Туҳфа дар «Соли ҷавонон»

№8 (3645) 26.01.2017

тухфаТуфайли талошу заҳматҳои содиқонаи мардуми кишвар таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гардида истодааст.

Аз ҷумла, дар шаҳри Конибодом шумораи биною иншооти зебою муҳташам торафт афзоиш меёбад.

Тавре масъули маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр Парвина Абдуллоева хабар дод, дар оғози «Соли ҷавонон» дар маркази Конибодом Маҷмааи наву муосири варзишӣ ба кор шурӯъ кард, ки аз толорҳои варзиши умумӣ, бокс ва фитнес-клуб иборат буда, бо харҷи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ — бародарон Ҷамшед ва Дилшод Назаровҳо бунёд гардидааст.

Ба ин муносибат чанде пеш дар саҳни варзишгоҳи марказии «Ҷаҳонгир» ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан  Раҷабов, гурӯҳи меҳмонон аз пойтахти кишвар, собиқадорон, варзишгарон ва ҷавонон иштирок намуданд.

Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба ин муносибат иштирокдоронро шодбош гуфт.  Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабов, собиқадори варзиш Аббосхон Маҳмудов, варзишгари ҷавон Дилафрӯз Курматова ба сухан баромада, аз ин иқдоми наҷиб арзи хушнудӣ карданд.

Қобили қайд аст, ки дар иншооти мазкур  20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ дар оянда ният доранд, ки боз ҳавзи варзишӣ, толори варзишии гимнастикӣ, шоҳмот ва корти теннисро низ сохта, ба истифода диҳанд.

 

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»