МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Гурӯҳе иборат аз се нафар, бо роҳбаладии сокини деҳоти Турдиев Азизулло Раҷабов, маъруф бо лақаби Ҳоҷӣ Пиёда, барои зиёрати мазори Бобои Одам, ки аз рӯйи ривоятҳои таърихию динӣ дар кӯҳҳои Сарандеби Шри-Ланка қарор дорад, ба сафар баромаданд. Ёдовар мешавем, ки Азизулло Раҷабов то имрӯз ду маротиба ба Маккаи Мукаррама пиёда сафар намуда, Хонаи Худоро зиёрат кардааст. Ҳангоми ин сафарҳо дидани садҳо ҷойҳои таърихию муқаддас, аз қабили мақбараи Робиаи Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Навоӣ, Хайём, Фирдавсӣ ба ӯ муяссар шудааст.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон