудааст ва барои ҳар як шаҳрванд, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор мегирад, рақами мушаххаси суғуртавӣ дода шуда, суратҳисоби инфиродӣ кушода мешавад. Аз рӯи талаботи қонунгузории соҳа, бояд дар суратҳисоби инфиродии шахс тамоми маълумоти музди меҳнат ва даромади суғурташудаи шахс инъикос шаванд ва зимни муроҷиат барои таъини нафақа маҳз ҳамин маълумотҳо истифода бурда мешавад.
Собиқаи кории шаҳрвандон, ки ба давраи то 1 январи соли 1999 рост меояд, тибқи талаботи моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва бо тартиби пешбининамудаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015, №551 «Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ» конвертатсия карда шуда, бо пул ифода карда мешавад. Зимни конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрванд барои ҳар як моҳи пурраи фаъолияти кории ӯ, ки то 1 январи соли 1999 рост меояд, маблағи сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида, дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешаванд.
Бо мақсади нигоҳдорӣ аз беқурбшавӣ ва ҳифзи қобилияти харидорӣ маблағи дар суратҳисоби инфиродии шаҳрванд ба ҳолати рӯзи муроҷиаташ барои таъини нафақа ташаккулёфта тибқи талаботи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва бо тартиби пешбининамудаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №588 «Дар бораи Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ» индексатсия карда мешаванд. Маблағи бо дарназардошти индексатсия ҳосилшуда, ки сармояи шартии нафақавӣ ном дорад, ба давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017-ум 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017-ум 180 моҳ муқаррар гардидааст, тақсим карда, андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ ҳосил мешавад.
Дар мавриди ҳисоби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон бошад, барои муайян намудани нафақа ба аъзои ғайриқобили меҳнати оила саҳмҳои суғуртавии саробон ба инобат гирифта мешаванд ва андозаи нафақа аз рӯи он муайян мешавад. Яъне, агар саробони фавтида на камтар аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ дошта бошад, ба аъзои оилаи ӯ, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ доранд, нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъин карда мешавад.
Қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ бошад, аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоии инфиродие, ки ба андозаи 1 фоиз корманд бевосита аз музди меҳнаташ дар давраи фаъолияти меҳнатӣ пардохт намудааст, бо дарназардошти даромад аз сармоягузории онҳо дар бонкҳо муайян карда мешавад. Яъне, маблағҳои андухти нафақавии шаҳрвандон (1-фоиза) дар бонкҳо сармоягузорӣ мегарданд ва бо дарназардошти даромади бадастомада ҳар сол индексатсия мешаванд.
Барои муайян намудани андозаи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ маблағи умумии андухти нафақавӣ, ки бо дарназардошти индексатсия аз рӯи даромад аз ҳисоби сармоягузории онҳо ба ҳолати рӯзи муроҷиат муайян карда шудааст, ба шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва пас аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ муқаррар шудааст, тақсим карда мешавад.
Дар сурате ки андозаи маблағи ҳосилшуда ба даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида баробар ё аз он зиёд бошад, дар ин маврид маблағи мазкур ҳамчун қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ муқаррар карда мешавад.
Барои муайян намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ё аз рӯи маъюбӣ маблағи муайянгардидаи қисми суғуртавӣ бо маблағи муайянгардидаи қисми захиравӣ ҷамъ карда мешавад. Дар сурате ки андозаи андухти нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, дар ин маврид маблағи мазкур якдафъаина бо тартиби муайянгардида ба нафақагир пардохт карда мешавад. Аммо тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ дар ҳолати мавҷуд будани маблағи андухти нафақавӣ, пас аз расидан ба синни ниҳоии нафақа ҳисоб, муқаррар ва пардохт карда мешаванд.
Агар дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташудаи вафоткарда маблағи андухти нафақавӣ ҷамъ шуда бошад, маблағи мазкур ба ворисонаш якдафъаина ҳисоб ва пурра пардохт карда мешавад.
Қонуни дар боло зикргардида, ҳамчунин, бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ барои ҳар як намуди нафақаи суғуртавӣ вобаста аз собиқаи суғуртавӣ, дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ ва аъзои ғайри қобили меҳнати оила ҳадди камтарини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ, ки кафолати давлатӣ мебошад, пешбинӣ шудааст.
- Нафақаи заминавӣ чӣ гуна нишондиҳанда мебошад, дар асоси кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда шудааст ва андозаи он айни замон чанд сомониро ташкил менамояд ?
- Нафақаи заминавӣ ин нишондиҳанда барои ҳисоби андозаи камтарини қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо ба нафақаҳо мебошад. Андозаи нафақаи заминавӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва айни замон андозаи он 156 сомониро ташкил менамояд.
- Ба гирифтани нафақаҳои давлатӣ кадом категорияи шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ?
- Шаҳрвандоне, ки аз 60 моҳ камтар собиқаи суғуртавӣ доранд, дар ҳолати ба синну соли нафақавӣ расидан ё маъюб эътироф гардидан ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ таъин карда мешавад. Дар мавриди таъини нафақа барои маҳрум шудан аз саробон низ чунин талабот татбиқ мешавад. Яъне, агар саробони фавтида аз 60 моҳ камтар собиқаи суғуртавӣ дошта бошад, ба аъзои оилаи ӯ нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъин карда мешавад.
- Иловапулиҳое, ки ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ муқаррар гардидаанд, андозаи онҳо чӣ қадарро ташкил менамояд ?
- Мувофиқи моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ (иҷтимоӣ) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба категорияҳои зерин иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд:
- ба иштирокчиён ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар;
- ба иштирокчиён ва маъюбони рафъи оқибати садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ;
- ба маъюбони гурӯҳи I, ки маъюбиашон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват фаро расидааст;
- ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доимӣ истиқомат мекунанд;
- ба шахсоне, ки на камтар аз 15 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд;
- ба маъюбони гурӯҳи I ва гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ, ки кор намекунанд;
- кӯдакони маъюби то 18-сола;
- ба маъюбони гурӯҳи II, ки кор намекунанд ва маъюбиашон дар натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбии даъватӣ ба амал омадааст.
Андозаи иловапулиҳо аз 50 то 150 фоизи нафақаи заминавиро ташкил менамоянд.
- Оё дар низоми нави таъминоти нафақа тартиби таъминоти нафақаи шахсоне, ки ба соҳибкорӣ машғул мебошанд, ба инобат гирифта шудааст ?
- Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мафҳуми умумии шахсони суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ истифода мешавад. Имрӯз тартиби пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ муайян гардидааст ва шахсони зикршуда низ дар сурати доштани собиқаи суғуртавии зарурӣ ба нафақаҳои суғуртавӣ ҳуқуқ доранд.
- Андозаи нафақаҳои суғуртавие, ки таъин гардидаанд, оё индексатсия мешаванд ва бо кадом тартиб ?
- Мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №588 «Дар бораи Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ» қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ҳар сол як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ дар соли молиявии гузашта индексатсия мешаванд.
Индексатсияи нафақаҳо ва муайян намудани фоизи индексатсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Индексатсия нисбати қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавие татбиқ карда мешавад, ки андозаи онҳо то 15-каратаи нафақаи заминавии муқарраршударо ташкил менамоянд.
- Имрӯз дар бозори меҳнат кормандоне ҳастанд, ки даромад ба даст меоранд, аммо барои онҳо корфармо андози иҷтимоӣ пардохт наменамояд ва табиист, ки онҳо оянда нафақаи иҷтимоӣ мегиранд ва ин сарбории буҷети давлатӣ мегардад. Чӣ бояд кард, ки ин зумра ба суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд ?
- Бо мақсади паст кардани шиддати шуғли ғайрирасмӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №104 «Дар бораи Барномаи маҷмӯии паст кардани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» ба тасвиб расидааст. Тибқи барномаи мазкур, як қатор тадбирҳои иттилоотонии аҳолӣ оид ба оқибатҳои таъсири манфии шуғли ғайрирасмӣ ва заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими масъалаи мазкур пешбинӣ гардидааст ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар ин самт чораҳои мушаххас андешида истодаанд. Дар низоми суғуртавии таъминоти нафақа низ яке аз масъалаҳои муҳим ин, пеш аз ҳама, воқиф намудани аҳолӣ аз шарту меъёрҳои қонунгузории соҳа мебошад. Бо ин мақсад Агентӣ пайваста чорабиниҳои фаҳмондадиҳии муқаррароти низоми нави таъминоти нафақаро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ мемонад. Дар оянда низ барои ба таври васеъ амалӣ намудани чорабиниҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва воқифии онҳо аз қонунгузории соҳа чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»